Тармими равобити Эрон ва Ӯзбакистон

Гузориши Шаҳзода Самарқандӣ дар пойгоҳи Radiozamaneh

Нишасти давраии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ки 10-уми моҳи сентябр дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор шуд, фурсате барои кишварҳои Эрон ва Ӯзбакистон эҷод кард, ки ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро, ки муддатҳост мутаваққиф шуда аз сар бигиранд.

Онҳо аз ҳамкориҳои ҷадиди иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмӣ ва фаннӣ сӯҳбат карданд ва ҳамин тавр эълом карданд, ки дар мубориза алайҳи теруризм барномаҳои муштаракеро дар назар гирифтаанд.

Ӯзбакистон муддатест, ки дар ҳоли ҷалб кардани сармоягузорони хориҷӣ аст, то битавонад ҷараёни сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ ва роҳсозии Ӯзбакистонро сареътар кунад. Ба ҳамин хотир аст, ки Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ҳасан Руҳониро ба Ӯзбакистон даъват кардааст. Охирин бор Хотамӣ, раисиҷумҳури собиқи Эрон, дар даврони ҳукумати Ислом Каримов ба Ӯзбакистон сафар карда буд. Сафаре, ки муваффақияти чандоне ба ҳамроҳ надошт.

Ҳарчанд Ӯзбакистон дар робита бо ҳамкориҳои худ бо Эрон муҳофизакорона бархӯрд мекард, аммо дар даврони боло гирифтани фишорҳо алайҳи Эрон ва доғ шудани парвандаи нерӯгоҳи ҳастаии Эрон, Ислом Каримов ба ҳимоят аз Эрон бархост. Аммо равобити дӯстонае байни кишвари Ӯзбакистон ва Эрон ба вуҷуд наомад ва талошҳои аввалия пас аз сафари Муҳаммади Хотамӣ оҳиста ва ба мурур, мутаваққиф шуд.

Агар Ҳасани Руҳонӣ даъвати оқои Мирзиёевро бипазирад ва озими Ӯзбакистон бишавад, ин дуввумин талош барои ҳамкорӣ байни ин ду кишвар хоҳад буд. Ин мулоқот ва сӯҳбатҳои аввалия дар замоне сурат мегирад, ки сардии амиқе байни кишварҳои ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон дар тӯли ду соли гузашта ба вуҷуд омадааст.

Мирзои Салимпур, сардабири сойти “Ахбор”, дар гуфтугӯ бо Radiozamaneh мегӯяд, фурсатҳоеро, ки Тоҷикистон аз даст дода, ҳоло метавонад дар ихтиёри кишвари ҳамсоя, Ӯзбакистон қарор бигирад. Эрон низ дар ҳоли афзоиш додани пуштибонони минтақаӣ аст ва мумкин аст аз фурсати наздик шудан бо Ӯзбакистон ба хубӣ истифода кунад. Агар Эрон ин бор аз дари мазҳаб ворид нашавад ва ҳамкориҳои худро сирфан иқтисодӣ ва сиёсӣ ва фарҳангӣ нигаҳ дорад, эҳтимоли муваффақияташ зиёд аст.

Ба гуфтугӯи Мирзои Салимпур метавонед дар инҷо гӯш диҳед:

Яке аз далоили номуваффақ мондани сафари Хотамӣ ба Ӯзбакистон, тафовути мазҳабии ин ду кишвар буд. Ӯзбакистон аз лиҳози мазҳаби суннӣ аст ва нигаронии пинҳонӣ аз фаъолиятҳои динӣ ва мазҳабии Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад. Ин нигарониро дар сахтгириҳои давлати Ӯзбакистон нисбат ба шаҳрвандони худ мешавад дид, ки ба Эрон сафар кардаанд.

Нуктаи ҳассоси дигаре, ки мумкин аст Ӯзбакистонро дар наздикӣ бо Эрон нигарон кунад, шаҳрҳое мисли Самарқанд ва Бухоро ва вилоёти Фарғона ва Сурхондарё ва Қашқадарё ва Нурота аст, ки дар он форсизабонони зиёде аз қавми тоҷик сукунат доранд. Масоили марзӣ ва қавмӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна мавзӯи доғ аст ва ба далели марзкашиҳои аҷулона ва бераҳмонаи даврони Шӯравӣ бисёре аз хонадонҳо аз аъзои хонаводаҳои худ ҷудо мондаанд ва фурӯпошии Шӯравӣ ин мавзӯъро барҷастатар кардааст.

Шояд ба далели ҳассосият нисбат ба амри фарҳанг аст, ки дар мавзӯъҳои мавриди алоқаи Ӯзбакистон дар ҳамкориҳои худ бо кишвари Эрон, сухане аз ҳамкорӣ дар ин замина шунида намешавад.

Ӯзбакистон ду даҳа аст, ки талош мекунад роҳҳои тиҷории худро ба роҳҳои обии халиҷи Форс бирасонад ва то ба ҳол номуваффақ мондааст. Ин барномаи Ӯзбакистон агар бо ҳамкории Эрон амалӣ бишавад ва пахтаи Ӯзбакистон роҳҳои тозае ба бозори ҷаҳонӣ пайдо кунад, мешавад гуфт, ки Ӯзбакистон бузургтарин гоми худро ба унвони тақвияти иқтисоди хеш бардоштааст.

Radiozamaneh



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: