Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду се рӯз пеш ва дар остонаи баргузории нишасти давраии САҲА дар Варшав, хабаргузории давлатии “Ховар” дар як ҳушдори бесобиқа ба баргузоркунандаи ин нишаст, яъне Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, навишта буд, дар сурати ширкати намояндагони ҲНИТ ва бахусус Муҳйиддин Кабирӣ дар ин нишаст, эҳтимол дорад Тоҷикистон фаъолияти ин созмонро комилан қатъ намояд.

Дар матлаби ин хабаргузорӣ омада буд: “Агар имсол ҳам муносибати САҲА бо ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ такрор ёбад, пас пурра аз фаъолият мондани намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҷавоби муносибу мувофиқ ба амалҳои он хоҳад буд.”

Пурвозеҳ буд, ки САҲА ба ин “ҳушдор” таваҷҷӯҳе намекунад; зеро медонад, дар сурати таслим дар баробари ин шарт, худаш зери суол хоҳад рафт. Ва ба ҳамин хотир буд, ки субҳи имрӯз Муҳйиддин Кабирӣ вориди Варшав шуд ва шахсан мудирияти нишастеро, ки ҲНИТ дар бораи вазъи зиндониёни сиёсии тоҷик баргузор кард, бар ӯҳда гирифт. Сипас, дар як нишасти расмӣ низ суханронӣ кард. Ҳувайдост, ки ширкати ӯ дар ин нишаст, ва асосан вурудаш ба Варшав, бидуни муҷаввизи расмии САҲА ба унвони баргузоркунандаи нишасти ин созмон, маҳол аст.

Дар ин ёддошт, мехоҳам ду матлабро ёдовари хонандаи азиз бишавам:

1) Матлаби аввал ин ки: фарқи одами оқил бо аҳмақ ин аст, ки оқил пеш аз иқдом ба як кор, аввал дар бораи паёмадҳои он кор хуб меандешад ва сабуку сангинаш мекунад, сипас ба он иқдом менамояд. Аммо аҳмақ аввал корро анҷом медиҳад, сипас ба андеша фурӯ меравад.

Ҳоло, иқдоми хабаргузории “Ховар” дар ин “ҳушдор”, иқдоми як оқилро монад ё як аҳмақро? Ҳоло, ки Кабирӣ ширкат кард, агар ҳукумат дафтари САҲА-ро набандад ва ба ваъдааш “вафо” накунад, обрӯяш ба унвони як давлат, пас аз ин “ҳушдор”, хоҳад рафт. Ва агар бибандад, вазъ аз он ҳам бадтар хоҳад шуд! Чаро ки қатъи фаъолияти Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон, ба маънои пушт кардан ба Иттиҳодияи Урупост, ки паёмадҳои бас ногуворе барои ҳукумати Тоҷикистон хоҳад дошт, ки худи мақомот, қабл аз дигарон, ба ин паёмадҳо огоҳанд. Инро ҳам арз кунам, ки ин “ҳушдор” мавзеъи расмии ҳукумат будааст, на як хабаргузорӣ, вагарна, ба қавли Файзинисо Воҳидова, “Дафтари САҲА-ро “Ховар” мебандад ё Тоҷикистон?… Аслан “Ховар” ҷузъи ВАО мебошад ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон?”)

Ба ҳамин ҷиҳат, лозим буд мақомоти Тоҷикистон қабл аз ин иқдоми бемаънӣ, аввал мебоист меандешиданд ва сабуку сангинаш мекарданд, на ин ки аввал “ҳушдор” сар диҳанд, ки “агар чунину чунон шавад, чунину чунон мекунем” ва он гоҳ вақте шарти гузоштаашон таҳаққуқ напазирад, биншинанду фикр кунанд, ки ҳоло чӣ кор кунем!

Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?!

* * *

2) Матлаби дуввум ин аст, ки: оё мақомоти мо дар ин бора ҳеч андешидаанд, ки чаро ва ба кадом далел, САҲА (ва ё ҳар ниҳоди байналмилалии дигаре) вақте бихоҳад нишасте баргузор ва қазияеро мавриди баҳсу баррасӣ қарор бидиҳад, бояд “гӯш ба фармони” мақомоти Тоҷикистон бошад?! Оё фикр мекунед, онҳо низ барои шумо “мардуми Тоҷикистон”-анд, ки таваққӯъ доред, ҳар ғалате, ки хостед ва ҳарчи бар онҳо таҳмил кардед, бе чуну чаро қабул ва анҷомаш диҳанд ва “лаббайкгӯи” шумо бошанд?

Шумо бо ин “ҳушдор” ва бо ин мавзеъгирӣ, арсаро барои худатон тангтар кардаед, на барои мухолифони сиёсии худ. Зеро ки шумо бо ин иқдоми хом ва носанҷида, барои САҲА ва соири созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, ҳамон чизеро собит кардед, ки мухолифонатон ду сол аст, ки барои исботи он барои ин созмонҳо саъй мекунанд ва заҳмат мекашанд. Ҳоло мухолифони сиёсии шумо бояд шукргузоратон бошанд, ки бо ин иқдоми носанҷида, шумо корро барои онҳо бисёр осон кардед.

Зеро ҳарфи мухолифони сиёсии шумо ба ин созмонҳо чист? Оё медонед? Ҳарфашон ин аст, ки: ҳукумати Тоҷикистон ҳукумате худкома ва диктотур аст, таҳаммули шунидани ҳеч интиқодеро надорад, агар касе аз рӯи дилсӯзӣ ба кишвар ва миҳанаш, дар садади интиқоди сиёсатҳо ва амалкардҳои аҳёнан нодурусти ҳукумат баромад, ё зиндонӣ мешавад ва ё тард. Мухолифони сиёси шумо ду се сол аст, ки мехоҳанд ҳамин матлабро барои ин созмонҳо исбот кунанд ва барои муддаои худ далел биёваранд.

Хуб, ҳоло шумо бо ин иқдоми ахир чӣ кор кардед? Шумо амалан ба ин созмонҳо исбот кардед, ки муддаои мухолифонатон дар бораи шумо дуруст будааст ва шумо воқеан ҳозир ба шунидани ҳеч ҳарфи интиқодӣ ба адресатон набудаед.

Магар САҲА чӣ мехост аз шумо ва ҳам аз мухолифонатон?! Шумо муддаъӣ будед, мухолифони шумо ва бахусус ҲНИТ “терурист” ва “экстримист” ва “доъишӣ” аст! Мухолифонатон аммо мегуфтанд, инҳо ҳама тӯҳмат аст ва ҳукумат дурӯғ мегӯяд ва балки худаш худкома аст! САҲА, на ошиқи чашму абрӯи мухолифони шумост ва на дӯстдори шумо. Ӯ мехост, бидонад, муддаои кадом тараф дуруст аст ва кадомин нодуруст. Ҳоло, ин “теруристҳо” бо далел ва мадрак дар ин нишаст ҳузур пайдо карданд ва ба гӯши ҷаҳониён расонданд, ки на “терурист”-анд ва на “доъишӣ” ва фақат ҳаққи худро мехоҳанд; мехоҳанд кишварашон воқеан демукротик бошад, ба касе бе ҷиҳат ситам нашавад, касе бе далел вориди зиндон нагардад, озодӣ дар кишварашон соя афканад.

Шумо ҳам метавонистед, бо далел ва мадрак, бидуни “ҳушдорҳои” беҷо, дар ин нишаст ҳузур биёбед ва ба гӯши ҷаҳониён ва ин созмонҳо бирасонед, ки ба ин далел ва он далел, мухолифони мо “терурист” ҳастанд. Аммо шумо коре кардед, ки барои ин созмонҳо собит шуд, ки ҳозир нестед, ҳеч интиқодеро гӯш кунед. Оё худкома будан ғайр аз ин аст?!

Бо ин ҳисоб, бар инҷониб намемонад ҷуз ин ки тамосе бо Муҳйиддин Кабирӣ бигирам ва ин пирӯзии навбатиро барояш табрик бигӯям!



Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: