Гузорише кӯтоҳ аз нишасти “Аз истиқлол то истибдод”

Дар севвумин рӯз аз нишасти САҲА дар Варшав, илова бар барномаҳои расмии ин созмон, ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст, барномае ба ибтикори ҲНИТ бо мавзӯи “Аз истиқлол то истибдод” баргузор шуд. Дар ин маросим илова бар раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчунин Темур Варқӣ, шоир ва рӯзноманигор, Равшан Темуриён, фаъоли сиёсӣ, Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсӣ, Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли иҷтимоӣ ва низ шуморе аз рӯзноманогорон ва фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоӣ ширкат карданд.

Дар оғози ин маросим Равшани Темуриён дар суханоне, бо табрики ҳуззор ба муносибати Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон, хотираҳои худ аз нахустин рӯзҳои эъломи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро нақл ва таъкид кард, ки қаҳрамонони аслии ин рухдод дар воқеъ Устод Тоҳири Абдуҷаббор, поягузори ҷунбиши “Растохез” ва Қадриддин Аслонов, раиси вақти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Вай, бо таъкид бар ин ки номи ин бузургон бояд дар таърихи муосири Тоҷикистон ба унвони поягузорони истиқлоли Тоҷикистон сабт шавад, ёдовар шуд, мутаассифона имрӯзҳо номи инҳо дар ҳеч як расонаҳои кишвар бурда намешавад.

Темуриён, хитоб ба насли имрӯзи Тоҷикистон гуфт, бояд бо ин қаҳрамонон ва таърихи он даврон хуб ошно шаванд ва нагузоранд, таърих таҳриф гардад.

Пас аз вай, Темур Варқӣ, шоир ва фаъоли сиёсии тоҷик низ дар суханоне, бо ишора ба вуқӯи ГКЧП дар охирҳои Шӯравии собиқ, гуфт, мутаассифона бисёре аз аъзои порлумони вақти Тоҷикистон дар он замон, бо аҷала табаддулотчиён дар Маскавро табрик ва аз иқдоми ғайриқонунии онон ҳимоят карданд.

Ӯ афзуд, ҳамин афрод буданд, ки дар он солҳо бо эъломи истиқлоли кишвар мухолиф буданд ва сипас қаҳрамонони воқеии истиқлоли Тоҷикистонро “душманони миллат” хонданд.

Варқӣ низ бо ёдоварии ин нукта, ки муҳандиси аслии истиқлоли Тоҷикистон Устод Тоҳири Абдуҷаббор мебошад, гуфт, давлатмардони имрӯз баноҳақ худро бониёни истиқлол мехонанд, онҳо ҳеч ҳаққе надоранд, ки корҳои қаҳрамонони воқеиро ба номи худашон сабт кунанд.

Дар ин нишаст Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсии тоҷик низ, дар суханоне, бо ишора ба ин ки ҳанӯз касеро бо Рӯзи истиқлол табрик накардааст ва мӯътақид аст, ки Тоҷикистонро наметавон кишваре мустақил донист, ёдовар шуд, кишваре мустақил аст, ки дар навбати аввал мардумаш мустақил ва озод бошанд.

Вай афзуд, тамоми нишонҳои истиқлоли кишвари мо, аз парчам бигир то герб ва ғайра, ҳамагӣ дар замони ҳукумати муросои миллӣ ва ба кӯшиши муҳандисони воқеии истиқлол амсоли Устод Тоҳири Абдуҷаббор ва Аслиддин Соҳибназаров ва дигар шахсиятҳои он рӯз тарроҳӣ шудаанд, аммо мутаассифона ҳуккоми имрӯза ҳамаи ин дастовардҳоро ба номи худашон сабт кардаанд ва номе аз муҳандисони воқеии он ба забон ҷорӣ намесозанд.

Дар ин нишаст, ҳамчунин Муҳаммадсаъид Ризоӣ, муовини фарҳангии раиси ҲНИТ, дар суханоне, бо ёдоварии хотираҳояш аз рӯзҳои нахустини истиқлоли кишварамон, хотирнишон кард, ки истиқлоли кишвари мо ба осонӣ ба даст наомадааст.

Вай, бо ишора ба ҳукуматдорони имрӯз, гуфт, ки яке аз шиорҳои ин афрод дар оғози истиқлоли кишвари мо “Нест бод Озодӣ!” буд. Ин афрод ҳаргиз тарафдори воқеии истиқлоли Тоҷикистон набуданд.

Ризоӣ афзуд, бар хилофи инҳо, миллати тоҷик, ки дар он рӯзҳо бо эълони истиқлол ашк аз чашмонашон ҷорӣ шуд, шиорашон, “Иттиҳод рамзи пирӯзӣ аст” буд.

Дар поёни ин маросим, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар суханронии худ, бо таъкид бар ин ки “Тоҷикистон ба ҳайси як давлат, воқеан як давлати мустақил аст” гуфт, таърифи як давлати мустақил дар мавриди Тоҷикистон сидқ мекунад, зеро дорои ҳудуди ҷуғрофиёии муайян ва мардум ва ҳокимият ва дигар нишонаҳои истиқлол мебошад.

Вай афзуд, бо ин вуҷуд, аммо Тоҷикистонро аз назари миллӣ наметавон мустақил донист, зеро ки мардум мустақил нестанд; дар тасмимгириҳояшон, дар интихоб шудан ва ё интихоб карданҳояшон ва ҳатто дар интихоби навъи пӯшиш ва либосашон.

Кабирӣ, бо тарҳи ин суол, ки кадом як тарҷеҳ дорад; давлати мустақил ё миллати мустақил?, гуфт, ки шахсан вай тарҷеҳ медиҳад, ки миллат мустақил бошад, ки ин худаш хоҳ нохоҳ давлати мустақилро дар пай хоҳад дошт, на баръакс.

Раиси ҲНИТ дар бахше дигар аз суханони худ, бо ишора ба ҳуккоми имрӯза, ки дам аз истиқлол мезананд гуфт, ки инҳо агар тарафдори истиқлоли кишвар ҳастанд, ба ин хотир аст, ки чун истиқлол барои инҳо пулу сарват ва мақому ҷойгоҳ овардааст, на ин ки воқеан хоҳони истиқлол ба маънои воқеии он бошанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: