Таърифу тамҷидҳои беҷои як олими барҷастаи ваҳҳобӣ аз Дунолд Тромп

Шайх Абдурраҳмон Судайс, қории маъруф ва раиси умури Масҷидулҳаром ва Масҷиди Набавӣ, дар суханоне тасреҳ кард: “Арабистон ва Иёлоти Муттаҳида ду қутби таъсиргузор дар ҷаҳон ҳастанд.” Ба гуфтаи вай, “Малик Салмон бен Абдулазиз ва Дунолд Тромп, раҳбарони Арабистон ва Омрико, ҷаҳонро ба самти амният, сулҳ ва сабот пеш мебаранд.”

Ба гузориши шабакаи “Алахбория”-и Арабистони Саудӣ, Судайс ин суханонро дар конфронси Созмони ҷаҳонии Ислом дар Ню-йорк, ки таҳти назорати Салмон бен Абдулазиз, подшоҳи Арабистон, Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон ва Анҷумани ҷаҳони Ислом дар ҳоли баргузорӣ аст, матраҳ кард.

Шайх Судайс тасреҳ кард, ин конфронс бар аҳаммияти иртиботи тамаддунҳои ҷаҳони Ислом ва дигар кишварҳо ба вежа миёни Арабистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар чунин шароите, ки тамоми башарият ба мубориза бо теруризм, родиколизм ва тоифагароӣ ниёз дорад, таъкид кард.

Ин дар ҳолест, ки суханони Шайх Судайс ба далели таърифу тамҷидҳояш аз Дунолд Тромп, интиқодҳоеро дар расонаҳои иҷтимоӣ барангехтааст. Корбарон дар Твиттер ба ин амр ишора карданд, ки Иёлоти Муттаҳида ба сурати фоҷеабор дар кишварҳои арабӣ мудохила мекунад.

* * *

Гуфтанист, ки Шайх Судайс дар ҳоле бар “мубориза бо тоифагарӣ” таъкид мекунад, ки худаш чанд сол пеш дар суханоне гуфта буд: “Ба Худо савганд, ҷанги мо бо Эрон мазҳабӣ ва тоифаӣ аст. Фиреби таҳлилгарон ва намояндагони расонаҳоро нахӯред, ки мегӯянд, ин даргириҳо сиёсӣ аст. На! Ин ҷанг, ҷанг байни шиъа ва суннӣ аст.”

Вай, дар он суханронии маъруфаш таъкид карда буд: “Мо бо Эрон ва шиъа меҷангем; чаро ки онҳо ба мо иттиҳом ворид мекунанд. Мо бояд аз Салоҳуддин улгу бигирем, ки пеш аз ҷанг бо масеҳиён ва яҳудиён, бо шиъаён ҷангид.”

Вай гуфта буд: “Авлавияти мо акнун мубориза бо шиъаён аст… Эй мусалмонон! Гӯш фаро диҳед, ҷанги мо бо Эрон ва шиъа аст. Ба Худо савганд, мо ин ҷангро то замоне ки онҳо дар рӯйи замин вуҷуд дошта бошанд, идома медиҳем…

Реклама


Рубрики:Салафият, Сиёсат, Такфир, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: