Зимистон меравад ва рӯсиёҳӣ ба зуғол мемонад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Зимистон меравад ва рӯсиёҳӣ ба зуғол мемонад”… Ин масал, ки як масали форсист, дар ҷое ба кор бурда мешавад, ки фаразан шумо агар дар як шароити бисёр сахт қарор дошта бошед ва касоне, ки шумо аз онҳо таваққӯъ доред дар каноратон бошанд ва шуморо дастгирӣ кунанд, то аз душвориҳоятон коста шавад, баръакс аз рӯи нодонӣ ва бебасиратӣ ва ё аз рӯи беинсофӣ ва ноҷавонмардӣ, коре кунанд, ки бар душвориҳо ва сахтиҳои шумо афзуда шавад; ғофил аз он ки бе шак рӯзе ин шароити сахт ва душвор поён хоҳад ёфт ва ҳамеша пас аз зимистон баҳор фаро хоҳад расид, ва он гоҳ, рӯсиёҳӣ ва сарафкандагӣ ва хиҷолат барои он иддаи беинсоф боқӣ хоҳад монд.

Имрӯзҳо ҳамаи мо шоҳиди ҳузури фаъоли опозисиюни тоҷик дар нишасти давраии САҲА дар Варшав, пойтахти Лаҳистон ҳастем; танҳо минбари боқимонда барои опозисиюни тоҷик, ки вақте ҳамаи дарҳо дар дохили кишвар ва ҳатто дарҳои кишварҳои ба истилоҳ, зомини сулҳу созиш бар рӯяш баста шуд ва касе ҳозир нашуд ба садои ӯ гӯш фаро диҳад, тавонист аз ин минбар на фақат барои ҷаҳониён, балки ҳатто барои шаҳрвандони тоҷикистонӣ воқеиятҳои мавҷуд дар кишвари моро бозгӯ кунад. Танҳо минбари боқимонда барои вай, ки тавонист аз он дар бораи ноҷавонмардиҳое, ки ба ӯ мешавад бигӯяд, аз ситамҳое, ки ба бастагону наздиконаш мешавад бигӯяд. Танҳо минбари боқимонда, ки барои опозисиюн ин имконро фароҳам сохт, ки битавонад ҳатто ба гӯши худи тоҷикистониҳо ва ҳаммиҳанонаш ин ҳақиқати талхро ёдовар шавад, ки: ҳаминак, ҳудуди 200 нафар аз ҳаммиҳанони шумо ва ҳамхунҳоятон, бе далел ва бе ягон иттиҳоми муваҷҷаҳ, дар дохили зиндонҳои низоми ҳоким ба сар мебаранд, вакилони мудофеъи шумо фақат ба хотири ваколат ва дифоъашон, вориди зиндон шудаанд.

Дар воқеъ, опозисиюн аз ин минбар, садои миллати мазлуми тоҷикро ба гӯши ҷаҳониён мерасонад, на садои як ҳизб ё як гурӯҳи хоссро, на садои исломгароҳоро чунонки ин гумон ба шиддат дар ҳоли тарвиҷ аст; магар ин ки пиндошта шавад, ки он 200 тан зиндонии бечораро дигар шаҳрванди Тоҷикистон нашуморем, балки афроде фурудомада аз Миррих бидонем.

* * *

Ҳол, мавзеъи ҳукумати кунунӣ дар баробари ин нишаст ва даъват шудани опозисиюн дар он ва хашму ғазабе, ки ба сабаби он домангираш шуда комилан қобили дарк аст. Ӯ намехоҳад парда аз рӯи ҳақоиқ бардошта шавад, ӯ ҳаргиз намехоҳад ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба унвони як низоми диктотурӣ ва худкома – ки зиндонҳояш мамлув аз сиёсиҳост – шинохта шавад. Ин комилан қобили дарк аст.

Дар ин миён аммо мавзеъи расонаҳои ба истилоҳ мустақил дар баробари ин нишаст ва ҳузури опозисиюн дар он ва низ мавзеъи баъзе аз рӯзноманигорон ва афроде, ки фарҳехтаашон мешиносем, қобили дарку фаҳм нест. Агар барои ҳукумат ҳузури опозисиюн ва раҳбаронаш дар ин нишаст дарднок буда ва таҳаммули ҳатто шунидани онро надошта бошанд, ба шумо чӣ шуда, ки дуруст дар замоне, ки опозисиюн дар ҳоли расондани паёми миллати ранҷдидаи тоҷик ба гӯши ҷаҳониён аст ва дар воқеъ дар ҳоли расондани паёми худи шумост, шумо амдан ва бардурӯғ ҳузури опозисиюнро камранг нишон медиҳед? Дар ҳоле, ки медонед, воқеият ғайри он аст, ки шумо дар расонаҳои худ мунъакис мекунед. Оё шумо ҷузъи ин миллат нестед? Оё шумо худро дар ранҷи зиндониҳои сиёсӣ шарик намедонед? Оё бароятон сахт аст, ки гуфта шавад, бастагон ва наздикони аъзои опозисиюн мавриди озору азиятҳои руҳӣ ва физикӣ аз сӯи дастгоҳҳои амниятӣ қарор мегиранд?

Ба шумо чӣ шуда, ки дуруст дар замоне, ки намояндагони опозисиюни тоҷик аз ноҷавонмардиҳо ва табъизҳо ва ситамҳои низоми ҳоким дар Тоҷикистон мегӯянд ва барчида шудани ҳамаи ин ноадолатиҳо аз ҷомеаи азизамонро дархост мекунанд, шумо дар ҳамин вақт, якдафъа бо тарҳи масоили комилан хусусӣ ва шахсии раҳбарони опозисиюн ва бофтани қиссаҳои “Лайлӣ ва Маҷнун” дар бораи онҳо, дар садади костан аз эътибори онҳо ва сиёҳ кардани чеҳраи онҳо бармеойед?!

Нигорандаи ин сатрҳо намегӯяд, шумо ҷонибдор ва ҳаводори опозисиюн бошед. Ҳаргиз! Ҳарфи ман ин аст, ки лоақал ҳамон тавр ки иддао мекунед, мустақил ва бетараф бошед.

Ҳамчунин, изҳори назарҳои баъзе афроде, ки фарҳехтаашон медонем дар фазои маҷозӣ суолбарангез аст. Дуруст дар рӯзҳое, ки опозисиюн ба намояндагӣ аз шумо ҳарфи дили шуморо, бале ҳарфи дили шуморо, ба ҷаҳон мерасонад, шумо бо ҳамла ва ҳуҷуме бесобиқа ба раҳбарони он, дар ҳоли парокандани ҳарфҳои бисёр зишт ва нописанд дар бораи онҳо ҳастед.

“Зимистони” опозисиюн ва шароити душвор ва сахте, ки имрӯзҳо ба сар мебарад, рӯзе поён меёбад ва баҳор фаро мерасад, дар ин шакке нест. Он вақт, шумо мемонед ва рӯсиёҳӣ ва сарафкандагӣ ва хиҷолататон!

Зимистон меравад ва рӯсиёҳӣ ба зуғол мемонад.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: