Фиръавн чӣ гуна Фиръавн шуд?

Ба қалами Далер Шарипов (бознашр аз хабаргузории “Озодагон”)

Асрҳост донишмандону муҳақиқон ба зиндагонии Фиръавн(ҳо) таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, саргузашти онҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд. Дар асри 21 бо дастрасии технологияҳои муосир ва фанновариҳои ҷадид инсоният ҳанӯз ҳам дар гӯшаву конори олам ба зиндагӣ ва саргузашти Фиръавн мароқ зоҳир карда, мехоҳад бидонанд, ки Фиръавн чӣ гуна Фиръавн шудааст? Чӣ тавр як инсон ба ин ҳадди туғён ва зулму ситам расид?

Илми ҷамеашиносӣ ва ё арзёбиҳои таърихӣ барои муносибатҳои инсонӣ дар кураи замин ба ин масъала дахли бештар кардааст. Зеро ҳеч асру замоне аз фиръавнсифатон холӣ набудааст. Садҳо китобу рисолаҳо, корҳои таҳқиқиву таҳлилӣ дар масъалаи Фиръавн вуҷуд дорад, аммо ҳеч кадоми онҳо мисли Қуръон бисёр дақиқу ҷаззоб ва возеҳу ибратбахш ҳоли Фиръавнро баён накардаанд.

Фиръавн чӣ гуна Фиръавн шудааст? Ба ин суол Қуръон бисёр дақиқ ва кутоҳ посух гуфтааст. Ва ин посухи Қуръон як дарси бузург ва ҳушдори қатӣ барои инсонҳоест, ки пандпазир ҳастанд!

Фиръавн қавми худро сабукақл кард, то онҳо фармони ӯро қабул карданд…”(“Зухруф”, ояти 54).

Барои идомаи худкомагӣ қавмӣ худро пасту беарзиш ҳисоб кард ва онҳоро ҳамеша дар сатҳи поёни фарҳангӣ ва рушди фикрӣ нигоҳ медошт. Мардум ба он ҳад қобилияти таҳлил ва шинохти воқеъиятро аз даст дода буданд, ки дигар Фиръавн ҳар коре анҷом медод, мепазируфтанд ва аз он итоат мекарданд. Фиръавн аз хурдану пӯшидан то рафтору гуфтори мардумро таъин мекард ва ба онҳо нишон медод, ки чӣ тавр зиндагӣ кунанд…

Гурӯҳе аз мардумро, ки ба корҳои ӯ эрод мегирифтанд ба зиндон меандохт. Фарзандони қавми худро мекушт ва модарони онҳоро ба ғуломӣ мегирифт. Ҳар рӯз бар зулми Фиръавн боз зулм зам мешуд. Ҳамеша қарору фармонҳояш бар он равона шуда буд, ки чӣ гуна қавми худро пасту беарзиш карда, онҳоро аз тамоми муқаддасоташон дур намояд. Дари муколама ва ҳар маҳфилеро, ки дар он рушди фикрию ақлонӣ вуҷуд дошт, ба рӯи қавмаш баста буд…

Фираъавн дар ҳеч заминае дигар бо мардумаш машварат намекард ва ҳарфи мардум барояш арзише надошт. Муаррихон комилан бар ин назар иттифоқ кардаанд, ки Фиръавн бо райъи мардум ҳокимиятро ба даст наоварда буд, аз ин хотир хостаҳои қавмаш барояш эътиборе надошт. Кор то ҷойе расида буд, ки дарбориёни худи Фиръавн шефтаи зулму ситами ӯ ба мардум шуда буданд ва онро дар ин роҳи пешгирифтааш ҳақ мешумориданд. Нишонаҳои қудрат ва заъфи мардум дигар чашми ҳар нафарро дар Миср кӯр карда буд. Мансабдорони калидӣ дар дарбори Фиръавн бо фасод машғул буданд ва дигар қобилияти шинохт ва дарки аҳволи мардумро аз даст дода буданд. Дар назари онҳо мардум як ғуломакҳои беарзиш ва худашон зоти олӣ ҳисоб мешуданд.

Қавме ки дар домани истибдод ба вуҷуд меояд ва бо зулму фишор аз тарафи ҳукамо рӯ ба рӯ мешвад ахлоқи нек ва писандидаи худро аз даст медиҳад ва ба риёву тазвир, чоплусиву хушомадгуӣ, чандчеҳрагиву тамалуқ гирифтор мешавад ва ба ахлоқҳои пасти ҳайвонӣ гароиш пайдо мекунад. Инсонҳои ҳақиқатгӯю росткор гушанишиниро ихтиёр мекунанд ва ба тадриҷ аз байн бардошта мешаванд. Идораи умури давлат ба чанд чеҳраи фасодзада ва бе виҷдон вогузор мешавад. Ихтилофи табақҳои гуногун ба вуҷуд меояд ва мардум заифтар мешавад.

Хуллас, шахсияти Фиръавн ва ба ин ҳад туғён кардани ӯро дар баробари ҳақиқату адолату озодӣ Қуръон ҳамин тариқ баён мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки он қавми худро бисёр заифу нотавон ва пасту беарзиш ҳисоб мекард ва болои онҳо ҳар амали зишту палидашро анҷом медод. Ба ҷуз Мӯсо (а) ва атрофиёни ӯ дигар ҳеч гуруҳе дар баробари ин вазъ ва зулму ситами ӯ чизе намегуфтанд. Охири кори Фиръавн шикаст буд он ҳам ба дасти Мӯсое, ки на нерӯ дошт ва на қудрате мисли Фиръавн. Муҳимтарин силоҳи Мусо имон, адолат ҳақиқат ва шинохти Худои воҳид буд, ки дар баробраш ҳар қудрате шикаст хӯрдааст.

Ozodagon



Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: