Саккокӣ; улгуи баландҳимматӣ ва табдили ноумедӣ ба умедворӣ

Сироҷуддин Абӯяъқуб Юсуф ибни Абӯбакр ибни Муҳаммад ибни Алии Саккокии Хоразмӣ (1160-1229 милодӣ), аз адибони бузурги аҳди салтанати Муҳаммади Хоразмшоҳ, аз наводири рӯзгор аст. Ӯ дар наҳв, сарф, мантиқ, калом, балоғат ва фасоҳати арабӣ ва низ шеър ва арӯз ва маъонӣ соҳибназар буд. Зиндагонии ӯ намунаи баландҳимматии як инсон ва табдили ноумедӣ ба умедворӣ аст.

Ӯ, нахуст, марде оҳангар буд. Рӯзе сандуқчае бисёр кучак ва зариф аз оҳан сохт, ки дар сохтани он ранҷи бисёр кашид. Онро ба расми тӯҳфа, барои султони вақт бурд. Султон ва атрофиён ба диққат ба сандуқча тамошо карданд ва ӯро таҳсин намуданд.

Дар он вақт, ки мунтазири натиҷа буд, марди донишманде ворид шуд ва ҳама ӯро таъзим карданд ва ду зону пеши рӯйи вай нишастанд. Саккокӣ таҳти таъсир қарор гирифт ва гуфт:

— Ӯ кист?

Гуфтанд:

— Ӯ яке аз уламост.

Саккокӣ пас аз мушоҳидаи ин манзара, пайи таҳсили илм шитофт. 30 сол аз умраш гузашта буд, ки ба мадраса рафт ва ба мударрис гуфт:

— Мехоҳам таҳсили илм кунам.

Мударрис гуфт:

— Бо ин синну сол фикр намекунам ба ҷойе бирасӣ, беҳуда умратро талаф макун.

Вале Саккокӣ бо исрор машғули таҳсил шуд. Аммо ба қадре ҳофиза ва истеъдодаш ‍заъиф буд, ки гӯянд, боре устод ба ӯ гуфт:

— Ин масъалаи фиқҳиро ҳифз кун: “Пӯсти саг бо даббоғӣ пок мешавад.”

Саккокӣ борҳо онро хонд ва фардо дар назди устод чунин гуфт: “Саг гуфт: пӯсти устод бо даббоғӣ пок мешавад.”

Устод ва шогирдон ҳама хандиданд ва ӯро ба боди масхара гирифтанд.

Ба ҳамин тартиб, то 10 сол таҳсили илм натиҷае барояш надошт ва дилтанг шуд ва рӯ ба кӯҳу саҳро ниҳод ва ба маконе расид, ки қатраҳои об аз баландӣ бар рӯйи тахтасанге мечакид ва бар асари резиши мудовими худ, сӯрохе дар дили санг падид оварда буд.

Муддате бо диққат нигоҳ кард, сипас бо худ гуфт: дили ту аз ин санг сахттар нест, агар истиқомат дошта бошӣ, саранҷом муваффақ хоҳӣ шуд!

Ин бигуфт ва ба мадраса бозгашт ва аз 40-солагӣ бо ҷиддият ва ҳавсалаву сабр машғули таҳсил шуд, то ба ҷойе расид, ки донишмандони асри вай, дар улуми арабӣ ва фунуни адабӣ бо дидаи эъҷоб ба ӯ менигаристанд.

Ӯ баъдҳо китобе ба номи “Мифтоҳул-улум”, ки 12 илм аз улуми арабиро дарбар дошт навишт, ки аз шоҳкорҳои бузурги илмӣ ва адабӣ ба шумор меравад.

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Машоҳир, Торих

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: