Дасту пое мезанад аз бими сар…

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Як зарбулмасали арабӣ мегӯяд:

الغرِيقُ يتشبَّثُ بكُلّ حَشيش

Яъне, касе ки дар ҳоли ғарқ шудан аст, барои наҷот ёфтан, ба ҳар хасу хошоке даст мезанад. Мавлоно ин маъноро хеле зебо ба назм кашида гуфтааст:

Марди ғарқагашта ҷоне меканад,

Дастро дар ҳар гиёҳе мезанад.

То кадомаш даст гирад дар хатар,

Дасту пое мезанад аз бими сар.

Ҳар гоҳ мухолифини низоми ҳоким дар Тоҷикистон камтар майдоне барои ибрози андом ва ё андак минбаре барои изҳори баён пайдо кардаанд, низом ба таҳлука афтода ва ба ҳар василае даст зада ва ба ҳар росту дурӯғе паноҳ овардааст. Ин дасту по задани низом, ҳолати ҳамон ғариқро монад, ки барои наҷоти худ, ба ҳар хасу хошоке даст мезанад, “то кадоме даст гирад аз хатар”.

Ба ростӣ, оё мухолифини низоми ҳоким то ин ҳад тавоно ва қудратманд ҳастанд, ки ӯро ба таҳлука андохтаанд?

Ё на, балки пояҳои ин режим ба ҳадде суст аст, ки бо вазиши камтар боде мисли бед ба худ меларзад?

Режим чӣ дорад ва мухолифинонаш чӣ доранд?

Хуб, маълум аст, ки тамоми имконоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарбаст дар ихтиёри режим аст ва аз он тараф ҳеч як аз он имконотро имрӯз мухолифин дар ихтиёр надоранд.

Вале бо вуҷуди ин, режим ҷуръати рӯбарӯ шудан бо мухолифини худро надорад, то ҷое, ки ҳатто аз тарси рӯбарӯ шудан бо мухолифинаш, робитаи худро бо созмонҳои байналмилалӣ ба хатар меандозад.

Бале, дар инҷо фақат як қудрат ва нерӯ ҳаст, ки хушбахтона онро мухолифин дар ихтиёр доранд ва режим бо тамоми имконоташ онро дар ихтиёр надорад. Он нерӯ, нерӯи ҳақиқат ва мантиқ аст, ки ба мухолифин ҷуръат дода ва забонашро дароз карда ва аз режим ҷуръатро гирифта ва забонашро кӯтоҳ кардааст.

Бинобар ин, ҳар гоҳ майдони мубориза дар дохил ва таҳти қаламрави қудрати режим бошад, бебоку бепарво бар зидди мухолифин тохту тоз мекунад ва говзӯрона ҳар касеро аз майдон бадар мекунад. Вале ҳамин ки майдони мубориза аз қаламрави қудрати режим берун бошад, яку якбора он ҷуръату ҷасорат ба тарсу ҳарос, ва он тохту тоз ба фирору гурез табдил мешавад, ва он забони дарозу нутқи бурро дар ҳол ба ком фурӯ меравад. Аз ин рӯ, мебинем, ки бо фирори сухангӯҳои расмии режим аз майдони ҳақиқӣ, сухангӯҳои ғайрирасмӣ дар майдони маҷозӣ фаъол мешаванд ва ба ҷои посухгӯӣ ба хостаҳои барҳақ, ба тӯҳмату бӯҳтони ноҳақ паноҳ меоваранд.

Оё бо ин кор чизе тағйир мекунад?

Масалан бо олондани домони мухолифон ба хиёли худатон, домони режим аз олудагиҳо пок мешавад?

Оё ин дасту по заданҳо нишонаи ғарқ шудан дар иштибоҳоти худ нест?



Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: