Кабирӣ: “Интихоботи озод ва шаффоф омили субот ва амният аст”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар суханоне дар дуввумин рӯзи нишасти САҲА дар Варшав, ки ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои узви ин созмон ихтисос дошт, гуфт: “Мо бояд ба интихобот на фақат ба унвони ҳаққи мардум, балки ҳамчунин ба унвони як омили субот ва амният нигоҳ кунем.”

Вай дар оғози суханронии худ ёдовар шуд: “Маҷбурам суханонамро бо як хабари нохуш оғоз кунам. Касоне, ки дар ин нишаст бояд ширкат мекарданд, ба хотири фишори мақомоти амниятии Тоҷикистон ба хонаводаҳои онон, аз ман узр хостанд. Ҳамин алъон ба ман хабар расид, ки хонаводаҳои ин афрод аз онҳо хоҳиш кардаанд, ки аз ширкат дар ин нишасти ба қавли мақомоти Тоҷикистон “зидди тоҷикистонӣ” худдорӣ намоянд.”

Вай афзуд: “Ба назари ман, дар қарни 21-ум ин кор муносиби як давлат нест, ки зану баччаи ширкаткунандагонро озору азият кунад, то наздикони онҳо ин нишастро тарк кунанд.”

Кабирӣ дар идома, бо баёни ин ки дар бораи интихобот диигарон сӯҳбатҳои кофӣ кардаанд, гуфт: “Мехоҳам ба як нуктаи муҳим ишора кунам, ва он ин ки: мо бояд ба интихобот як нигоҳи дигаре дошта бошем. Яъне, на фақат ба унвони ҳаққи мардум ба он нигоҳ шавад, балки ҳамчунин ба унвони як омили субот ва амният ба он нигоҳ кунем, бахусус дар манотиқи мо.

Вай дар баёни ин матлаб афзуд: “Интихобот, ки озод ва шаффоф баргузор намешавад, ин амр сабаби ноумед шудани мардум бахусус ҷавонон мегардад. Ва ҳамин масъала боис мегардад, ки ҷавонон рӯй ба гурӯҳҳои ифротӣ ва родикол оваранд.”

Раиси ҲНИТ афзуд: “Ҳизби мо 15 сол дар порлумон намоянда дошт, ва худам 10 сол намояндаи порлумон будам. Фаъолияти ҳизби моро, ки дар соли 2015 мутваққиф карданд – албатта, на танҳо мутаваққиф, балки як гурӯҳи теруристӣ ва экстримистӣ ҳам эълон карданд — ин боис шуд дар кишвари мо хатари падидаи теруризм ва экстримизм боло биравад.”

Кабирӣ афзуд: “Имрӯза дар Ироқ ва Сурия беш аз ду ҳазор нафар ҳамватанони мо дар саффи гурӯҳҳои теруристӣ ҳузур доранд. Дар ҳоле, ки қабл аз баста шудани ҳизби мо, Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна ба унвони як кишвари дорои субот ва демукротик маъруф буд ва дар он замон аз Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигар, афроди бисёр андаке дар суфуфи гурӯҳҳои теруристӣ ва родикол ҳузур доштанд. Вале алъон мутаассифона аз ҳама ҷилавтар ҳастем.”



Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: