Дар Ландан барои Қатар амири ҷадиде тайъин карданд

Семинори “муъоризони Қатар”, ки бо ҳимояти Арабистони Саудӣ дар Ландан дар ҳоли баргузорист, Абдуллоҳ бен Алӣ Оли Сониро ба унвони амири Қатар муаррифӣ кард.

Нахустин конфронси муъоризони Қатар пас аз бӯҳрони ба вуҷуд омада дар равобити Дуҳа бо чаҳор кишвари арабӣ, бо ҳузури муъоризони қатарӣ, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои окодемики ҷаҳонӣ таҳти унвони “Қатар аз манзари амният ва саботи ҷаҳонӣ” дар Ландан баргузор шуд.

Муъоризони Қатар дар ин нишаст Абдуллоҳ бен Алӣ Оли Сониро ба унвони амири Қатар муаррифӣ карданд.

Холид ал-Ҳил, муъоризи қатарӣ низ бо суханронӣ дар ин конфронс муддаӣ шуд, ки низоми Қатар барои ҷилавгирӣ аз баргузории ин конфронс ришваҳое пардохт карда буд.

Ал-Ҳил бар зарурати “тағйири низоми ҳокими Қатар ба далели ҳимоятҳои он аз теруризм” таъкид кард ва афзуд: “Низоме, ки аз ифротигарӣ ва теруризм ҳимоят мекунад, боисте барои тағйири он иқдом кард.”

Вай, баргузории ин конфронсро “як рухдоди таърихии сарнавиштсоз дар ояндаи Қатар” баршумурд.

5 меҳвари аслии ин конфронс, ҳимояти низоми Қатар аз теруризм, робита бо Эрон, тамоюлоти Қатар барои нуфузи ҷаҳонӣ ва дар айни ҳол нақзи қавонини ҳуқуқи башари байналмилалӣ, шабакаи Алҷазира ва иқтисод ва жеупулитик ва амнияти энержии байналмилалӣ унвон шудааст.

Ин конфронс бо назорати Холид ал-Ҳил, бозаргон ва муъоризи қатарӣ ва гурӯҳе аз муъоризони қатарӣ баргузор шуд.

Абдуллоҳ бен Алӣ бен Абдуллоҳ бен Ҷосим Оли Сонӣ ҳамон касест, ки ахиран бо миёнҷигарии худ Малик Салмонро ба бозгушоии гузаргоҳи марзии Салво ва интиқоли ҳоҷиёни қатарӣ ба Арабистони Саудӣ мутақоъид кард.

Вай фарзанди Алӣ бен Ҷосим Оли Сонӣ, аз нахустин амирони Қатар пас аз истиқлоли ин кишвар ва чаҳорумин ҳокими он аст ва пас аз падараш, бародараш Аҳмад қудратро ба даст гирифт, то ин ки Шайх Халифа Оли Сонӣ, падари Ҳамад бен Халифа Оли Сонӣ амири собиқи Қатар ба қудрат расид.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: