Намояндаи порлумон: “Эрон мусалмонони Миёнморро кӯмаки таслиҳотӣ намояд”

Як намояндаи порлумони Эрон бо баёни ин ки “бояд тадобире андешида шавад, то мусалмонони мазлуми Миёнмор мусаллаҳ шуда ва битавонанд дар баробари ҳуҷуми бераҳмонаи муздурони давлатӣ ва ифротиёни будоӣ аз худ дифоъ кунанд” гуфт: “Эрон метавонад бо кӯмаки кишвари бузург ва таъсиргузоре монанди Туркия, дар заминаи эҷоди нерӯи низомӣ барои кӯмак ба мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор иқдом кунад.”

Ҳусайналӣ Ҳоҷидилигонӣ, намояндаи порлумони Эрон, дар гуфтугӯ бо Tasnimnews, бо ишора ба ҷиноёти давлати Миёнмор алайҳи мусалмонони мазлуми ин кишвар, изҳор дошт: “Рафтори имрӯзи созмонҳои байналмилалӣ дар мувоҷеҳа бо куштори мардуми мазлуми Миёнмор таноқузи ин созмонҳоро бармало кардааст. Созмонҳое, ки барои марги як ҳайвон ашки тимсоҳ мерезанд, дар қиболи куштори мусалмонони мазлум дар кишваре, ин гуна сукути маргбор дар пеш гирифтаанд.”

Вай афзуд: “Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ва дар раъси онҳо Созмони Милал, ба далели ин ки таҳти назар ва фармони чанд абарқудрат ҳастанд, наметавонанд дар баробари ин гуна ҷиноёти фаҷеъ аксуламали мустақил нишон диҳанд.”

Ин намояндаи порлумони Эрон, бо баёни ин ки “сарони кишварҳои исломӣ бояд аз тамоми зарфиятҳои худ дар мутаваққиф кардани хушунатҳо алайҳи мусалмонони мазлуми Миёнмор истифода кунанд”, тасреҳ кард: “Сарони кишварҳои исломӣ ҳамон тавр, ки имрӯз ташаккулҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ ташкил додаанд, бояд дар пайи эҷоди ташаккули муштараки низомӣ ба манзури дифоъ аз маҳрумин ва мустазъафони ҷаҳон бавежа мусалмонони мазлуми Миёнмор бошанд. Ҳамчунин бояд тадобире андешида шавад, то мусалмонони ин манотиқ мусаллаҳ шуда ва битавонанд дар баробари ҳуҷуми бераҳмонаи муздурони давлатӣ ва ифротиёни будоӣ аз худ дифоъ кунанд.”

Вай идома дод: “Эрон метавонад бо кӯмаки кишвари бузург ва таъсиргузоре монанди Туркия, иқдомоти мусбате дар заминаи эҷоди нерӯи низомӣ барои кӯмак ба мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор анҷом диҳад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: