Шарҳи Маснавӣ (211)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (37)

* * *

Мазаррати таъзими халқ ва ангуштнамой шудан (2)

* * *

Ӯ, чу бинад халқро сармасти хеш,

Аз такаббур меравад аз дасти хеш.

Он асири тан вақте ки мебинад ҳамаи авомили дохилӣ ва хориҷӣ сармасти ӯ ҳастанд, аз шиддати худбинӣ ва худбузургбинӣ хештани хешро гум мекунам.

Ӯ надонад, ки ҳазоронро чу ӯ

Дев афкандаст андар оби ҷӯ.

Ин мамдуҳи фиребхӯрда намедонад, ки ҳазорон нафари дигарро шайтон ба миёни оби ҷӯйи фасоду худбинӣ афканда ва хорашон намудааст.

Лутфу солуси ҷаҳон х(в)аш луқмаест,

Камтараш хӯр, к-он пуроташ луқмаест.

Агарчи нармишу чоплусии мардуми ҷаҳон ҳамчун луқмае лазиз ва дилпазир аст, вале ту бояд то метавонӣ аз ин луқма камтар бихӯрӣ, ки дар воқеъ луқмае оташнок аст.

Нукта: Ба гуфтаи Ҳаким Сабзаворӣ, эҳтимол дорад, ки дар мисроъи дуввум таъбири “пуроташ луқмаест” баргирифта аз ояти 174 сураи Бақара бошад, ки мефармояд:

مَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ إِلاَّ النَّارَ

Онон шиками хешро ҷуз бо оташ пур намекунанд.” (Шарҳи Асрор, с.59)

Оташаш пинҳону завқаш ошкор,

Дуди ӯ зоҳир шавад поёни кор.

Оташи он луқмаи оташнок пинҳон аст, вале завқи он ошкору аён аст. Ва дуди он оташ дар поёни кор ба хусус дар рӯзи қиёмат, пайдо ва зоҳир мешавад.

Ту магӯ: он мадҳро ман кай х(в)арам?

Аз тамаъ мегӯяд ӯ, пай мебарам.

Ту ин ҳарфро назан, ки ман кай мадҳи он маддоҳро мепазирам? Зеро ман медонам, ки мадҳи ӯ ба хотири озу тамаъ аст. Пас, ман ба тамаъи ӯ пай мебарам ва фиребашро намехӯрам.

Модеҳат гар ҳаҷв гӯяд бармало,

Рӯзҳо сӯзад дилат з-он сӯзҳо.

Агар маддоҳ ва ситоишгарат туро ошкоро ҳавҷ гӯяд, чанд рӯзе бар асари он суханони пурсӯз дилат оташ мегирад.

Нукта: Шакке нест, ки мадҳу сано мӯҷиби ғурури нафс мешавад, вале чун мадҳ ширин ва матбуъ аст, асари он сареъан ошкор намешавад ва танҳо вақте намоён мегардад, ки мадҳе гуфта нашавад. Дар ҳоле ки замму ҳаҷв фавран асари худро мегузорад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.579)

Гарчи донӣ, к-ӯ зи ҳирмон гуфт он,

К-он тамаъ, ки дошт аз ту, шуд зиён.

Ҳавҷу накӯҳиши накӯҳишгар дар ту таъсири бад мегузорад ҳарчанд ки ту яқинан бидонӣ, ки накӯҳиши ӯ ба хотири ин будааст, ки ту умеду тамаъашро посух нагуфтаӣ ва он накӯҳишу ҳаҷв бар асосе нест ва асолате надорад.

Он асар мемонадат дар андарун,

Дар мадеҳ ин ҳолатат ҳаст озмун.

Бар асари бадгӯӣ ва ҳаҷвшунавӣ асаре дар дилат мемонад, ин ду ҳолат дар мавриди мадҳ низ вуҷуд дорад ва метавонӣ онро имтиҳон кунӣ.

Мадеҳ: сухане, ки дар ситоиш гӯянд.

Он асар ҳам рӯзҳо боқӣ бувад,

Мояи кибру хидоъи ҷон шавад.

Асари мадҳу сано рӯзҳои мутаволӣ дар дили одамӣ боқӣ мемонад ва сабаби ғуруру фиреб хӯрдани ҷону равони ӯ мешавад.

Хидоъ: фирефтан, фиреб.

Лек нанмояд, чу ширин аст мадҳ,

Бад намояд, з-он ки талх афтод қадҳ.

Асари мадҳу қадҳ (бадгӯӣ) дар нафси инсонӣ амре мусаллам аст, вале асари мадҳ ба воситаи шириниаш маълум намешавад, аммо асари бадгӯӣ зуд маълум мегардад, зеро ки бадгӯӣ талх аст ва мазоқи одамӣ зуд ногувории онро эҳсос мекунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.580)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: