Холиди Муҳаммадсаъид дар нишасти САҲА: “Авангард” ва “Созандагони Ватан” харобкор ва сӯзанда ҳастанд, на созанда”

Дар дуввумин рӯзи нишасти САҲА дар Варшав, ки ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои узви ин созмон ихтисос дошт, Холиди Муҳаммадсаъид, фаъоли сиёсии тоҷик, дар мавзӯи “Ҷойгоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон” суханронӣ кард. Вай бо ишора ба ду гурӯҳи вобаста ба ҳукумат яъне “Авангард” ва “Созандагони Ватан”, гуфт: “Ҳукумат ба аъзои ин ду гурӯҳ ин ҳақ ва озодиро дододааст, ки дар назди хонаҳои мухолифон даст ба тазоҳурот бизананд, ба онҳо санг партоб кунанд ва дигар фишорҳоро болои аъзои хонаводаҳои мухолифин анҷом диҳанд.”

Ӯ, бо баёни ин ки “мудофеъон ва фаъолони ҳуқуқи башар дар кишварамон барои фаъолиятҳояшон баҳои сангин мепардозанд” гуфт: “Мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба як падидаи бисёр манфӣ дар робита ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷалб кунам. Дар Тоҷикистон бархе созмонҳои вобаста ба ҳукумат ҳастанд, ки худро ҷузъе аз ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифӣ мекунанд, вале дар асл ҳадафашон дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон набуда, балки саркӯби мухолифин ва дигарандешон ва хонаводаҳояшон аст, ки ин боис мешавад ҳуқуқи бисёре аз шаҳрвандон поймол шавад.”

Вай афзуд: “Масалан, гурӯҳи “Авангард” ва “Созандагони Ватан”, ки бахше аз ҳизби ҳоким аст. Ҳукумат ба аъзои ин ду гурӯҳ ин ҳақ ва озодии комилро дододааст, ки дар назди хонаҳои мухолифон даст ба тазоҳурот бизананд, ба онҳо санг партоб кунанд ва дигар фишорҳоро болои аъзои хонаводаҳои мухолифин анҷом диҳанд.”

Холиди Муҳаммадсаъид афзуд: “Ҳамчунин, ин гурӯҳҳои вобаста ба ҳукумат, дар назди сафоратхонаҳо алайҳи мухолифине, ки дар Аврупо қарор доранд роҳпаймоиҳои эътирозӣ ташкил мекунанд. Соли гузашта аъзои ин ду гурӯҳ дар назди дафтари САҲА дар Хуҷанд ва Душанбе тазоҳурот барпо карда ва баргардондани мухолифин аз кишварҳои аврупоиро дархост намуда буданд.”

Ин фаъоли сиёсии тоҷик, дар бахше дигар аз суханони худ, бо баёни ин ки “ҳукумати Тоҷикистон сиёсати тарсонданро дар баробари мухолифони худ пеш гирифтааст” гуфт: “Дар ҳоле ки ҳукумат ба мухолифони худ тамғаи “террористӣ” гузоштааст, худаш нисбат ба онҳо аз равишҳои воқеан террористӣ ва эктримистӣ истифода мебарад.”

Ӯ дар поёни суханони худ гуфт: “Гурӯҳи “Авангард” ва “Созандагони Ватан” на пешоҳанг аст ва на созанда, балки шоиста аст номашон пасоҳанг ва сӯзандаи ватан гузошта шавад.”

 



Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: