Ислом ва Эронзамин (71)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (34)

Фалсафа ва ҳикмат (13)

(Аз Файзи Кошонӣ то Алиқулихон)

Табақаи бисту севвум

1) Мулло Муҳсини Файзи Кошонӣ, ҳаким ва ориф ва муҳаддиси машҳур. Шогирд ва домоди Муллосадро буда ва ҳикматро назди вай омӯхтааст. Аз ӯ рисолаҳое дар ҳикмат ва фалсафа боқӣ аст. Китоби “Усулул-маориф”-и ӯ ахиран чоп шудааст. Он чӣ дар ин замина аз Файз ба мо расидааст, айнан талхиси гуфтаҳои устодаш аст. Марҳуми Файз дар соли 1091 даргузаштааст. Мо зимни аҳволи муфассирон ва муҳаддисон низ аз марҳуми Файз ёд кардем.

2) Мулло Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ соҳиби “Шавориқул-илҳом” ва “Гавҳари мурод”. Шогирд ва домоди дигари Муллосадро. Мулло Абдурраззоқ баръакси Мулло Муҳсини Файз, мисли ин аст, ки аз устоди худ камтар мутаассир шудааст. Навиштаҳояш рангу бӯи ҳукамои қабл аз Садро аз қабили Алломаи Даввонӣ ва Ғиёсуддини Даштакиро дорад, на рангу бӯи фалсафаи Муллосадро. Вай дар соли 1071 ё 1072 даргузаштааст.

3) Мулло Раҷабалии Табрезии Исфаҳонӣ. Соҳиби “Равзот” аз соҳиби “Риёзул-уламо” нақл мекунад, ки вай назди Шоҳ Аббоси Сонӣ ва соҳибони мақомоти мамлакатӣ мӯҳтарам буда, ки ба дидораш мерафтаанд. Мулло Раҷабалӣ шогирдоне дошта аз он ҷумла Мавло Муҳаммади Танкобунӣ ва Ҳаким Муҳаммадҳусайни Қумӣ ва Қозӣ Саъиди Қумӣ. Вай шогирди Мирфиндирискӣ буда ва дар соли 1080 даргузаштааст.

4) Мулло Муҳаммадбоқир маъруф ба Муҳаққиқи Сабзаворӣ. Ҳам ҳаким аст ва ҳам аз бузургони фуқаҳо. Шогирди Шайх Баҳоӣ ва Мирфиндирискӣ будааст ва бар “Илоҳиёти Шифо” ҳошияи матине навишта, ки мавриди истифода аст. Соҳиби “Равзот” мегӯяд: Муҳаққиқи Хонсорӣ (Оқо Ҳусайн) ва Мулло Муҳаммади Танкобунӣ маъруф ба “Сароб” аз маҳзари дарсаш истифода кардаанд. Вале зоҳиран Муҳаққиқи Хонсорӣ дар манқул шогирди ӯ буда, на маъқул. Вай дар соли 1090 даргузаштааст.

5) Оқо Ҳусайни Хонсорӣ маъруф ба Муҳаққиқи Хонсорӣ. Шавҳархоҳари Муҳаққиқи Сабзаворӣ ва шогирди ӯ дар манқул будааст. Дар маъқул шогирди Мирфиндирискӣ будааст. Ҳошияи маъруфе бар “Илоҳиёти Шифо” дорад, ки дар даст аст. Ва ҳамчунин “Шарҳи Ишорот”-и Хоҷа ва “Шарҳи Таҷрид”-и Қӯшҷӣ ва “Муҳокимот”-ро ҳошия кардааст. Вай дар соли 1098 даргузаштааст. Соҳиби “Равзот” дар зайли номи Мулло Замон ибни Мулло Калбалии Табрезӣ менависад:

Вай китобе дорад ба номи “Фароидул-фавоид фи аҳволил-мадориси вал-масоҷид”, ки дар айёми иқоматаш дар мадрасаи Шайх Лутфуллоҳ (дар Исфаҳон) таълиф карда ва номи гурӯҳеро, ки дар ин мадрасаи пурбаракат таҳсил кардаанд бурдааст аз қабили Оқо Ҳусайни Хонсорӣ, Мулло Шамсои Гилонӣ, Мулло Ҳасани Ланбонии Гилонӣ (ӯ низ марде ҳаким ва ориф буда ва Маснавиро шарҳ карда ва дар ҳамин табақа аст. М.М) ва гуфта Мулло Ҳасани Ланбонӣ дар фазилат ва тақво назир надошт… Ва аз он ҷумла аст зубдатулмуҳаққиқин ва усватуссоликин Мулло Раҷабалии Табрезӣ ва шогирдаш Мир Қивомуддини Теҳронӣ (Розӣ) соҳиби китоби “Айнул-ҳикма”.

Соҳиби “Равзот” он гоҳ мегӯяд:

Ва аз он ҷумла аст фозили муҳаққиқ, ҳакими бореъ Мулло Абулқосим ибни Муҳаммадрабеъи Гулпойгонӣ, соҳиби таълиқоти латифа бар китобҳои маъқулу манқул.., ки гӯё шогирди Маҷлисии Аввал будааст.”

Мулло Ҳасани Ланбонии фавқуззикр падари Мулло Ҳусайни Ланбонист, ки шогирди марҳуми Маҷлисӣ будааст. Бинобар ин, ин ду нафар (Ланбонӣ ва Гулпойгонӣ) низ ҷузъи ин табақаанд.

Дар ин табақа гурӯҳи дигари камном ё гумном ҳастанд аз қабили Шайх Ҳусайни Танкобунӣ ва Муҳаммад ибни Алиризои Оқоҷонӣ шогирди Муллосадро. Хушбахтона ахиран бо ҳиммати қобили ситоиши оқои Сайид Ҷалолуддини Оштиёнӣ, устоди олиқадри Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломии Машҳад, ин афрод ва осори онҳо таҳти унвони “Мунтахаботе аз осори ҳукамои илоҳии Эрон аз асри Мирдомод ва Мирфиндирискӣ то асри ҳозир” муаррифӣ шуда ва мешаванд.

* * *

Табақаи бисту чаҳорум

1) Муҳаммадсаъид ибни Муҳаммадмуфиди Қумӣ, маъруф ба “Қозӣ Саъид” ва мулаққаб ба “Ҳакими Кучак” . Аз шогирдони Мулло Муҳсини Файз ва Мулло Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ ва Мулло Раҷабалии Табрезӣ будааст. Шогирдиаш назди Мулло Раҷабалӣ, дар Исфаҳон буда ва мутобиқи нақли соҳиби “Равзот”, монанди устодаш назди Шоҳ Аббос мӯҳтарам будааст, вале шогирдиаш назди Мулло Абдурраззоқ дар Қум буда ва эҳтимолан назди Файз низ дар Қум таҳсил кардааст. Соҳиби “Равзот” ва соҳиби “Райҳонатул-адаб” нисбат ба торихи вафоти вай изҳори беиттилоӣ кардаанд, вале дар ҳошияи “Равзот” аз “Аззариъа” нақл карда, ки таваллуди вай дар соли 1049 ва вафоташ дар соли 1103 будааст.

2) Мулло Муҳаммади Танкобунии Сароб. Шогирди Мулло Раҷабалии Табрезӣ ва Муҳаққиқи Сабзаворӣ будааст.

3) Ҷамолуддини Хонсорӣ маъруф ба Оқо Ҷамоли Хонсорӣ. Фарзанди Оқо Ҳусайни Хонсории собиқуззикр ва шогирди ӯ ва шогирди доии худ Муҳаққиқи Сабзаворӣ буда. Вай бар “Табииёти Шифо” ҳошия зада, ки чоп шуда ва албатта мухтасар аст. Ва ҳамчунин “Шарҳи Ишорот”-ро низ ҳошия кардааст. Марде муҳаққиқ ва ҷомеъи маъқулу манқул буда ва дар соли 1121 даргузаштааст.

4) Қивомуддин Муҳаммади Розӣ маъруф ба Қивомуддин Ҳаким. Оқои Ҳумоӣ дар муқаддимаи “Шарҳи Машоир”-и Мулло Ҷаъфари Лангарудӣ мегӯяд: вай шогирди Мулло Раҷабалии Табрезӣ ва устоди Шайх Иноятуллоҳи Гилонӣ будааст. Оқои Сайид Ҷалолуддини Оштиёнӣ дар ҷилди дуввуми “Мунтахаботе аз осори ҳукамои Эрон аз асри Мирдомод ва Мирфиндирискӣ то асри ҳозир” осоре аз ин мард чоп ва мунташир карда ва худи ӯро муаррифӣ кардаанд.

5) Муҳаммадрафеъи Пирзода. Ин шахс низ аз шогирдони Мулло Раҷабалии Табрезӣ ва бо як восита шогирди Мирфиндирискӣ аст. Баъзе аз осори ӯ дар ҷилди дуввуми “Мунтахаботе аз осори ҳукамои илоҳии Эрон” чоп шудааст.

6) Алиқулихон фарзанди Қарчқойхони Халаҷии Қумӣ. Вай шогирди Оқо Ҳусайни Хонсорӣ ва Мулло Шамсои Гилонӣ ва Мулло Раҷабалии Табрезӣ будааст. Дар китоби “Турбати покон” таълифи оқои Мударрисии Таботабоӣ (сафаҳоти 235-240) рисолаҳои фалсафии бисёре аз ӯ ном бурдааст. Алиқулихон дар соли 1020 мутаваллид шуда ва дар соли 1097 ҳаёт доштааст. Мадрасаи Хони Қум аз осори фарзанди донишманди ин мард Маҳдиқулихон аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: