Сафири Арабистон дар Тоҷикистон: “Берун рондани Эрон аз Тоҷикистон муҳимтарин муваффақияти Арабистон аст”

Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфт: “Хушҳолем, ки бигӯем, ки мо дар Сафорати Саудӣ бо ҳамкории наздик бо дӯстонамон дар давлати тоҷик, тавонистем Эрон ва намояндагони онҳоро аз ин кишвари форсизабон берун кунем.”

Ба гузориши пойгоҳи “Ахбор ал-мамлакат” (пойгоҳи вобаста ба давлати Саудӣ), Абдулазиз бен Муҳаммад ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфт: “Равобити дуҷонибаи Подшоҳии Саудӣ ва Ҷумҳури Тоҷикистон шоҳиди таҳаввулоти мусбат дар замони ахир будааст, зеро акнун ин равобит дар муқоиса бо се даҳа пеш, ба болотарин сатҳи худ расидааст.”

Ал-Бодӣ таъкид кард: “Боздиди мақомоти аршади Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ ва ҳимояти онҳо аз масоили мавриди алоқаи Риёз дар дунёи ислом, мӯҷиби шукуфоии ҳарчи бештари равобити ду тараф шудааст ва дар сурате, ки даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз сӯи подшоҳи Арабистон барои дидори Душанбе пазируфта шавад, чашмандозҳои ҷадидеро дар равобити ду кишвар хоҳем дид.”

Сафири Арабистон дар идома афзуд: “Бо ин ки аксарияти мардуми Тоҷикистон форсӣ сӯҳбат мекунанд, вале Эрон наметавонад ҷойгоҳи муҳимме дар миёни афкори умумии тоҷик ба даст оварад. Суирафтори Эрон боиси адами эътимоди мақомоти тоҷик нисбат ба иқдомоти он кишвар шуда ва хушҳолем, ки бигӯем, ки мо дар Сафорати Саудӣ бо ҳамкории наздик бо дӯстонамон дар давлати тоҷик, тавонистем Эрон ва намояндагони онҳоро аз ин кишвари форсизабон берун кунем, бинобар ин акнун шоҳид ҳастем, ки сатҳи намояндагии диплумотик байни ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон рӯзона коҳиш меёбад ва марокизи диплумотик ва фарҳангии Эрон баста шудаанд, ва ин як пирӯзии бузург барои Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва раҳбари он аст.”

Бен Ал-Бодӣ ҳамчунин дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Риёз” низ ҳамин масъаларо таъкид кард.



Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , ,

1 reply

  1. мо дар Сафорати Саудӣ бо ҳамкории наздик бо дӯстонамон Амрикоиен дар давлати тоҷик, тавонистем Эрон ва намояндагони онҳоро аз ин кишвари форсизабон берун кунем.”, лекин мог медонем, ки берун куни ба мухлати на чандон даро, онхо боз бармегарданд. Об агар садпора гардад боз бо хам ошност

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: