Шарҳи Маснавӣ (212)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (38)

* * *

Мазаррати таъзими халқ ва ангуштнамой шудан (3)

* * *

Ҳамчу матбух асту ҳаб, к-онро х(в)арӣ,

То ба дере шӯришу ранҷ андарӣ.

Ҳаҷву бадгӯӣ монанди доруи ҷӯшонда ва ҳабб (дона) бадмазза ва таҳаввуъовар аст, агар онро бихӯрӣ, дучори дилошӯба ва таҳаввуъ мешавӣ, ва ин ҳол дар ту муддате боқӣ мемонад.

Ҳабб: дона, ва дар истилоҳ, доруе, ки ба шакли донаи нахӯд дуруст кунанд. Шӯриш: мунқалиб шудан, парешонҳолӣ.

В-ар хурӣ ҳалво, бувад завқаш даме,

Ин асар чун он намепояд ҳаме.

Ба унвони мисол, агар ҳалво бихӯрӣ, лаззату шириниаш лаҳазоте беш намепояд, зеро асари ин ширинӣ монанди таъсири он давои талху бадмазза нест, ки давом дошта бошад.

Чун намепояд, ҳамепояд ниҳон,

Ҳар зидеро ту ба зидди ӯ бидон.

Агарчи асари ширинии мадҳ зоҳиран давоме надорад, вале маҳсули ниҳоӣ ва таъсири аслии он зиёнманд хоҳад буд, пас ҳар зиддеро бо зиддаш бишнос.

Чун шакар пояд ҳаме таъсири ӯ,

Баъди ҳине думмал орад нешҷӯ.

Ба унвони мисол, хӯрдани ҳалво ва ширинӣ ҳарчанд боиси лаззати шахс мешавад, вале пас аз гузашти замоне, бар асари зиёд хӯрдани он, думмале дар танаш ба вуҷуд меояд, ки эҳтиёҷ ба таҳаммули дарди нештар дорад.

Нукта: Ҳамин тавр, шунидани мадҳу ситоиш ҳарчанд ба зоҳир амре матбӯъ ва хушоянд аст, вале рафта-рафта шахсияти одамиро дучори захмҳои руҳӣ ва думмалҳои равонӣ мекунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.581)

Аз вуфури мадҳҳо Фиръавн шуд,

Кун залилан-нафси ҳавнан ло тасуд.

Нафси одамӣ бар асари мадҳу ситоишҳои мардум, ба Фиръавн табдил мешавад. Пас, ту бояд одаме бошӣ, ки нафсаш хору зор шудааст ва сиёдат ва сарварӣ маҷӯ.

Нукта: Ишора аст ба ояти 63 сураи Фурқон:

وَعِبَادُ الرَّحْمَنِ الَّذِينَ يَمْشُونَ عَلَى الْأَرْضِ هَوْنًا

Ва бандагони Худо Раҳмон онҳо ҳастанд, ки аз рӯи хоксорӣ, бар замин бо оҳистагӣ роҳ мераванд…”

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: