Калимаи рамз; ДОЪИШ куҷо меравад?

Ёдддошти Аҳмад Абдуттаввоб дар Алаҳром

Ҳақоиқ, бо такзиби нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Омрико дар Сурия, тағйир намекунанд. Онҳо гуфтанд, ки Дайр аз-Зурро аз шуморе аз фармондеҳони ДОЪИШ холӣ кардаанд.

Охирҳои моҳи август, қабл аз он ки нерӯҳои артиши Сурия ин шаҳрро озод кунанд, сарпаноҳе барои ДОЪИШ фароҳам шуд, то кушта ё асир ё муҳокима нашаванд.

Хабарҳое мунташир шуд, ки албатта нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Омрико онро такзиб карданд, ва он ин ки: ҳадаф аз холӣ кардани шаҳри Дайр аз-Зур аз вуҷуди доъишиҳо, истифода аз онҳо дар маъмурияти дигар буда, ки ҳамчунон дар тарҳҳои Омрико ва муттаҳидонаш чунин маъмуриятҳое бисёр аст. Дахолати эътилоф ба раҳбарии Омрико барои наҷоти теруристҳои ДОЪИШ дигар қобили инкор нест. Ин ҳам як санади дигар барои ин ки собит мекунад, ДОЪИШ сохта ва пардохтаи Омрико ва Исроил ба кӯмаки теъдоде аз кишварҳост.

Хабари ҷобаҷоии доъишиҳо дар ҳоле ифшо шуда, ки бино буд ин хабар сиррӣ боқӣ бимонад, аммо сиёсатҳо ва иттифоқоти рӯзона сиҳҳати онро таъйид кардааст, изҳороти баъзе аз раҳбарони ғарбӣ низ бар таъкиди он афзудааст. Масалан, Фронсуво Улонд, раисиҷумҳури собиқи Фаронса ҳушдор дод, ки: “шикасти ДОЪИШ, ба дигар ҷараёнҳо ва созмонҳои ношинохта фурсати тозае барои арзи андом ва қудрат гирифтан медиҳад.” Ин ҳаддиақал эътирофи зимнӣ аз донистани моҳияти ДОЪИШ аст.

Ҳамчунин он тавр ки рӯзномаҳои Исроил фош кардаанд, чанд ҳафта пеш Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, дар дидор бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, хатарҳои шикасти ДОЪИШ-ро шарҳ дода ва гуфтааст, ки аз байн рафтани ДОЪИШ метавонад нуфузи Эронро густариш диҳад.

Исроил аз ин метарсад, ки ҳамлаҳои дардноки Русия ба ДОЪИШ, фурсати беҳтаре барои Эрон ва Ҳизбуллоҳ фароҳам кунад, ва ин хатари қобили таваҷҷӯҳ ва ҷиддӣ барои Исроил аст.

Ҳамаи инҳо нигаронкунанда аст, ва хушҳолӣ аз пирӯзии низомӣ алайҳи ДОЪИШ-ро, ки дар Ироқ ва Сурия бо кӯмаки қотеъи Русия муҳаққақ шудааст, аз байн мебарад.

Ҳамчунин ин нигарониро ба вуҷуд меоварад, ки аз байн бурдани ДОЪИШ аз саҳнаи ҳаводис, сабаб шавад, ки ин ҷараён ба зери замин биравад ва ба як ҷараёни зеризаминӣ табдил шавад, он гоҳ ногаҳон амалиёти теруристӣ алайҳи созмонҳо ва мардуми ду кишвари Сурия ва Ироқ муртакиб шавад.

Ҳарчӣ бошад, иттилооти мавҷуд таъкид мекунанд, ки Омрико ва муттаҳидонаш ҳамчунон бар ин боваранд, ки ДОЪИШ дастовардҳое барои онҳо дошта, ки ҳазинаи он аз дахолати мустақими низомӣ барои расидан ба ин дастовардҳо, чӣ дар дохили минтақа ва чӣ хориҷ аз он, камтар аст. Ин масъала сабаб мешавад, ки бифаҳмем, ки мумкин аст ДОЪИШ ба зудӣ дар Миёнмор зери пӯшиши “дифоъ аз мусалмонони Руҳингиё алайҳи будоиҳои “кофир” зоҳир шавад ва ба ин тартиб, шоке дар гулӯи Чин ва наздик ба Куреи шимолӣ эҷод кунад.

Ahram

Реклама


Рубрики:Такфир, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: