Умар Мухтор

Ба баҳонаи солгарди шаҳодати Умар Мухтор

16 сентябри соли 1931 солрӯзи шаҳодати Умар Мухтор маъруф ба “Шери саҳро” аст. Касе, ки беш аз 20 сол раҳбари ҷунбиши муқовимати мардуми Либӣ алайҳи ишғолгарони итолиёӣ буд.

Умар ибни Мухтор ал-Ҳилолӣ маъруф ба Умар Мухтор, дар 20 августи соли 1862 дар як хонаводаи мутадайин дар рустои кучаки Ҷинзур дар наздикии Тубрақ дар шарқи Либӣ ба дунё омад. Ӯ зуд ятим шуд. Сарпарастии вайро Шориф ал-Ғирёнӣ, бародарзодаи Ҳусайн ал-Ғирёнӣ, ки раҳбари сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Куринойко буд, ба ӯҳда гирифт.

Ӯ омӯзиши ибтидоии худро дар масҷиди маҳаллӣ гузаронд ва сипас ба муддати 8 сол иқдом ба таҳсил дар Донишгоҳи Саннусӣ намуд, ки мақарри ҷунбиши Саннусӣ буд. Дар соли 1899 вай бо дигар саннусиҳо барои кӯмак ба Рабиҳ аз-Зубайрӣ дар муқовимат дар баробари фаронсавиҳо, ба Чод фиристода шуд.

* * *

Дар соли 1911 Итолиё ба давлати Усмонӣ эъломи ҷанг дод ва нерӯҳои худро вориди шаҳри соҳилии Бенғозӣ кард. Он замон Либӣ ҷузъе аз давлати Усмонӣ буд. Умар Мухтор ба суръат як ҳазор нафар аз аҳолии қабилаашро барои муқобила бо истеъморгарони итолиёӣ басиҷ кард. Умар Мухтор урдугоҳи низомии махсусеро барои ин манзур дар минтақаи Алхарруба таъсис кард, сипас онро ба минтақаи Арраҷма мунтақил ва пас аз он ба артиши Усмонӣ дар шаҳри Бенғозӣ мулҳақ шуд ва дар онҷо афроди бисёре ба вай пайвастанд.

Дар соли 1923 вақте Тароблус, пойтахти Либӣ, ба дасти итолиёиҳо суқут кард, Умар Мухтор ба унвони фармондеҳи муҷоҳидон рӯй ба ҷангҳои чарикӣ овард. Вай ҳар бор ба ҳамроҳи 100 то 300 мард ба низомиёни итолиёӣ ҳамла мекард ва пас аз ворид овардани заработи муҳлик ба онҳо, ба пойгоҳи худ бозмегашт. Ин ҷангҳо 22 сол тӯл кашид.

* * *

Дар 11 сентябри 1931 Умар Мухтор ба ҳамроҳи шумори андаке аз ҳамроҳонаш ба зиёрати қабри Равифаъ ибни Собити Ансорӣ, саҳобии маъруф дар шаҳри Албайзо рафта буд, ки низомиёни итолиёӣ радди вайро зада ба таъқиби вай пардохтанд. Ба дунболи он ва пас аз ёфтани Умар Мухтор, бо вай ва ҳамроҳонаш дар минтақаи Айнуллавф даргир шуданд, ки дар ҷараёни он, аспи вай захмӣ шуда бар замин меафтад ва ҳамин мӯҷиби асорати вай мешавад. Фошистҳо ӯро ба шаҳри Бенғозӣ мунтақил карда ва дар як маҳкамаи намоишӣ ҳукми эъдомашро содир намуданд.

Байни женерол Гротсиёнӣ (Rodolfo Graziani), фармондеҳи кулли артиши Итолиё дар Либӣ ва Умар Мухтор гуфтугӯе сурат гирифта, ки бисёр шуниданӣ аст, ба ин шарҳ:

— Чаро бо ҳукумати Итолиё даргир будед?

— Барои дин ва ватанам.

— Оё имкон дорад аз нуфуз ва эътибори худатон истифода кунед ва аз шӯришиён бихоҳед, ки дар баробари ҳукумати Итолиё таслим шаванд?

— Имкон надорад. Мо инқилобиҳо бо якдигар ҳамқасам шудаем, ки ҳамаамон то охирин нафар кушта шавем, аммо таслим нашавем… Ҳадафи мо чизе ҷуз берун кардани шумо нест. Чун шумо ғосиб ҳастед ва ҷанг бо шумо бар мо воҷиб аст ва пирӯзӣ танҳо аз Худованд аст.

Саранҷом рӯзи чаҳоршанбе 16 сентябри 1931 Умар Мухтор тавассути ҷаллодони итолиёӣ ба дор овехта шуда ва шарбати шаҳодат нӯшид ва ҷовидона гардид.

Суолу ҷавоби афсари итолиёӣ бо Умар Мухтор дар маҳкамаи намоишӣ қабл аз эъдом:

— Оё бо давлати Итолиё ҷангидаӣ?

— Бале.

— Мардумро алайҳи давлат таҳрик намудаӣ?

— Бале.

— Медонистӣ сазои аъмолат чист?

— Бале.

— Гуфтаҳоятро таъйид мекунӣ?

— Бале.

— Чанд сол аст алайҳи Итолиё меҷангӣ?

— Бист сол.

— Ҳоло аз ҷанг алайҳи Итолиё пушаймон нестӣ?

— На, пушаймон нестам.

— Медонӣ эъдом мешавӣ?

— Бале.

— Нороҳатам, ки оқибат ва саранҷомат ин буд.

— Ин беҳтарин роҳи поёни зиндагӣ аст.

Суханони ҷовидонаи Умар Мухтор:

— Пас аз ман, наслҳое хоҳанд омад, ки бо шумо мубориза хоҳанд кард; аммо ман зиндагиам аз зиндагии ҷаллодонам тӯлонитар хоҳад буд.

— Зулм, аз мазлум қаҳрамон хоҳад сохт, аммо ҷиноят ҳарчӣ ҳам муртакибаш худро қавӣ нишон диҳад, қалби соҳибашро хоҳад ларзонд.

— Агар тӯпхона шамшери манро шикаст, ботил ҳаққи манро нахоҳад шикаст.

— Зарбае, ки камаратро нашиканад, онро қавитар хоҳад кард.

* * *

Манобеъ:

1) Шайх Умар Мухтор, ҷаридаи “Ал-басоир”.

2) Донишномаи бузурги арабӣ, Умар Мухтор.

3) Шайхи ҷалил Умар Мухтор, таълифи Алӣ Муҳаммад Саллобӣ.

4) Донишномаи Википедия.



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Торих, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: