Баррасии “тарғиби исломи мӯътадил” дар дидори сафири Тоҷикистон бо вазири умури исломӣ, даъват ва роҳнамоии Арабистони Саудӣ

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо вазири умури исломӣ, даъват ва роҳнамоии Арабистони Саудӣ, бар ҳамкории тарафайн дар “тарғиби исломи мӯътадил” ва муқобила бо “теруризм” таъкид шуд.

Ба гузориши сойти Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, “сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ, бо вазири корҳои исломӣ, даъват ва роҳнамоии мамлакат Шайх Солеҳ ибни Абдулазиз Оли Шайх мулоқот намуд.”

Бар асоси ин гузориш, “дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвари дӯст доир ба робитаҳои динӣ, тарғиби исломи мӯътадилу васатӣ, пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва муқовимат бо фаъолиятҳои теруристӣ баррасӣ шуд.”

Гузориш меафзояд, “ҳарду ҷониб омодагии устувор ва ҳавасмандии худро доир ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои матлуб таъкид доштанд.”

Гуфтанист, Арабистони Саудӣ дар чанд соли ахир раванди тавсиъаи муносибот бо Тоҷикистонро оғоз кардааст. Ниёзи молии Тоҷикистон муҳимтарин омилест, ки Душанберо ба самти густариши равобит бо саудиҳо кашонда.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: