Ислом ва Эронзамин (72)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (35)

Фалсафа ва ҳикмат (14)

(Аз Ардистонӣ то Гилонӣ)

Табақаи бисту панҷум

1) Мулло Муҳаммадсодиқи Ардистонӣ. Аз аҳволи ӯ иттилои дурусте надорем, ҳамин қадр медонем марде ҳаким ва зоҳид ва муртоз буда ва мавриди бемеҳрӣ ва такфири бархе муосирин қарор гирифта ва табъид шуда ва дар соли 1134 даргузаштааст.

Тибқи гуфтаи оқои Ҳумоӣ ва оқои Оштиёнӣ, аз Мулло Муҳаммадсодиқ рисолае боқӣ монда ба номи “Ҳикмати Содиқия” дар бораи нафс ва қувваҳои моддӣ ва маънавии он.

2) Шайх Иноятуллоҳи Гилонӣ. Ин мард мударриси фалсафаи Машшоъ ва аз таломизи Мир Қивоми ҳаким аст.

3) Мир Сайидҳасани Толиқонӣ. Ин мард мударриси “Шарҳи Фусус”-и Муҳйиддин ва китобҳои Шайхи Ишроқ будааст.

* * *

Табақаи бисту шашум

1) Мулло Исмоили Хоҷуӣ. Аз машоҳири ҳукамои қуруни ахира аст. Аслан мозандаронӣ аст. Соҳиби “Равзот” аз ин мард таҷлили фаровон мекунад, ӯро ба илм ва ҷомеъияти маъқулу манқул ва тақво ва маънавият ва матонат ва виқор сахт меситояд. Мегӯяд, Нодиршоҳ, ки нисбат ба аҳаде тавозӯъ надошт, дар баробари ин мард фурӯтанӣ мекард. Замони ин мард муқорин аст бо фитнаи афғон. Ҳаким Хоҷуӣ дар бархе навиштаҳояш аз он фитна нолаҳо сар додааст. Соҳиби “Равзот” мегӯяд, ба ҳеч ваҷҳ маълум нест, ки асотиди ӯ чӣ касоне будаанд. Фалсафа баъд аз фитнаи афғон ба василаи ин марди бузург идома ёфта. Шогирдони боризе дар ҳавзаи дарсаш парвариш ёфтаанд аз қабили Оқо Муҳаммади Бедободӣ, Мулло Маҳдии Нароқӣ, Мирзо Абулқосими Мударриси Исфаҳонӣ, Мулло Меҳроби Ҳакими Гилонӣ. Вай дар соли 1173 даргузаштааст.

2) Мирзо Муҳаммадтақии Алмосӣ. “Равзот” аз ӯ ба унвони наводаи марҳуми Маҷлисӣ ёд мекунад. Падараш наводаи Маҷлисии Аввал будааст ва аз касонест, ки дар буқъаи марҳум Маҷлисӣ дар Исфаҳон мадфун аст. Ва ҳам тасреҳ мекунад, ки устоди Оқо Муҳаммади Бедободӣ будааст.

Оқои Ҳумоӣ дар муқаддимаи “Шарҳ машоир” ду нафари дигар аз муосирони Мулло Исмоили Хоҷуиро ном мебаранд:

3) Мулло Ҳамзаи Гилонӣ. Шогирди Мулло Муҳаммадсодиқи Ардистонӣ буда ва дар соли 1134 даргузаштааст.

4) Мулло Абдуллоҳи Ҳаким. Ӯ низ монанди Хоҷуӣ ва Алмосӣ аз асотиди Оқо Муҳаммади Бедободӣ ба шумор меравад.

* * *

Табақаи бисту ҳафтум

1) Оқо Муҳаммади Бедободии Гилонии Исфаҳонӣ. Аз бузургони ҳукамои қуруни ахира ва эҳёкунандаи фалсафаи Муллосадрост. Аз замони Садрулмутааллиҳин ба баъд ҳарчанд афкор ва андешаҳои ӯ дар миёни фузало хусусан онон, ки силсилаи шогирдиашон ба худи вай мерасида матраҳ будааст, вале зоҳиран ҳанӯз мавҷи афкори пешиниён аз қабили Бӯалӣ ва Шайхи Ишроқ ғалаба доштааст, хусусан дар ниҳлае, ки аз Мирфиндирискӣ ва сипас Мулло Раҷабалии Табрезӣ иншиъоб ёфтааст.

Чунонки медонем — ва худи Муллосадро низ бозгӯ мекунад — Муллосадро дар замони худаш шӯҳрат ва эҳтироме надоштааст, монанди яке аз туллоби оддӣ зиндагӣ мекарда, дар сурате, ки Мулло Раҷабалии Табрезӣ (масалан), ки тақрибан муосири ӯст, дар марҳилае аз эҳтиром буд, ки шоҳу вузаро ба дидораш мешитофтаанд. Андешаҳои Садро тадриҷан шинохта шуд ва рӯ омад. Зоҳиран он даҳонаи фарҳанг, ки ин оби ҷории зеризаминӣ аз онҷо комилан зоҳир шуд ва бар ҳама падидор гашт, марҳум Оқо Муҳаммади Бедободӣ аст.

Вай, мутобиқи нақли “Равзот”, марде фавқулъода зоҳид, муттақӣ, богузашт, исоргар, соддазист будааст. Шайх Оқобузурги Теҳронӣ дар китобҳои худ аз ӯ ба унвони як орифи солик ёд мекунад. Ӯ воқеан марде ахлоқӣ ва муҳаззаб, балки солик будааст. Дар соли 1352 шамсӣ ду рисолаи кучак аз вай дар сайру сулук ба забони форсӣ ба василаи оқои Мударрисии Таботабоӣ аз афозили Қум, замимаи маҷаллаи “Ваҳид” чоп шуд. Руҳи ахлоқӣ ва ирфонии Бедободӣ мӯҷиби эърози ӯ аз таваҷҷӯҳ ба соҳибони зару зӯр буд. Онҳо ба ӯ рӯ меоварданд ва ӯ эъроз мекард.

Бедободӣ шогирдони бисёре парвариш додааст, ки анқариб аз онҳо ёд хоҳем кард, ва дар соли 1197 даргузашт.

2) Мулло Маҳдии Нароқии Кошонӣ. Аз бузургони фуқаҳо ва ҳукамост. Ӯ ва писараш Мулло Аҳмади Нароқӣ аз бузургони уламои ислом ба шумор мераванд ва ҳар ду ба ҷомеъият маъруфанд. Марҳум Сайид Муҳаммадбоқири Шифтии Исфаҳонӣ ва Ҳоҷ Муҳаммад Иброҳими Калбосӣ назди ӯ таҳсили ҳикмат кардаанд ва худи вай шогирди Мулло Исмоили Хоҷуӣ будааст.

3) Мирзо Абулқосими Ҳусайнии Хотунободӣ маъруф ба Мударрис. Аз машоҳири мударрисини фалсафа дар Исфаҳон ва аз хонаводаи Мир Муҳаммадҳусайни Хотунободӣ сибти Маҷлисӣ будааст. Шогирди Мулло Исмоили Хоҷуӣ буда ва дар соли 1203 даргузаштааст.

4) Мулло Меҳроби Гилонӣ, ҳаким ва орифи машҳур. “Райҳонатул-адаб” ӯро аз шогирдони Хоҷуӣ ва Бедободӣ шумурдааст, вале “Равзот” аз ӯ фақат ба унвони шогирди Хоҷуӣ ёд кардааст. Бино бар нақли Оқобузурги Теҳронӣ дар “Нуқабоул-башар” (сафҳаи 1114), марҳум Мирзо Абдурраззоқхони Бағоирӣ соҳиби китоби “Маърифатул-қибла”, ки дар соли 1372 ҳиҷрии қамарӣ вафот кард, аз духтарзодагони Мулло Меҳроб будааст. Мулло Меҳроб дар соли 1197 даргузаштааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: