Нишасти “Роҳҳои ҷилавгирӣ аз падидаи ифротгароӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ” дар ҳошияи нишасти САҲА баргузор хоҳад шуд

Зуҳри фардо (панҷшанбе, 14.09.2017) дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшав, ҷаласае бо ҳузури аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи “Собиқ кишварҳои Шӯравӣ: Пешгирӣ аз ифротгароӣ тавассути мубориза бо авомили аслии он” баргузор хоҳад шуд. Қарор аст дар ин нишаст Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва ҳамчунин Аркадий Дубнов, рӯзноманигори рус, Равшан Темуриён, фаъоли сиёсии тоҷик ва низ Муҳаммад Саолоҳуддин, раиси созмони ҷамъиятии “Собрание” дар Русия суханронӣ ва дидгоҳҳои худро изҳор кунанд.

Ба навиштаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар сафҳаи Фейсбук, “Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, фардо панҷшанбе дар робита ба “ҲНИТ ва пешгирӣ аз ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ” дар ҷаласаи ҳошиявии конфронси САҲА дар Варшава сӯҳбат хоҳад кард.”

Ба навиштаи ӯ, “дар ин ҷаласа илова бар суханронии раиси ҲНИТ, Аркадий Дубнов — журналисти машҳури Русия ва таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, Муҳаммад Салоҳитдинов – раиси созмони ҷамъиятии “Собрание” ва муассиси сайти Islam.ru ва Равшан Темуриён — журналисти тоҷики муқими Канада суханронӣ хоҳанд кард.”

Бино ба навиштаи Файзраҳмонов, “Кабирӣ, илова бар ширкат ва суханрониҳояш дар конфронси САҲА, ҳамчунин дар доираи сафараш ба Варшаваи Лаҳистон, бо намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалию корпусҳои дипломатӣ, журналистону шахсиятҳои сиёсӣ дидор ва гуфтугӯ кард. Ҳамчунин қарор аст, ӯ бо тоҷикони муқими Лаҳистон мулоқот кунад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Такфир, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: