Бардагоне ҳастем дар либоси озодӣ

Ёддошти Камол Қурбон

Яке аз дардҳои кушанда, ки солҳост руҳи миллат ба он гирифтор аст, бардагӣ мебошад. Агар дар зиндагии ҳаммеҳанон бо диққати комил бингарем, асари латифи ин бардагии ниҳониро дар ниҳоди онҳо ба хубӣ мушоҳада хоҳем кард. Аз поён то боло, аз алиф то ба ё ба гунае бардахӯем. Андешаамон бардагӣ аст, хӯямон бардагӣ аст, рафтору гуфторамон бардагӣ аст. Руҳамон руҳи барда мебошад. Барда будан мехоҳем. Дастгоҳи эҳсоси истиқлол дар ниҳодамон таътил шуда, рагҳои бардагӣ комилан варамидаанд. Бардагоне ҳастем дар либоси озодӣ. Бардаи пулдорон, бардаи Русу Омрико, бардаи Чину Урупо.

Имрӯз аробакаш дар бозор, чӯпон дар кӯҳсор, деҳқон дар киштзор, дар муҳоҷирати меҳнатӣ омӯзгор, мардуми бекор ва низ таҳсилдидаҳои пуршумор барои низоми азҳампошидаи шӯравӣ дареғ мехӯранду оби ҳасрат мерезонанд, ки ин ҳама ҷӯшида ва зоида аз хӯи бардагист. Барояшон озодиву истиқлол арзише надоранд. Меъёри санҷиши ин даста аз мардумон шикам асту бас. Ишон зиндагӣ мекунанд, то бихӯранд ва мехӯранд, то зиндагӣ бикунанд. Мегӯянд, “он замон сериву пурӣ буд, инчунин буду ончунон буд”. Яъне, шикам, шикам ва боз ҳам шикам. Чун он раббашон озодашон кард, инҳо сахт гиристанд, ки озод шудаанд. Ранҷи мустақилл будан ва фишори истиқлол ёфтан ҷигарашонро мегазид, банди дилашонро мегсалид, ки “эй вой, мо бе русҳо чӣ мешавем?”

Вақте он оқо аз Кремлин мефармуд, корҳои бас тавоншикану тоқатфарсоро бидуни эҳсоси нороҳатӣ ба беҳтарин шева анҷом медодем, зеро ҷуз руҳи фармонбариву сарсупурдагӣ дар ниҳоди худ чизеро ба расмият намешинохтем. Аммо чун ба худамон вогузор шудем, ҳеч коре аз мо сохта нашуд, агарчи осонтарин корҳо буданд. На барои он ки танамон дар баробари он нотавон ва андешаамон барои дарёфти он гуна бораҳо норасост, балки барои ин аст, ки нафси мо рӯзгороне бидуни фармон омода ба кор набуда ва бидуни фармондеҳ наметавонад, душвориҳои вазифаи сангини зиндагиро ба худ ҳамвор созад, зеро руҳи бардагӣ ва пайравӣ аз ғайр ва фикри ҳалқабагӯшӣ бар жарфои башариятамон тасаллути комил дошта ва бе хоҷа мағзамон таътил шуд ва дасту поямон пеш нарафт ва ниёзи шадиде ба хориҷиён эҳсос кардем.

Ин рӯзгорон мардумон мусобиқа доранд. Мусобиқа барои барда шудану барда мондан. Ва ин бардашавиро номи дигаре гузоштаанд: Часпондан! Гумон намекунам, ки дар истилоҳи имрӯзиён чӣ маъно доштани ин вожа бароятон ноошно бошад. Мегӯянд, “фулон бо беҳмадон часпонидааст”. Яъне, бардаи ҳамон беҳмадон шудааст, зеро он беҳмон дорои пул ва обирӯй мебошад.
Аз миёни қаламбадастону донишиён низ чунин мечасбондагиҳо ва бардаҳо ҳастанд. Ишон касонеанд, ки ҳамвора қаламашон хидматгузори шикамашон будааст ва хирадашон сокини чашмонашон мебошад ва ҷуз барои худовандони зӯру зар наменависанд. Онон касонеанд, ки каромат ва шарофати худро дар хоки қадамгоҳи тавонгарон мечархонанд ва юғро бо дастҳои худ ба гарданҳояшон мегузоранд ва худро фидои нигоҳи хушнудиомезе ва вожаи мадҳу саное аз сӯи хоҷае ва оқое менамоянд ва хештанро ба хок меғалтонанду дар баробари дигарон кӯрниш мебаранд ва каҷу рост мешаванд. Яъне, барои расидан ба манзалат ва мартабати чокарону нӯкарон, на макону мақоми хоҷагону оқоён, мемиранд. Онҳо илми охурро омӯхтаанд. Илми “қолу ҳол”-ро раҳо карда, ба илми мол сахт чанг задаанд. Пиндорашон ин аст, ки агар бардаву хушомадгӯи касе набошанд, ҳазорҳо донистаниашон беҳуда ва бадарднахӯр мегардад.

Ин гуна мардумон ҳама арзишҳоро мансуб ба пул медонанд. Пул барояшон арзишофарин аст, на ману ту. Бар ин поя, ба пул на ба унвони абзори зиндагӣ, балки ба унвони зиндагӣ меандешанд ва худашон абзори пул астанд. Пулдор ва хари пулро гиромӣ медоранд ва бепулро кӯчак мешуморанд. Ҳатто одами беарзиши зери дасташон низ, ки пулдор мешавад, дар чашмашон бузургвору гиромӣ мегардад.

Фарқи бардаҳои садсолаҳои пешин аз бардагони имрӯза ин мебошад, ки сияҳрӯзони он рӯз арбобашонро барнамегузиданд ва бардагиро бадбахтиву зиллат мешумурданд ва бо тамоми нерӯ мекӯшиданд ва мол мебахшиданд, то озодашон бикунанд, аммо бардагони ин замон худашон хоҷаашонро ихтиёр мекунанд ва бардагиро некбахтиву ъиззат медонанд ва сахт талош мекунанд ва гоҳе пул низ медиҳанд, то ба бардагиашон бигиранд.

Хулоса, бардагӣ гунаҳои фаровон дорад ва он чи бекор карда шуд, танҳо як навъи он буду бас ва он ҳам дар коғазу қонун бекор шуд, на дар кирдор. Аммо чизе, ки бештар дилҳурабарангез мебошад, бардаандешиву бардахӯии аҳли хиради ватан мебошад, ки сар задани ин беморӣ аз ишон миллаткуш ва меҳансӯз хоҳад буд.

Ва мо — тоҷикону тоҷикистониён — бояд ба ёд биспарем, ки Русияву Омрико ва Чину Урупо ва низ дигар сардамдорони ҷаҳон бардаи сарсупурда ва гӯсфанди хушмазза ба кор доранд.

Ва мо бояд бидонем, ки зиндагӣ, яъне озодӣ ва озодӣ, яъне зиндагӣ.

Ва мо набояд паси гӯш афканем, ки:

Зиндагӣ дар бардагӣ шармандагист,

Маънии озод будан зиндагист.

Сар, ки хам гардад ба пои дигарон,

Бар тани мардон бувад бори гарон.

Манюаъ: Фейсбук



Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: