Фалсафа ва равиши реализм (117)

Зарурат ва имкон (19)

Ҷабру ихтиёр (6)

Баҳсе бо моддигароён

Моддигароён сад дар сад тарафдори ақидаи ҷабр ҳастанд ва ҳар гуна ихтиёр ва озодиро аз инсон дар муқобили авомили моддии муҳит ва ҷабри таърих мунтафӣ медонанд. Моддигароён кӯшиш мекунанд, ки инсонро сад дар сад маҳкуми табиат ва тобеъи табиат ва мақҳури табиат ҷилва бидиҳанд ва ӯро дар тамоми афъол ва осор ва афкор ва интихоби хатти машй ва роҳу равиш ва маслаку амал тобеъи вазъи махсуси муҳити моддӣ ҷилва бидиҳанд. Моддигароён тибқи ҳамин ақидаи моддии худ, таърихи башарро ба таври моддӣ тавҷеҳ ва тафсир мекунанд, яъне ҳар амал ва ҳар вазъ ва ҳар намуди иҷтимоӣ ва ҳар ҳаракат ва татаввур ва инқилоби иҷтимоиро сирфан мавлуди вазъи моддии муҳит медонанд ва шароити мухталифи муҳити моддиро бавуҷудоварандаи он вазъ ва он ҳолат медонанд. Ба ақидаи моддигароён, пайдоиши маромҳо ва маслакҳо ва мазоҳиб ва системҳои фалсафӣ ва ҳунарҳо ва донишҳо дар ҳар асре, инъикоси вазъи махсуси ниёзҳои моддии зиндагонии башар дар он аср аст ва хулоса на танҳо “мояи айши одамӣ шикам аст”, балки мояи фикру ақл ва илму фалсафа ва ҳунару ахлоқ ва ҳар таҷаллии руҳӣ ва маънавии инсон ҳамоно шикам ва монандҳои шикам аст.

Моддигароён барои исботи ақидаи ҷабрии худ, ба сафсатаҳои аҷибе мутавассил мешаванд.

Дуктур Аронӣ (аз назарияпардозони моддигароӣ) дар ҷузваи “Ҷабру ихтиёр” пас аз он ки муқаддимаи қонуни иллиятро баён мекунад ва мегӯяд, пайдоиш ҳаводис тибқи қонунҳо ва навомиси муайяни иллӣ ва маълулӣ сурат мегирад, мегӯяд:

Дар сурате, ки дар табиат ҳеч амре бидуни иллат ва далел воқеъ намешавад ва умуми ҳаводис мубтанӣ бар қонунҳои муайян ва низоми мусалламе ҳастанд ва ташреҳ кардем мақсуд аз “қонун” ё “номус” чист, бояд дид ин навомис ҷабрӣ ҳастанд ё ихтиёрӣ? Яъне, оё қонунҳои олам бояд ҳатман ин тавр бошанд ё мумкин буд ба шакли дигар дароянд? Ба иборати дигар, дунёи феълӣ воҷиб аст ё мумкин? Ҷавоби ин суол возеҳ аст; зеро дар сурате, ки қабул кардем ҳар амреро иллате ва ҳар иллатеро маълулест, яъне ҳамвора мутаъоқиби ҳар мавқеият ва иллатҳои муайяне натоиҷи муайян меояд, наметавонем тасаввур кунем, ки дунё “мумкин” бошад. Зеро дар ин сурат лозим мешавад силсилаи иллату маълулии худро дар ҷое мутаваққиф пиндорем ва ин мухолифи асле аст, ки фавқан қабул намудаем. Зеро бояд он маҳалли таваққуфро маълули бе иллат бидонем ва ин мантиқан маҳол аст. Пас, аз инҷо ин тавр натиҷа мегирем, ки дар табиат эъҷоз нест.”

Аввалан, мавзӯи “ҷабру ихтиёр”, ки марбут ба кайфияти судури афъоли инсон аз инсон аст ва даҳҳо қарн собиқаи баҳси фалсафӣ дорад, чӣ рабте дорад ба ин ки мо бигӯем: “Оё қонунҳои олам боисте ҳатман ин тавр бошанд ё мумкин буд ба шакли дигар дароянд?”

Сониян, фаразан мо ҷабру ихтиёрро ба ҳамин маъно гирифтем, боз ин мавзӯъ чӣ рабте дорад ба ин ки бигӯем: “Оё дунёи феълӣ воҷиб аст ё мумкин?” Ва магар мунофоте аст байни ин ки мо ин ҷаҳонро мумкин бидонем ва дар айни ҳол зарурат ва эҷоби иллӣ ва маълулиро қабул кунем? Мо қаблан гӯшзад кардаем, ки моддигароён байни “вуҷуби ғайрӣ” — ки ҳамон вуҷуби иллӣ ва маълулӣ аст ва бо имкони зотӣ қобили ҷамъ аст — ва “вуҷуби зотӣ”, ки бо ҳеч наҳв имкон қобили ҷамъ нест, натавонистаанд фарқ бигузоранд. Ин маврид шоҳиди он муддаои мост.

Солисан, ин ки мегӯяд: “Агар дунё мумкин бошад, лозим мешавад силсилаи иллату маълулии худро дар ҷое мутаваққиф пиндорем”, чӣ маъно дорад? Агар мақсуд ин аст, ки лозим мешавад мо силсилаи иллатҳоро мунтаҳӣ ба иллатулилал ва воҷибулвуҷуд бидонем, пас ин ки мегӯяд: “Бояд он маҳалли таваққуфро маълули бе иллат бидонем” яъне чӣ? Магар маънои воҷибулвуҷуд ин аст, ки маълули бе иллат аст?!

Робеъан, ин натиҷа, ки охири кор мегирад ва мегӯяд: “Пас дар табиат эъҷоз нест” яъне чӣ? Магар тарафдорони эъҷоз муддаӣ ҳастанд, ки эъҷоз иборат аст аз як маълули билоиллат? Агар эъҷоз маълули билоиллат аст, пас чӣ робитае бо қудрати оварандаи он дорад?!

Ҳақиқатан дар чанд сатр ин андоза сафсата кардан бисёр шигифтовар аст ва аҷибтар ин ки бо чунин мантиқи “муҳкам” мехоҳанд ҷабри моддиро исбот кунанд ва таърихро тибқи дилхоҳи худ тафсиру тавҷеҳ кунанд. Баъд аз чанд сатр мегӯяд:

Ин мавзӯъ дар истилоҳи фалсафӣ ба масъалаи ҷабру ихтиёр (тафвиз) мавсум аст ва ҳалли он, поя ва асоси умуми фалсафаҳо ва ақоид аст. Мӯътақидини иҷборӣ будани иродаи инсониро “ҷабриюн” ва мухолифини онҳоро “тафвизӣ” ё “ихтиёрӣ” мегӯянд.”

Аз он чӣ мо собиқан гуфтем маълум шуд, ки “тафвиз” аз истилоҳоти махсуси Мӯътазила аст ва мафҳуми хоссе медиҳад ва маънои тафвиз на муродиф бо ихтиёр аст, ки мавриди қабули мост ва на муродиф бо зидди иллият. Ва он ҷо, ки луғати “ҷабр” низ дар муқобили луғати “тафвиз” ба кор бурда мешавад, мафҳуми хоссе медиҳад, ки мо қаблан баён кардем ва он низ рабте ба мафҳуми “иллият” ё мафҳуми “эҷоби иллӣ ва маълулӣ” надорад. Ҳамчунин мегӯяд:

Иллати умдаи пайдоиши ин ақида (ақидаи ихтиёр) аз ин ҷост, ки ағлаби авқот тасаввури истиқлоли иродаро бо худи истиқлол ва ихтиёр иштибоҳ мекунем. Масалан, фарз кунем нотиқе дар мавқеъи нутқ, гилоси (ҷоми) оберо дар баробар дорад ва пас аз он ки муддате сӯҳбат кард, ҷуръае аз оби гилос (ҷом) менӯшад. Касе ӯро маҷбур ба нӯшидани об накард, худи ӯ ихтиёран гилосро бардошта ва нӯшид. Мусалламан назди худ эҳсоси ин ихтиёрро низ менамояд, вале оё ин итминони ӯ бар ихтиёри хеш далел аст бар ин ки ӯ воқеан бо ихтиёр обро нӯшид? На, зеро ҳар шахси дақиқе мефаҳмад, ки агар нотиқ гилоси обро бо ин ҳарорат ба сар кашида, иллати ин аст, ки гулӯяш хушк шуда ва ин хушкии гулӯ дар асари ҳарф задани ӯст, ки мунтиҷ ба ҳудуси тағйироте дар гулӯи ӯ шуда, ки билохира мунҷар ба ошомидан гардида. Пас, иллати ин кор тағйири физиологӣ (ҷисмонӣ) буда, ки дар нотиқи мо пайдо шуда ва ӯро маҷбур ба нӯшидани об кардааст.”

Аввалан, мавзӯи мухтор будан ва озод будани инсон, иртиботе бо мавзӯи истиқлоли ирода надорад. Албатта, иродаи инсон низ ҳодисаест аз ҳаводиси олам ва пайдоиши вай дар асари иллатҳои муайяне аст.

Ва сониян, ин ки мегӯяд: “Тағйири физиологӣ нотиқро маҷбур карда, ки об бинӯшад”, ғалат аст. Ин гуна авомил ҳамвора инсонро ба тарафи амал таҳрик мекунад, вале маҷбур намекунад. Яъне, қудрати муқовимати инсон дар муқобили ин авомил ҳамеша маҳфуз аст ва агар аҳёнан пас аз санҷишу муқоиса фаҳмид, ки зарари нӯшидани об бар фоидааш ғалаба дорад — мисли он ки чунин ташхис дод, ки ин нӯшидан дар ин ҳол мӯҷиби аворизи нохушӣ хоҳад шуд — ҷилави он таҳрики ғаризиро мегирад ва аз нӯшидани об сарфи назар мекунад. Пас, инсон ҳеч иҷборе дар муқобили таҳрикоти ғаризӣ, ки аз табиати моддӣ сарчашма мегирад надорад. Инсон дорои шахсияти ахлоқӣ аст. Шахсияти ахлоқии инсон вобаста ба миқдори муқовимате аст, ки дар муқобили ҳамин таҳрикот нишон медиҳад. Ва агар иродаи инсон сад дар сад мутеъи ин таҳрикот аст, пас шахсияти ахлоқӣ маъно надорад.

Дар ин маврид як нуктаи равоншиносӣ ҳаст, ки ба навбаи худ ҳовии сирри фалсафии бузурге аст. Он нукта ин аст, ки инсон ҳангоме, ки ба манзури ахлоқӣ дар муқобили таҳрикоти шаҳавонӣ муқовимат мекунад, дар худ эҳсоси пирӯзӣ ва муваффақият мекунад ва дуруст мисли ин аст, ки бар ҳарифе фоиқ омада ва ӯро шикаст додааст. Ва баръакс ҳар гоҳ, ки ба манзури ҳадафи шаҳавонӣ аз ҳадафи ахлоқӣ сарфи назар мекунад, дар худ эҳсоси заъфу шикастхӯрдагӣ менамояд ва дуруст ҳамон ҳолате ба вай даст медиҳад, ки аз ҳарифе шикаст мехӯрад, ва ҳол он ки дар ҳар ду ҳол фоъил як шахс аст ва иродаи як шахс аст, ки мубодират ба амал намудааст. Ин нуктаест, ки равоншиносон ёдоварӣ кардаанд ва ба илова ҳар касе метавонад аз мутолеаи замири худ онро биёбад.

Ин нукта мерасонад, ки ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии инсон нисбат ба ҳаёти моддии вай асолати бештаре дорад ва шахсияти воқеии инсон вобаста ба ҳадафҳои маънавӣ ва ахлоқист, ва ҷанбаҳои ҳайвонӣ ва шаҳавонӣ туфайлиҳои шахсияти воқеии инсон аст. Ва он ҷо, ки эҳсоси зафар мекунад, чун шахсияти воқеиаш яъне “худаш”, бар туфайлиҳои вуҷудаш фоиқ омада. Ва он ҷо, ки эҳсоси шикастхӯрдагӣ мекунад аз ин аст, ки шахсияти воқеиаш аз туфайлиҳои вуҷудаш шикаст хӯрдааст. Яъне ин эҳсоси зафар ва эҳсоси шикастхӯрдагӣ, аз ғаризаи алоқа ба шахсият сарчашма мегирад.

Ва аз инҷо иҷмолан бояд фаҳмид, ки бар хилофи назари моддигароён ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии инсон тобеъи ҳаёти моддии вай нест ва аз худ истиқлол дорад. Тавзеҳи бештар ин матлабро дар ҷойи дигар хоҳем дид.

Ҳамчунин дуктур Аронӣ мегӯяд:

Иддае аз фалосифа назар ба ин ки заъфу бепоягии ақидаи ихтиёрро дарк намудаанд, барои ин ки дучори ишколоти адидае, ки бар ин ақида ворид аст нашуда ва дар айни ҳол ақоиди пӯсида ва мундараси тафвизиро аз измиҳлоли қатъӣ ҳифз намоянд, тариқаи илтиқотро пеш гирифта, ҳадди васати ин ду ақидаро қабул намудаанд; на тамоми аъмол ва афъолро ҷабрӣ ва на куллияи онҳоро ихтиёрӣ медонанд, амрро байни амрайн фарз карда ва гоҳе ба наъл ва замоне ба мех, каҷ дору марез, масоили фалсафиро бо мағлата ва сафсата барои муридони хеш ба ҳар шакл ҳаст тавзеҳ медиҳанд. Бе фоида аст бигӯем, ки ин ақида ҳам мисли ақидаи тафвиз маҳкум ба бутлон аст. Чӣ, натиҷаи қабули ин фикр ин хоҳад буд, ки баъзе аз афъол иллате доранд ва бархе фоқиди онанд ва ё ин ки дар айни ҳол ҳам дорои иллат ва ҳам бе иллатанд.”

Ҳақиқатан ман мутаҳайирам номи ин гуфтаҳоро ҷаҳл бигузорам ё таҷоҳул ва тақаллуб ва таҳриф! Мо қаблан машрӯҳан тавзеҳ додем, ки таъбири “амрун байна амрайн” таъбире аст, ки аввалин бор тавассути пешвоёни дин дар мавриди дахолати иродаи зоти Борӣ дар пайдоиши афъоли инсон ё мутлақи ҳаводиси ҷаҳон иброз шуда ва кучактарин тамосе бо қабул ё инкори қонуни иллият надорад. Ва ин матлаб дар таърихи илми калом собиқаи равшан ва возеҳе дорад ва ҳар касе бо андак муроҷеае метавонад матлабро кашф кунад. Назарияи “тафвиз” ва “амрун байна амрайн” аз тарафи фалосифа иброз нашуда, ки фалосифаи тафвизӣ барои наҷоти хеш мутавассил ба назарияи “амрун байна амрайн” шуда бошанд. Ва иттифоқан агар мафҳуми “ҷабр” ва “тафвиз” ва “амрун байна амрайн”-ро аз ҷанбаи каломӣ дар назар бигирем ва бо назарияҳои фалсафӣ муқоиса кунем, назарияи тафвизро наздиктарини назарияҳо ба фалсафаи моддӣ хоҳем ёфт, зеро тарафдорони ин назария, ки Мӯътазила ҳастанд, мӯътақиданд, ки олам пас аз хилқати аввалия, ба худ тафвиз шуда ва иродаи Худованд дар пайдоиши ҳаводиси ҷаҳон дахолате надорад. Ва чунонки мебинем, ин назария то андозае ҷанбаи материалистӣ дорад.

Ва аммо назарияи ҷабр (муқобили тафвиз) сад дар сад як назарияи ба истилоҳ идеалистӣ аст, зеро робитаи иллӣ ва маълулӣ ва сабабӣ ва мусаббабиро байни ҳаводиси ҷаҳон ба куллӣ мункир аст ва ҳамаи ҳаводисро мустақиман мавлуди иродаи зоти Борӣ медонад.

Ҳамчунин мегӯяд:

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки эътиқод ба “иттифоқ” моро мустақиман водор ба имон ба умури хориқулода ва эъҷоз намуда, маҷбур ба хилқат аз адам ва соири аботили дигар мекунад, чунонки Арасту ва Сисерун (Ciceron) ва Лойбнитс (Leibniz) ва Кристен Вулф барои исботи сонеъ мутамассик ба ақидаи иттифоқ гардида…

Дар инҷо ҷуз он ки бигӯем дурӯғу тақаллубу таҳриф ба охирин ҳадди худ расида, чизи дигаре наметавонем бигӯем. Хонандаи мӯҳтарам худаш медонад, ки ақидаи иттифоқ муноқизи ақидаи исботи сонеъ аст ва то кунун дар ҳамаи ҷаҳон як нафар ҳакими илоҳӣ ҳам пайдо нашуда, ки мутамассик ба ақидаи иттифоқ барои исботи сонеъ шуда бошад.

Агар касе ба ин рисолаи кучаки 12-сафҳаӣ муроҷеа кунад ва иттилооти нисбатан ҷомеъе дар ин мавзӯъот дошта бошад, мефаҳмад, ки чӣ андоза дар ин рисолаи кучак росту дурӯғ ба ҳам омехта шуда ва мағлата ва сафсата ба кор рафтааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: