Тағйири нигоҳи Мирзиёв ба Ислом дар Ӯзбакистон

Таҳлиле дар сойти Easterniran

Дар октябри 2016, раисиҷумҳури Ӯзбакистон тайи суханронии худ дар 43-умин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Тошканд, аз тасмими Тошканд барои эҷоди маркази байналмилалии илмӣ-пажӯҳишии Имом Бухорӣ дар шаҳри Самарқанд ва курсии вежаи илмӣ ва фарҳангии исломӣ дар Донишгоҳи исломии Тошканд хабар дод. Яке аз аҳдофи муҳимми маркази ёдшуда, анҷоми мутолеот дар мавриди осори Имом Бухорӣ ва соири донишмандони исломӣ ва ҳамчунин тарҷума ва интишори осори онон унвон шудааст. Ҳамчунин омодасозии пажӯҳишгарони исломӣ ва қориёни Қуръон, хушнависон ва ҳамкорӣ бо соири марокиз ва муассисоти марбутаи хориҷӣ, аз дигар аҳдофи ин марказ мебошад.

Таваҷҷӯҳи раисиҷумҳури Ӯзбакистон нисбат ба ҳавзаи дин ва фарҳанги асили мардуми кишвараш, маҳдуд ба чанд маврид намебошад. Ҳангоме ки вай дар баҳори соли ҷорӣ аз муҷтамаъи оромгоҳи Имом Тирмизӣ боздид ба амал овард, хостори эҷоди маркази фарҳанги исломӣ шуд, ки ҳимоятҳои гарми руҳоният ва мардуми Ӯзбакистонро дар пай дошт. Дар камтар аз ду ҳафта пеш дар рӯзи Иди Қурбон, Мирзиёв зимни сӯҳбат аз пайгирии умури сохти маркази ёдшуда, пешниҳод кард, то номи он ба “Маркази тамаддуни исломӣ” тағйир кунад, то битавонад абъоди густардатаре ба худ гирад. Дар чаҳорчӯби ин пружа, эҷоди маркази омӯзишӣ, китобхона, оршив ва бунёди нусхаҳои хаттӣ ва ҳамчунин солуни конфронс барои 300 нафар дар назар гирифта шудааст. Раисиҷумҳури Ӯзбакистон ҳамчунин дастур дод, то иқдомоти лозим дар ҷиҳати таъмини ғиноии бунёди адабиёти исломии ин марказ сурат гирифта ва то ҷойи мумкин, нусхаҳои хаттии мавҷуд дар кишварҳои хориҷӣ бозгардонда шавад. Ҳамчунин қарор аст 9 омӯзишгоҳ ва 2 муассисаи омӯзиши олии исломӣ вобаста ба ин марказ фаъолият кунанд. Мирзиёв таъкид кард, ки “Маркази тамаддуни исломӣ” бояд симои Ӯзбакистон дар заминаи таблиғи исломро ба намоиш бигузорад, ки ба ин манзур лозим аст, то нисбат ба меъморӣ ва ҳатто интихоби масолеҳи сохтмонӣ таваҷҷӯҳи вежа сурат гирад.

Илова бар он чи гуфта шуд, чанде қабл раисиҷумҳури Ӯзбакистон иқдом ба эҷоди ниҳоди ҷадиде таҳти унвони “Конуни маънавият ва равшангарӣ” кард ва риёсати онро низ худ ӯҳдадор шуд. Ин сохтори ҷадид, тарвиҷи ислоҳот ва ташреҳи фарояндҳои печидаи жеупулитик ва идеулужики ҷаҳон ва ҳамчунин муборизаи идеулужик алайҳи таҳдидот ва чолишҳое назири теруризм, ифротгароии мазҳабӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи инсон, маводди мухаддир ва ғайраро аз муҳимтарин аҳдофи худ эълом кардааст.

Аз сӯи дигар, бар хилофи солҳои қабл, дар моҳи мубораки Рамазони имсол, гурӯҳе аз қориёни Қуръон аз Ӯзбакистон дар барномаҳои масоҷиди манотиқи мухталифи Русия назири Маскав, Омск, Чувашия ва Новосибирск ширкат карданд, ки як навъ пешрафт дар заминаи таҷдиди таъомулот миёни руҳониёни исломии Русия ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ин иқдом, дар ҳоле, ки болои 2 милюн нафар муҳоҷири кории ӯзбак дар Русия ба сар мебаранд ва бахше ҳам ҷалбу ҷазби гурӯҳҳои ифротӣ ва умдатан такфирӣ мешаванд, бисёр муҳим мебошад. Зеро ҳамкорӣ ва таъомули ҳадафманд миёни ниҳодҳои исломии минтақа бо Русия, метавонад ба ҷилавгирӣ аз ҷалби бахши зиёде аз ҷавонон ба ҷараёнҳои инҳирофии мазҳабӣ кӯмак кунад.

Тағйиру таҳаввулоти фавқ дар арсаҳои динӣ ва эътиқодии мардуми Ӯзбакистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки то як сол пеш (дар даврони риёсати ҷумҳурии Ислом Каримов) ҳатто тасаввури бахши кучаке аз он имкон надошт. Ба унвони мисол, расонаҳои давлатии Ӯзбакистон ва ба хусус радио ва телевизиюн, ҳақ надоштанд дар матолиб ва гузоришҳои худ номе аз Худо бибаранд. Масалан, ҳангоме ки соли гузашта вазнабардори ӯзбак Руслан Нуриддинов қаҳрамони мусобиқоти олимпии Бразил шуд, зимни мусоҳибаи мустақими телевизиюнӣ, пирӯзии худро аз лутфу кӯмаки Худованд донист, вале дар барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизиюнии Ӯзбакистон ба сурате ин мусоҳибаро қайчӣ зада буданд, ки дигар ба истилоҳ ёде аз Худоро боқӣ нагузоштанд. Ҳатто ба хотири зикри номи Худо борҳо масъулин ва рӯзноманигорони ӯзбак муҷозот ҳам шуданд. Бино бар изҳороти бархе аз онҳо, аз соли 2005 ба ин тараф, зикри номи Худо дар барномаҳои телевизиюн ва радиои Ӯзбакистон мамнӯъ шуда буд. Аслитарин тавҷеҳи ин иқдоми давлати Ӯзбакистон, секулор будани низоми сиёсии кишвар дониста мешуд ва нисбат ба он ки ҳудуди 90 дарсади ҷамъияти Ӯзбакистон мусалмон буда ва нисбат ба эътиқодот ва боварҳои динии худ пойбанд мебошанд, таваҷҷӯҳе намешуд.

Аз ин ҷост, ки иқдомоти раисиҷумҳури ҷадиди Ӯзбакистон дар заминаи эҳтиром гузоштан ба арзишҳо ва эътиқодоти мардум, бо ҳимоятҳои гарм рӯбарӯ мешавад. Бидуни тардид, эъмоли фишорҳои тавҷеҳнопазир бар рӯи эътиқодоти мардум, дер ё зуд, мунҷар ба натоиҷи манфӣ хоҳад шуд. Ба хусус халаъе, ки дар натиҷаи чунин фишорҳо ва маҳдуд шудани фаъолиятҳои динӣ дар арсаҳои идеулужӣ эҷод мешавад, метавонад аз сӯи ҷараёнҳои ифротӣ мавриди суистифода қарор гирад.

Ба назар мерасад, ки Мирзиёв вазъиятро хуб ташхис дода ва ба дунболи коҳиши чолишҳо дар ин замина мебошад. Ба ин манзур аст, ки вай хостори эҷоди ниҳодҳои ҷадид дар арсаҳои идеулужӣ ва ба хусус ҳифзи маънавият ва ахлоқи миллӣ (ки ҳаргиз муғойир бо эътиқодот ва арзишҳои исломӣ намебошад) шудааст, то ҷавонон аз дини ислом таърифи саҳеҳ дошта бошанд ва моҳияти воқеии онро дарк кунанд.

Дар истротежии тавсиъаи Ӯзбакистон барои солҳои 2017-2021 низ ба мавзӯи иртиқои маънавият ва равшангарии исломӣ дар ҷомеаи кишвар ва ба хусус ҷавонон дар амри муқобила бо ифротгароӣ, теруризм ва эҷоди як камарбанди эминӣ дар атрофи Ӯзбакистон, таваҷҷӯҳи вежа шудааст. Таваҷҷӯҳи раҳбари ҷадиди Ӯзбакистон ба ин баҳс бисёр муҳим аст. Чаро ки имрӯз бахши қобили таваҷҷӯҳе аз ҷавонони минтақа бо дастрасӣ ба интернет, ба роҳатӣ ҷазби идеяҳои ифротии мазҳабӣ мешаванд, ки яке аз далоили аслии адами шинохти лозими онҳо аз ислом мебошад.

Аз сӯи дигар, тайи ду даҳаи ахир, давлатҳои минтақа ба ҷойи андешидани тадбир ҷиҳати муқобила бо густариши идеулужии ифротӣ, умдатан ба дунболи иқдомоти аксӣ будаанд. Дар ҳоле ки ин равиш дар оянда метавонад мушкилоти бисёр мутаъаддидеро ба бор биёварад. Ба хусус мавқеъе, ки бештари корбарони интернет ба шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз расонаҳои расмӣ ва давлатии худ эътимод доранд.

Бинобар ин, иқдомоти раисиҷумҳури Ӯзбакистон ҷиҳати бозтар кардани фазои динӣ мунҷар ба натоиҷи мусбат ва қабл аз ҳама, ҳимоят ва ҳамсӯии мардум аз иқдомоти давлат хоҳад шуд. Зимнан, Мирзиёв тайи суханронии худ дар нишасти чанд рӯз пеши Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Остона низ, бори дигар бар зарурати тарвиҷи маънавият, равшанфикрӣ ва парвариши ахлоқии ҷавонон ва ташвиқи онҳо ба фарогирии дониш ва шинохти арзишҳои воқеии исломӣ таъкид кард.

Easterniran

Реклама


Рубрики:Ислом, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: