Номи ин бонуи аморотӣ ба унвони камсиннусолтарин вазир дар китоби Гиннес сабт шуд

Номи як бону дар Аморот, бо 23 сол синн, ба унвони камсиннусолтарин вазир дар ҷаҳон, вориди китоби рекурдҳои ҷаҳонии Гиннес шуд.

Ба гузориши пойгоҳи Stepfeed, Шимо Ал-Мазруъӣ, шаҳрванди 23-солаи аморотӣ, камсиннусолтарин вазир дар ҷаҳон аст, ки номаш дар китоби рекурдҳои ҷаҳонии Гиннес сабт шудааст.

Ал-Мазруъӣ аз замони эъломи кобинаи ҷадид дар Аморот дар феврали 2016, ба унвони вазири ҷавонон машғул ба фаъолият аст.

Ал-Мазруъӣ дар ин замина Себостин Куртс (Sebastian Kurz), вазири хориҷаи Утриш бо 27 сол ва Оида Ал-Ҳоҷ Алӣ, вазири омӯзиши Суид бо 26 сол синнро пушти сар гузошт.

Ал-Мазруъӣ мадраки коршиносии аршади худ дар улуми сиёсиро аз Донишгоҳи Оксфорди Ангилис дарёфт карда. Ин вазири ҷавон ҳамчунин мадраки коршиносии худ дар риштаи иқтисодро низ аз ҳамин донишгоҳ дарёфт кардааст.

Илова бар инҳо, Ал-Мазруъӣ дар яке аз сандуқҳои сармоягузории давлатӣ дар Абӯзабӣ ва пеш аз он низ дар ҳайъати Аморот дар Созмони Милал ба унвони таҳлилгари сиёсатҳои куллӣ ва таҳлилгари сиёсатҳои вазоратхонаҳо фаъолият карда ва дар гурӯҳи пажӯҳишии навоварии ҷавонон дар дафтари нахуствазир низ мушорикат дошта.

Вай барандаи ҷоизаи олии Мансур бен Зоид Оли Наҳён дар Аморот шуда ва аз конфронси байналмилалии Сан-Фронсиску низ ҷавоизе дарёфт кардааст. Ӯ ҳамчунин масъули иртиботот ва равобити хориҷаи дафтари пажӯҳишҳои Оксфорд дар бораи минтақаи халиҷи Форс ва шибҳиҷазираи Араб буд.



Рубрики:Бонувон, Машоҳир, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: