Фалсафа ва равиши реализм (116)

Зарурат ва имкон (18)

Ҷабру ихтиёр (5)

“Ҷабру ихтиёр” ва ахлоқ

Масъалаи ҷабру ихтиёр аз назари тарбият ва ахлоқ, аз ҷанбаи хоссе мавриди мутолеа қарор мегирад, ва он ин ки: оё ахлоқ ва малакоти руҳии инсон қобили тағйиру табдил ҳаст ё нест? Тамоми системҳои ахлоқӣ, бо ҳамаи ихтилофоте, ки аз лиҳози ҳадаф ва васила бо якдигар доранд, як матлабро ба унвони асли мусаллам пазируфтаанд, ва он ин ки ахлоқ ва малакоти руҳии инсон қобили тағйир аст ва мумкин аст “одат” ҷои “табиат”-ро бигирад.

Уламои ахлоқ мегӯянд, “тарбият иборат аст аз фанни ташкили одат, ва одат барои башар табиати сония мешавад”. Маънои ин ҷумла ин аст, ки: сохтмони руҳии инсон қобили инъитоф аст ва ҳар ҳолати ҷадиде, ки ба вай бидиҳанд ва муддате идома биёбад, он ҳолати ҷадид сифати росиха мешавад.

Дар муқобили ин назария, назарияи касонест, ки ба сиришт ва тинатҳои ғайриқобили тағйир қоиланд ва асари ахлоқ ва тарбиятро дар мизоҷи он кас, ки сиришти нек надорад сифр медонанд, ва мӯътақиданд, ки “тарбият ноаҳлро чун гирдикон (чормағз) бар гунбад аст”. Ба ақидаи ин даста, мизоҷҳои руҳии башар айнан монанди табиатҳои махсуси наботот ва ҷамодот ва ҳайвонот аст ва ҳамон тавре, ки ҳаргиз замини шӯра сунбул барнаёварад ва оҳани бад шамшери нек нашавад, одами бадсиришт ва зишттинат ва бадгуҳар низ покниҳод ва покизанафс нашавад ва масдари аъмоли нек нагардад ва он кас, ки сиришти ӯро бад офариданд, тағйири сиришт нахоҳад дод.

 

Гилеми бахти касеро, ки бофтанд сиёҳ,

Ба оби замзаму кавсар сафед натвон кард.

 

Мавлавӣ аз забони мункирини анбиё, ки мункири таъсири тарбияту иршод буданд мегӯяд:

 

Қавм гуфтанд: эй насӯҳон, бас бувад,

Ин чӣ гуфтед, ар дар ин деҳ кас бувад.

Қавл бар дилҳои мо бинҳод Ҳақ,

Кас надонад бурд бар холиқ сабақ.

Нақши мо ин кард он тасвиргар,

Ин нахоҳадшон ба гуфтугӯ дигар.

Сангро сад сол гӯйӣ лаъл шав,

Кӯҳнаро сад сол гӯйӣ бош нав.

Хокро гӯйӣ сифоти об гир,

Обро гӯйӣ асал шав ё ки шир…

Холиқи афлок ӯ в-афлокиён

Холиқи обу туробу хокиён.

Осмонро дод даврону сафо,

Обу гилро тирарӯиву намо.

Кай тавонад осмон дурдӣ гузид?

Кай тавонад обу гил сафват харид?

Қисмате кардаст ҳар якро раҳе,

Кай куҳе гардад ба ҷаҳде чун каҳе?

 

Он гоҳ аз забони анбиё ба онҳо ҷавоб медиҳад:

 

Анбиё гуфтанд, к-оре офарид

Васфҳое, ки натон з-он сар кашид.

В-офарид ӯ васфҳои оризӣ,

Ки касе мабғуз, мегардад разӣ…

Ранҷҳо додаст, к-онро чора нест,

Он ба мисли лангиву фатсу амист.

Ранҷҳо додаст, к-онро чора ҳаст,

Он ба мисли лақваву дарди сар аст.

Ин давоҳо сохт баҳри эътилоф,

Нест ин дарду давоҳо аз газоф.

Балки ағлаб ранҷҳоро чора ҳаст,

Чун ба ҷид ҷӯйӣ, биёяд он ба даст.

 

Гузашта аз ин ки мавзӯи сиришти поку нопок бо мавзӯи “ҷабру ихтиёр” ба мафҳуми фалсафии он чандон иртиботе надорад, ин мавзӯъ аз ҷанбаи илмӣ мардуд шинохта шуда. Агар ин мавзӯъро аз ҷанбаи илмӣ бихоҳем мавриди мутолеа қарор диҳем, бояд дар қонуни виросат аз ҷанбаи биюлужӣ мутолеа кунем. Дар биюлужӣ собит шуда, ки ҳарчанд сифот ва малакоти ахлоқӣ низ то ҳадде монанди мушаххасоти навъӣ, аз насле ба насле мунтақил мешавад, вале ин сифот ва саҷоё он сабот ва истеҳкомеро, ки дар мушаххасоти навъӣ мавҷуд аст воҷид нестанд ва бо авомили тарбиятӣ ва ахлоқӣ қобили тағйиру табдил ва коҳишу афзоишанд. Ба илова, мо ҳиссан ва виҷдонан асари тарбиятро дар афрод ва умматҳо мушоҳида мекунем. Имрӯз муҳимтарин чизе, ки назари уламои иҷтимоъро ҷалб карда, таҷҳизоти тарбиятӣ ва ахлоқии милал ва ақвом аст.

* * *

“Амрун байна амрайн” аз назари фалсафӣ ва каломӣ ва ахлоқӣ

Аз он чӣ то кунун гуфта шуд, маълум шуд, ки дар масъалаи “ҷабру ихтиёр” чӣ аз ҷанбаи фалсафӣ ва чӣ аз ҷанбаи каломӣ ва чӣ аз ҷанбаи ахлоқӣ ворид шавем, назари саҳеҳ ҳамоно назарияи “амр байни амрайн” аст; зеро чунонки дидем, аз ҷанбаи фалсафӣ афъоли содира аз инсон дар айни ин ки аз назаре имкони шудан ва имкони нашудан дорад, аз назари дигаре он чӣ шуданист шуданист ва он чӣ нашуданист нашуданӣ. Яъне на зарурат ба таври мутлақ ҳукмфармост ва на имкон, балки амрест байни амрайн ва аз назаре зарурат ва вуҷуб ҳукмфармост ва аз назари дигар имкон.

Ва ҳангоме, ки аз ҷанбаи каломӣ ин масъаларо мавриди мутолеа қарор медиҳем, мебинем на ин аст, ки афъоли инсон сирфан мустанад ба иродаи зоти Борист ва инсон ҷудост аз таъсир, ва на ин аст, ки сирфан мустанад ба худи инсон аст ва робитаи феъл бо зоти Борӣ мунқатеъ аст, балки амрест байни амрайн ва дар айни ин ки феъл мустанад ба худи инсон аст мустанад ба иродаи зоти Борӣ низ ҳаст; мунтаҳо дар тӯли якдигар (на дар арз ва ба таври ширкат). Ва ҳангоме, ки аз ҷанбаи ахлоқӣ мутолеа мекунем, боз мебинем на ин аст, ки сириштҳои маврусӣ собит ва ғайриқобили тағйир бошад, ва на ин аст, ки мавзӯи сиришт ва тинат ва ахлоқи маврусӣ ба куллӣ дурӯғ бошад, балки амрест байни амрайн. Яъне дар айни ин ки порае аз ахлоқ бо авомили виросат аз насле ба насле дигар мунтақил мешавад, бо авомили тарбиятӣ қобили тағйиру табдил ва коҳишу афзоиш аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: