Раҳбари Эрон: “Роҳи ҳалли қазияи Миёнмор, иқдоми амалӣ аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон гуфт: “Роҳи ҳалли қазияи Миёнмор, иқдоми амалии кишварҳои мусалмон ва фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ ба давлати бераҳми Миёнмор аст.”

Вай субҳи дирӯз (сешанбе, 12.09.2017) дар ибтидои дарси фиқҳ, бо интиқоди шадид аз сукут ва беамалии маҷомеи ҷаҳонӣ ва муддаиёни ҳуқуқи башар дар қиболи фаҷойеи Миёнмор, тасреҳ кард: “Давлатҳои исломӣ бояд алайҳи ҷиноёти давлати Миёнмор иқдоми амалӣ кунанд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон кард: “Ҷумҳурии Исломӣ бояд алайҳи зулм дар ҳар нуқта аз ҷаҳон сареҳ ва шуҷоъона эъломи мавзеъ кунад.”

Вай, тақлили фоҷеаи Миёнмор ба як даргирии динӣ байни мусалмонон ва будоиҳоро нодуруст хонд ва афзуд: “Албатта мумкин аст дар ин ҳодиса таъассуби мазҳабӣ таъсир дошта бошад, аммо ин қазия як қазияи сиёсӣ аст, зеро муҷрии он, давлати Миёнмор аст ва дар раъси он давлат низ зане бераҳм қарор дорад, ки барандаи ҷоизаи сулҳи Нубел буда ва бо ин иттифоқот, дар воқеъ, марги ҷоизаи сулҳи Нубел рақам хӯрд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Ин фаҷойеъ дар муқобили чашми кишварҳо ва давлатҳои исломӣ ва маҷомеи ҷаҳонӣ ва давлатҳои риёкор ва дурӯғгӯи муддаии ҳуқуқи башар, аз сӯи давлати бераҳми Миёнмор дар ҳоли рух додан аст.”

Раҳбари Эрон бо интиқод аз иктифо кардани дабири кулли Созмони Милал ба маҳкум кардани ҷиноёт дар Миёнмор афзуд: “Муддаиёни ҳуқуқи башар, ки гоҳе барои муҷозоти як муҷрим дар як кишвар ҷанҷолу ҳаёҳу мекунанд, дар муқобили куштор ва овора шудани даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Миёнмор, ҳеҷ аксуламале нишон намедиҳанд.”

Вай бо таъкид бар лузуми вуруд ва иқдоми амалии давлатҳои исломӣ, гуфт: “Албатта манзур аз иқдоми амалӣ лашкаркашӣ нест, балки бояд фишори сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷории худро бар давлати Миёнмор афзоиш диҳанд ва алайҳи ин ҷиноёт дар маҷомеи ҷаҳонӣ фарёд бикашанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ташкили Конфронси Созмони Ҳамкории Исломӣ бо мавзӯи фаҷойеи Миёнморро зарурӣ хонд ва хотирнишон кард: “Дунёи имрӯз дунёи зулм аст ва Ҷумҳурии Исломӣ бояд ин ифтихорро барои худ ҳифз кунад, ки алайҳи зулм дар ҳар нуқта аз ҷаҳон, чӣ дар манотиқи ишғолӣ тавассути саҳюнистҳо, чӣ дар Яман ва Баҳрайн ва чӣ дар Миёнмор, мавзеи сареҳ ва шуҷоъонаи худро эълом кунад.”

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: