Яке ду ҷумла дар ҳошияи такзиби Сафорати Саудӣ дар Тоҷикистон

Чунонки таваққӯъ мерафт, Сафорати Саудӣ дар Тоҷикистон, изҳороти сафир ҷаноби Абдулазиз бен Муҳаммад ал-Бодӣ мабнӣ бар ин ки кишвараш тавониста Эронро аз Тоҷикистон биронадро такзиб мекунад. Интизоре ҷуз ин набуд. Зеро обрӯрезӣ аст.

Аммо бо ин такзиб – ки сомонаи “Ахбор”-и Мирзои Салимпур такзиби ӯро мунташир кардааст — Сафорати Саудӣ як бори дигар хабаргузориҳо ва рӯзномаҳои кишварашро, ки то ин замон “мӯътабар” шумурда мешуданд, беэътибор ва беасос ва бемоя хонд. Инки ин бунгоҳҳои хабарпарокан бемоя буданд ва ҳастанд, дар ин тардиде набуд, аммо бемоя донистани онҳо аз сӯи Сафорати Саудӣ, боре дигар таъйиде бар ин ҳақиқат аст.

Ҳол, мо ин хабарро аз ду пойгоҳи хабарӣ: яке аз “Ахборул-мамлака” (ки бар хилофи пиндорҳо, як пойгоҳи комилан расмӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад) ва низ аз пойгоҳи хабарии “Ал-ҳазм”, ки дар пешониаш навишта шуда: “Бо муҷаввизи Вазорати фарҳанги Саудӣ фаъолият мекунад”, нақл карда будем.

Аммо гузашта аз ин ду пойгоҳи хабарӣ, изҳори назари ҷаноби сафир, барои аввалин бор, дар торихи 6 сентябр дар рӯзномаи “Риёз” нашр шуда буд. Бисёре аз хабаргузориҳо аз ҷумла хабаргузории мисрии Egyptlivenews ба нақл аз ҳамин рӯзнома ин хабарро нашр карда буданд. Мо ҳам аз “Риёз” нақл накардем, зеро дар торихи 8 сентябр (яъне пас аз ду рӯзи нашри он) ин хабарро аз пойгоҳи ин рӯзнома бардошта буданд. Хушбахтона ҳамаи хабаргузориҳо, ки ба нақл аз ин рӯзнома изҳори назари сафирро нашр карда буданд, дар зайли хабар, тасвире аз сафҳаи рӯзномаи “Риёз”-ро гузошта буданд, ки дар поён мегузорам.

Дар поён, мехоҳам як тавсия барои ҷаноби сафир ва ҳамчунин кормандони Сафорати Саудӣ дар Тоҷикистон бикунам. Шумо, пеш аз ҳар изҳори назаре, аввал андаке биандешед, ки чӣ мегӯед, сипас изҳор бидоред, вагарна, бо такзибу ин ки фалон сойт ё рӯзнома “асос” надорад, пеш аз ҳама обрӯи худатонро бурдаед.

Тасвири хабари рӯзномаи «Риёз»:

Реклама


Рубрики:Пароканда

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: