Ислом ва Эронзамин (73)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (36)

Фалсафа ва ҳикмат (15)

(Аз Мозандаронӣ то Қазвинӣ)

Табақаи бисту ҳаштум

1) Мулло Алии Нурии Мозандаронии Исфаҳонӣ. Аз бузургтарин ҳукамои илоҳии исломӣ ва аз афроди маъдуди ангуштшумори се чаҳор қарни ахир аст, ки то умқи фалсафаи садроӣ нуфуз кардаанд. Ибтидои таҳсилаш дар Мозандарон ва Қазвин буда, сипас ба Исфаҳон омада ва аз маҳзари дарси Оқо Муҳаммади Бедободӣ ва Сайид Абулқосими Мударриси Исфаҳонӣ истифода карда ва худ бузургтарин ҳавзаи ҳикматро дар Исфаҳон доир кардааст.

Мулло Алии Нурӣ аз назари тадрис ва ташкили ҳавзаи дарсӣ ва тарбияти шогирдон ва тӯлонӣ будани муддати кори тадрис ва тарбияти шогирд (гуфта шуда қариб ҳафтод сол) ва тарвиҷи улуми ақлӣ, камназир ва шояд беназир аст.

Ҳангоме, ки марҳум Муҳаммадҳусайнхони Марвӣ мадрасаи Марвиро дар Теҳрон сохт, аз Фатҳалишоҳ тақозо кард Мулло Алии Нуриро аз Исфаҳон барои тадриси маъқул дар ин мадраса даъват кунад. Шоҳ аз ӯ даъват кард ва ӯ дар ҷавоб навишт, дар Исфаҳон ду ҳазор муҳассил машғули таҳсиланд, ки чаҳорсад нафари онҳо — балки мутаҷовиз — ки шоистаи ҳузури дарси ин дуогӯ ҳастанд, дар ҳавзаи дарси дуогӯ ҳозир мешаванд, чунончи ба Теҳрон биёяд ин ҳавза аз ҳам мепошад. Шоҳ муҷаддадан аз ӯ хост, яке аз беҳтарин шогирдҳои худро барои тадрис дар ин мадраса интихоб кунад ва ӯ Мулло Абдуллоҳи Занузиро интихоб кард ва фиристод.

Ҳамаи ин шогирдон аз атрофи Исфаҳон набудаанд, аз атрофу акноф дар ҳавзаи дарси ин марди бузург — ки мегӯянд, дар ҳудуди ҳафтод сол тадрис карда — ширкат кардаанд ва ба атроф пароканда шуда ва илму ҳикматро бо худ парокандаанд.

Соҳиби “Равзот” мегӯяд: дар кӯдакӣ ӯро дар ҳоле, ки пирамарде сафедмӯ буд дидаам. Дар масҷиди Сайид ба намози марҳум Сайидмуҳаммадбоқир Ҳуҷҷатулислом меомад ва баъд аз намоз бо ҳам ҷаласа мекарданд. Сайид Ҳуҷҷатулислом худ замоне шогирди ӯ будааст. Ӯ ва марҳуми Ҳоҷӣ Калбосӣ — ки марҷаъият ва риёсати Исфаҳонро доштанд ва фавқулъода мӯҳтарам буданд — Мулло Алии Нуриро дар маҷолис бар худ муқаддам медоштанд.

Бо вуҷуди ҳукамои бузурги дигар дар он замон, он чӣ баъдҳо идома ёфт, аз тариқи ин марди бузург буд. Баъзе ҳавошии мухтасар ва кӯтоҳ аз ӯ бар “Асфор” боқист, ки дар ниҳояти матонат ва диққат аст.

Гӯянд, тафсири бузурге бар сураи Тавҳид навиштааст. Вай дар соли 1246 даргузаштааст.

2) Ҳоҷ Мулло Аҳмади Нароқӣ, фарзанди Ҳоҷ Мулло Маҳдии Нароқии собиқуззикр. Монанди падари худ ҷомеъулфунун ва муфтӣ ва муҷтаҳид ва марҷаъи фатво будааст. Маъқулро аз падари худ фаро гирифтааст. Дар соли 1244 ё 1245 даргузаштааст.

Марҳум Алломаи Теҳронӣ дар “Ал-киромул-барара” ва “Нуқабоул-башар” ба нақл аз китоби “Лубобул-албоб”-и марҳум Мулло Ҳабибуллоҳи Кошонӣ, номи гурӯҳе аз аҳли маъқулро дар қарни 13 ва 14 дар Кошон мебарад, ки нишон медиҳад Кошон то наздик ба замони мо аз марокизи маъқул будааст.

Зоҳиран улуми маъқул дар Кошон ба василаи Нароқиҳо ривоҷ ёфт.

3) Мирзо Маҳдӣ ибни Мирзо Ҳидояуллоҳи Шаҳиди Машҳадӣ. Ин мард аз машоҳири фуқаҳо ва маъорифи уламои он аср аст. Дар фиқҳу усул аз таломизи Ваҳиди Беҳбаҳонӣ аст. Муосири Сайид Муҳаммади Баҳрулулум ва Шайх Ҷаъфари Кошифулғито аст. Зоҳиран исфаҳониюласл аст. Дар Исфаҳон дар ҳавзаи дарси Оқо Муҳаммади Бедободӣ ҳикмат омӯхта ва дар Машҳад иқомат карда ва фиқҳу усул ва маъқул тадрис мекардааст. Мулло Алии Нурӣ, ки ҳамдавра ва ҳамдарси ӯ дар ҳавзаи Бедободист, зимни як истифтоъ аз Мирзо Абулқосими Қумӣ — ки дар “Равзот” мастур аст — ба муносибат аз ӯ ба унвони Мирзо Маҳдии Машҳадӣ ёд мекунад.

Ин мард риёзиёт низ медониста ва онро назди падарзани худ Шайх Ҳусайни Омилии Машҳадӣ омӯхтааст. Фарзандонаш Мирзо Ҳидоятуллоҳ ва Мирзо Абдулҷавод ва Мирзо Довуд ҳама дар фунуни ҳикмат ворид будаанд. Ду фарзанди ахир дар риёзиёт саромади аср дар Хуросон ба шумор мерафтаанд. Илму ҳикмат дар хонадони Сайид Муҳаммади Шаҳид дар ҳудуди 150 сол идома ёфт. Марҳум Ҳоҷ Мирзо Ҳабиби Разавӣ, муҷтаҳиди ҳакими орифи шоири машҳадии маъруф (вафотёфта дар 1327) набераи ӯст, ва ҳамчунин марҳум Оқобузурги Ҳакими Шаҳидии Машҳадӣ устоди мусаллами фалсафаи Хуросон дар ҳудуди нимаи қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрии қамарӣ (вафотёфта дар 1355) набераи дигари ӯст ва зикраш хоҳад омад.

Мирзо Маҳдӣ “Ишорот”-и Шайх ва порае аз китобҳои риёзӣ тадрис мекарда. Дар соли 1152 мутаваллид ва дар соли 1218 дар басти болои хиёбони Машҳад дар ҷараёни дифоъ аз ҳуқуқи мардум ва мубориза бо дастбурди Нодирмирзо наваи Нодиршоҳ ба амволи остонаи муқаддасаи разавӣ, ба дасти Нодирмирзо шаҳид шуд.

* * *

Табақаи бисту нӯҳум

1) Мирзо Ҳасани Нурӣ фарзанди Мулло Алии Нурӣ. Баъд аз падар, ҳавзаи тадриси қобили таваҷҷӯҳе ташкил дод. Марҳум Оқо Алии Мударриси Занузии Теҳронӣ — ки зикраш хоҳад омад — дар муддате, ки ба Исфаҳон рафта аз маҳзари дарси ин устод истифода кардааст. Бино бар нақли Устод Ҷалолуддини Ҳумоӣ дар муқаддимаи “Баргузидае аз ашъори се шоири бузурги Исфаҳон”, бархе ӯро бар падараш тарҷеҳ медодаанд. Аз ӯ асари қобили таваҷҷӯҳе дар даст нест, ки бишавад дар борааш доварӣ кард, вале шогирдии афроде назири Оқо Алии Мударрис гувоҳи содиқе аст бар маротиби фазлаш. Ба ҳар ҳол, аз касонест, ки дар интиқоли фалсафа аз насли пеш аз худаш ба насли баъд аз худаш омили муассире будааст.

2) Мулло Исмоил ибни Мулло Муҳаммади Самиъи Исфаҳонӣ, маъруф ба Воҳидулайн. Аз бузургони шогирдони Мулло Алии Нурӣ ва устоди Ҳоҷ Мулло Ҳодии Сабзаворӣ аст. Ҳавзаи дарси қобили таваҷҷӯҳе дошта. “Асфор” ва “Машоир”-и Садро ва “Шавориқ”-и Лоҳиҷиро ҳошия карда ва “Аршия”-и Садроро шарҳ кардааст. Дар соли 1277 даргузаштааст.

3) Мулло Абдуллоҳи Занузӣ. Ин мард ҳамон аст, ки ба тақозои Муҳаммадҳусайнхони Марвӣ, Ҳаким Нурӣ ӯро барои тадриси фалсафа аз Исфаҳон ба Теҳрон фиристод. Марказияти Теҳрон дар муқобили Исфаҳон, ки тадриҷан Исфаҳон аз равнақ афтод, аз ин замон шурӯъ шуд.

Мулло Абдуллоҳ мутобиқи гузорише, ки фарзанди барӯманди олиқадраш Оқо Алии Мударрис додааст, муқаддамотро дар Озарбойҷон таҳсил карда ва сипас ба Карбало рафта ва аз ҳавзаи фиқҳи соҳиби “Риёз” баҳраманд шуда ва он гоҳ муддате дар Қум аз маҳзари дарси Мирзои Қумӣ, муҷтаҳиди маъруф, баҳраманд шуда, баъд ба Исфаҳон рафта ва аз маҳзари Ҳаким Нурӣ ҳикмат омӯхта ва дар соли 1237 ба Теҳрон мунтақил шудааст. Пас аз 20 соли тадрис ва ифоза дар мадрасаи Марвӣ, дар соли 1257 ба раҳмати Ҳақ пайвастааст.

4) Мулло Муҳаммадҷаъфари Лангарудии Лоҳиҷӣ. Вай муосири Мулло Абдуллоҳи Занузӣ ва шогирди Сайид Абулқосими Мударриси Исфаҳонӣ ва Мулло Меҳроби Гилонӣ ва махсусан Мулло Алии Нурӣ аст. Асари маъруфи ӯ “Шарҳи Машоир”-и Муллосадрост. Ин шарҳ ахиран ба муносибати 400-умин соли вилодати Муллосадро бо муқаддимае ангилисӣ ба қалами оқои дуктур Сайидҳусайни Наср ва муқаддимае форсӣ ба қалами устод Ҷалолуддини Ҳумоӣ ва муқаддимае форсӣ ба қалами устод Сайидҷалолуддини Оштиёнӣ чоп шуд. Вай, илова бар “Шарҳи Машоир”, “Шарҳи Таҷрид”-и Қӯшҷӣ ва “Ҳошияи Хафрӣ бар шарҳи Таҷрид”-и Қӯшҷиро ҳошия кардааст. Ҳошияи “Шарҳи Таҷрид”-и вай дар соли 1255 муқорини айёми салтанати Муҳаммадшоҳ таълиф шудааст. Торихи вафоти ӯро намедонем. Оқои Ҳумоӣ ҳамин қадр менависанд: “Алаттаҳқиқ пеш аз 1294 будааст”.

Аҷиб ин аст, ки Алломаи Теҳронӣ марҳуми Оқобузург дар китоби “Ал-киромул-барара фил-қарнис-солиси баъдал-ашара (сафаҳоти 239 ва 257) се нафарро, ки ҳар се ҳаким ва ҳамзамон ва ҳамном ва гилонӣ будаанд ном мебаранд: яке таҳти унвони Шайх Ҷаъфари Лоҳиҷӣ ва дигаре таҳти унвони Шайх Муҳаммадҷаъфари Лангарудӣ (ки “Аршия”-и Муллосадроро шарҳ карда) ва севвум Шайх Муҳаммадҷаъфари Лоҳиҷӣ, ки “Машоир”-ро шарҳ карда ва бар “Илоҳиёти шарҳи Таҷрид” ҳошия задааст.

Бисёр баъид аст, ки се нафар ҳаким ба ин ном дар як аср, аҳли як минтақа вуҷуд дошта бошанд, аз ин рӯ ниёзманд ба таҳқиқи бештар аст.

5) Мулло Оқои Қазвинӣ. Ин мард низ аз афозили шогирдони Мулло Алии Нурӣ аст. Пас аз муроҷиат аз Исфаҳон ба Қазвин, ҳавзаи гарме доир карда ва фузало ба ҳавзааш мешитофтаанд. Марҳум Оқо Алии Мударриси Занузӣ дар гузориши зиндагонии худ навишта, ки муддате барои касби файз аз маҳзари ин марди бузург ба Қазвин рафтааст. Вай аз касонест, ки назди Мулло Исмоили Исфаҳонӣ — ки шогирди бузурги Мулло Алии Нурӣ аст — низ таҳсил кардааст. Аз ин рӯ ба эътиборе метавон ӯро аз табақаи 30-ум ва ҳамтабақаи Ҳоҷии Сабзаворӣ шумурд. Вай дар соли 1282 даргузаштааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: