Кадом кишвар шарики ҷурми давлати Минёмор дар куштори мусалмонон аст? (Санад)

Рӯзномаи “Ҳоаретс” дар гузориши 6 сентябри худ мустанадотеро дар мавриди ҳамкории васеъи “Исроил” бо артиши ҷинояткори Миёнмор ироа дод. “Ҳоаретс” дар ин гузориш дар мавриди ҳимояти таслеҳотии ин режим аз артиши Миёнмор навишт:

Акнун рафтори хушунатомези артиши Миёнмор нисбат ба мусалмонони минтақаи Руҳингиё шиддат ёфта ва тасовири моҳвораии Созмони Милали Муттаҳид гӯёи ин аст, ки 600 ҳазор нафар аз мусалмонони устони Рохин пас аз оташ зада шудани манозилашон ва куштори васеъ пинҳон ва бепаноҳ шудаанд. Аммо ҳеч кадом аз инҳо, кучактарин тағйире дар сиёсатҳои Вазорати дифои Исроил эҷод накардааст ва алорағми эътирозҳои байналмилалӣ, ҳамчунон фурӯши силоҳ ба Миёнмор идома дорад. Гулӯлаҳое, ки дар ихтиёри артиши Миёнмор қарор мегирад, харҷи ҳадаф қарор додани занҳо ва кӯдакони мусалмони он кишвар мешавад, ки аз он ҷумла метавон ба ёфтани ҷанозаи 26 нафар — шомили 12 кӯдак — дар рӯдхонаи Ниф дар марз байни Банглодеш ва Миёнмор ишора кард. Зоҳиран ин афрод қасди фирор ба Банглодешро доштанд, ки ҳадафи гулӯлаи артиши Миёнмор қарор мегиранд.”

Ин рӯзнома идома дод: “Гузоришҳои намояндаи вежаи Созмони Милал дар Миёнмор ва гурӯҳи пажӯҳишгарони Донишгоҳи Ҳорворд ҳокӣ аз он аст, ки Исроил ҳомии аслии артиши Миёнмор дар ҷиноят алайҳи мусалмонон аст. Аммо Исроил ҳамчунон ба фурӯши силоҳ ба он идома медиҳад. Собиқаи шурӯъи ҳамкории низомӣ байни ду тараф, аз сентябри 2015 шурӯъ мешавад. Замоне, ки женерол Мин Онг Ҳоин — яке аз афсарони баландмартабаи артиши Миёнмор, барои дидор аз амокини низомии Исроил ва хариди таслеҳот ба онҷо сафар ва аз пойгоҳҳо ва сомонаҳои Элбит ва Элто дидор кард. Ҳамчунин, дидори Мишел бен Борух -муовини хориҷии вазири дифои Исроил — аз Миёнмор дар тобистони 2015, ба қасди тавофуқ бар сари ҷузъиёти муомила буд. Дар он дидор, ки баъдҳо тавассути артиши Миёнмор ва таҳти фишори расонаҳои байналмилалӣ “фақат бахше аз ҷузъиёти он” ифшо шуд, женероли миёнморӣ гуфтааст: “Мо дар ин дидор тасмим ба хариди қоиқҳои гаштзании “Супер Дивуро” ва харидҳои дигар кардем”.

Ҳоаретс” афзуд: “Августи 2016 буд, ки ширкати низомии исроилии “TAR Ideal Concepts”, ки мутахассиси омӯзиши низомӣ ва фурӯши силоҳ ба кишварҳои дигар аст, тасовиреро аз силоҳҳои исроилии нерӯҳои артиши Миёнмор бар рӯи вебсойти худ қарор дод. Дар бахши болоии тасовир қайд шуда буд: “Курнершот” (навъе мусалсали исроилӣ) дар хидмати нерӯҳои амалиёти вежаи Миёнмор”. Илова бар ин, раиси ин ширкат раиси пулиси собиқи Исроил бо номи Шлому Оҳорунишкӣ аст.”

Тасвири боло марбут ба таърихи 10 августи 2016 аст. Аммо дар тасвире, ки дар зер мебинед, унвон тағйир ёфтааст. Ширкати мазкур ахиран унвони “Курнершот (навъе мусалсали исроилӣ) дар хидмати нерӯҳои амалиёти вежаи Миёнмор”-и ҳамон сафҳаро пас аз фишорҳои байналмилалӣ мабнӣ бар ҳимояти таслеҳотии режими саҳюнистӣ аз артиши Миёнмор, аз сафҳаи мазкур ҳазф кардааст.

Ин рӯзнома дар поён овардааст: “Пас аз ин ки чанде пеш як додхост аз сӯи ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ мабнӣ бар фурӯши силоҳ ба артиши Миёнмор ба додгоҳи Исроил ироа шуд ва дар он ба куштори васеъи мусалмонон ишора гардид, Овигдур Либерман — вазири дифои Исроил — ин амрро комилан як амри диплумотик донист ва додгоҳи олиро таҳдид ба канорагирӣ аз парванда кард. Дар 5 июни имсол буд, ки Либерман дар посух ба суолҳои Томор Зондберг посух дод: “Мо мутеъ ва пайрави кишварҳои бузурги ғарбӣ дар фурӯши силоҳ ба ҳамаи кишварҳо ҳастем. Бузурги мо Омрикост ва мо роҳи ин кишварро идома медиҳем.” Агар аз ҳайси таърихӣ ба изҳороти вазири дифои Исроил нигоҳ кунем, ӯ рост мегӯяд. Чаро ки ҳамин Исроил буд, ки дар ҷараёни ҷиноёти ҷангӣ дар Оржонтин ва ё ҷиноёти сербҳо бар алайҳи бусниёиҳо, дар ихтиёри сербҳо силоҳ қарор медод.”

Гуфтанист, ки пеш аз ин, бисёре аз расонаҳо аз ҷумла рӯзномаи Индипендент муддаии фурӯши таслеҳот аз сӯи Исроил ба Миёнмор шуда буданд. Вебсойт “Ситизен”-и Ҳинд ҳам дар баррасии рафтори режими саҳюнистӣ дар қиболи куштори Миёнмор навишт: “Дар ҳоле, ки кишварҳои ғарбӣ фурӯши ҳар гуна силоҳ ба артиши ҷинояткори Миёнморро мамнӯъ ва таҳрим кардаанд, Исроил дар ҳоли фурӯши силоҳ ба он аст. Ин амр ҳам бисёр машкук аст ва метавонад дар ҳамоҳангӣ бо Омрико сурат гирифта бошад ва ҳам гузоришҳо, хеле чизҳоро ба мо собит мекунад. Дар гузориши 2 ҳазор сафҳаии нашрияи англисии Jane’s Intelligence Review ба ҳимояти ҳамаҷонибаи таслеҳотии Исроил аз артиши Миёнмор ба таври комил пардохта шудааст. Исроил аз даҳаи 1990 ба фурӯши аслиҳа ба Миёнмор оғоз кард. Баъдҳо, ҷангандаи F-7 ҳам дар ихтиёри Миёнмор қарор дод. Соли 2005 низ 150 худрави зиреҳпӯш аз сӯи Исроил ба Миёнмор фурӯхта шуд. Нуктаи ҳоизи аҳаммият ин аст, ки ин ҳимояти таслеҳотӣ аз соле, ки ҷанги дохилии Миёнмор шакл гирифт, оғоз шуд ва то соли 2005 яъне поёни ин ҷанги дохилӣ идома дошт; ҷанге, ки 300 ҳазор кушта бар ҷой гузошт.”

Акнун дар даҳаи дуввуми қарни 21-ум, ин ҳамкорӣ ҳамчунон идома дорад ва дар гузориши июли 2017-и Созмони афви байналмилал метавон намунаҳои бешумори истифода аз абзори саркӯби хиёбонии сохти Исроил тавассути пулиси Миёнморро мушоҳида кард. Дар гузориши мазкур омадааст, ки Миёнмор суфориши сохти гозҳои ашковар ва мошини обпоши зиддишӯришро ба Исроил додааст. Таҷҳизоте, ки дар ҷараёни эътирозоти ду соли ахири ин кишвар, мӯҷиби марги бисёре аз занону кӯдакон шудааст.

Mashreghnews



Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: