Созмонҳои байналмилалӣ хостори таҳрими Саймӯъмин Ятимов шуданд

Тибқи гузориши сойти Human Rights Watch, ҳудуди 23 созмони байналмилалӣ бо интишори баёнияе, хостори ворид шудани исми Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба “Феҳристи Магнитский” шуданд.

Дар ин баёния, дар канори Саймӯмин Ятимов, ҳамчунин исми 15 мақоми давлатӣ аз кишварҳои мухталиф ба чашм мехӯрад, ки ин созмонҳо хостори ворид шудани исми онҳо дар ин феҳрист шудаанд. Дар ин баёния омадааст:

Мо, ба унвони созмонҳое, ки ӯҳдадори иртиқои ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ва мубориза бо фасод ҳастем, аз шумо даъват ба амал меоварем, то ба таъаҳҳуди худ дар иҷрои “Санади посухгӯии ҷаҳонии ҳуқуқи башар” маъруф бо номи “Магнитский” (Global Magnitsky Human Rights Accountability Act) пойбанд бошед.”

Дар идомаи баёния омадааст: “Ин санад, ба раисиҷумҳур салоҳияти ҷорӣ кардани таҳримҳои молӣ ва маҳдудияти визо алайҳи афроди хориҷӣ, ки ба нақзи ҳуқуқи башар ва фасод даст мезананд, додааст.”

Баёния меафзояд: “Global Magnitskiy як абзори билқувваи муассире аст, ки ба Омрико иҷоза медиҳад, ки бадтарин ноқизони ҳуқуқи башар ва шахсони фасодкорро, дар ҳар куҷое бошанд, мавриди муҷозот қарор дода, ба онҳо бифаҳмонад, ки аз ҷавобгарӣ ҳеч гоҳ озод нахоҳанд буд.”

Дар идома хотиррасон шуда: “Мо итминони комил дорем, ки маводди пешниҳодии мо ҳукумати Омрикоро дар иҷрои ҳадафи эълонкардаи хеш кӯмак мекунад.”

Ба гузориши сойти Паём, рӯйхати Магнитский, ки моҳи июни соли 2012 ба қонуни Магнитский табдил шуд, соли 2010 аз тарафи Кунграи (Конгресси) Омрико қабул шудааст. Дар аввал қарори Кунгра ба 60 мансабдорони рус, ки дар марги ҳуқуқшинос Сергей Магнитский даст доштанд, вуруд ба ИМА-ро манъ карда алайҳи онҳо таҳримҳои иқтисодӣ пешбинӣ мекард. Баъдан онро порлумони Урупо ҳам эътироф кард, ки ин санадро байналмиллалӣ гардонд. Минбаъд ҳар мансабдоре дар ҳар кишваре, ки дар нақзи ҳуқуқи башар ва ҷиноят алайҳи инсон даст дорад, метавонад ба ин рӯйхат шомил шавад.

Бар пояи ин гузориш, созмонҳои байналмиллалӣ дар шарҳи парвандаи Саймӯмин Ятимов навиштаанд: “Саймӯмин Сатторович Ятимов, раиси Кумити давлатии амнияти миллии Тоқикистон (КДАМ) ба нақзи шадиди ҳуқуқи башар аз тариқи масъулияти фармондеҳӣ (шиканҷа, маҳкумияти як ноболиғ ба марг) муттаҳам мешавад.”

Ҳамчунин дар бораи шахсият ва нақши Ятимов дар содир кардани ҷиноятҳои зидди башарӣ, чунин омадааст: “Саймӯмин Сатторович Ятимов аз сентябри 2010 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)-ро раҳбарӣ мекунад ва дорои рутбаи генерал-лейтенант аст. Ӯ бо истифода аз салоҳияти фармондиҳӣ масъули шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва яке аз мудофеи маъруфи ҳуқуқи башар, озодиҳои баён, гирдиҳамоӣ ва мазҳаб, мебошад. ҲНИТ то замони манъи фаъолияташ дар августи 2015 ба унвони ҳизби умдаи мухолиф шинохта мешуд. Аз 16-уми сентябри 2015, мақомоти тоҷик даҳҳо тан аз аъзои ҲНИТ, аз ҷумла ҷаноби Ҳаитро боздошт карданд. Пас аз муддати кӯтоҳе, ҲНИТ созмони теруристӣ эълон шуд ва ҷаноби Ҳаит дар як маҳкамаи пӯшидаи 16 масъули ҲНИТ, ба ҳабси абад маҳкум гардид. Бар асоси гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башар, ҷаноби Ҳаит дар вақти боздошташ пеш аз мурофиаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе мавриди шиканҷа қарор гирифт. Дар моҳи майи 2017, як видеои махфиёна сабтшудае нашр шуд, ки М.Ҳаит дар он мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш тавассути мақомоти КДАМ-ро ба вакили дифоъаш шарҳ медиҳад. Бар асоси ҷавобгарии фармондиҳӣ, Саймумин Ятимов ҷавобгари аъмоли зердастони худ мебошад ва ӯ контроли мустақим ба марказҳои КДАМ-ро дорад, ки дар онҷо муҳокимаи пушти дарҳои бастаи Ҳаит баргузор шуд ва дар онҳо шиканҷа сурат гирифтааст.”

Бар пояи гузориши сойти Паём, пас аз таъин шудани Ятимов ба унвони раҳбари ҚДАМ, дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар бо шиддат рӯ ба коҳиш овард. Қабл аз бастани ҲНИТ тамоми гурӯҳҳову шахсиятҳои мухолиф, чӣ дунявӣ ва чӣ исломӣ бо шиддат таъқиб шуда, қисмате равонаи зиндон ва қисмате маҷбур ба тарки кишвар шуданд. Бештари ин таъқибҳо ба давраи баъди ба раёсати КДАМ расидани Ятимов рост меояд. Протоколи машҳури 32-20, ки соли 2011, баъди амалан пирӯзшавии ҲНИТ дар интихоботи парлумонии 2010 аз тарафи Шӯрои амнияти кишвар бо имзои президент Раҳмон қабул гардид, аз идеяҳои ӯ дониста мешавад. Дар ин протокол бастани тамоми роҳҳо барои фаъолияти озоди ҲНИТ дар аввал ва билохира рондани ин ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ дарҷ шуда буд, ки давоми 5 сол амалӣ гардид ва дар сентябри 2015 ба итмом расид.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон пас аз қабули ин протокол талош кард, то ҲНИТ-ро дар саҳнаи сиёсии дохилӣ ҳамчун як гурӯҳи ифротгаро муаррифӣ кунад ва пас аз сентябри соли 2015 дар пайи амалӣ кардани ин тарҳ дар ҷаҳон мебошад. Вале то ҳанӯз ба ҷуз руйхатҳои тавсиявии ниҳодҳои минтақаӣ мисли СҲШ ва СПАД ҳеҷ кишвар ва созмони байналмиллалие ҲНИТ-ро ба таври расмӣ ҳамчун як гурӯҳи ифротгаро ва ё теруристӣ нашинохтааст. Худи ҳукумати Тоҷикистон ҳам то ҳол ҳеч санаде, ки камтарин далели даст доштани ҲНИТ дар амалҳои теруристиро дошта бошад, ироа накардааст. Махфӣ нигоҳ доштани қарори додгоҳи масъулини ҲНИТ ҳам, нишонаи надоштани далели мувассақ алайҳи ин ҳизб мебошад.

Гузориши видеоии Радиои Озодӣ дар ин хусус:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: