16 сол пас аз 11 сентябр, чӣ гуна теруризм поён меёбад?

Хулосаи мақолаи Робин Ройт (Robin Wright) дар New Yorker

Теруризми байналмилалӣ ағлаб ба таърихи 9 январи соли 1968 бармегардад. Дар он рӯз як бастаи ирсолӣ, ки дарбардорандаи бомб буд, тавассути нерӯҳои зидди инқилоби кубоӣ аз Ню-йорк ба идораи пости Ҳовоно (пойтахти Кубо) ирсол ва мунфаҷир шуд. Дар ин ҳодиса панҷ нафар ба таври ҷиддӣ маҷрӯҳ шуданд. Тибқи гузориши Маркази миллии баррасии ҳодисаҳои теруристӣ ва муқобила бо теруризм, аз он рӯз ба баъд, тақрибан 400 ҳазор нафар дар ҳамалоти теруристӣ дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд. Бузургтарин куштор, марбут ба 16 сол пеш ва ҳамлаи 11 сентябр буд, ки боиси марги ҳудуди се ҳазор нафар шуд ва ба ҳамин тартиб боиси эҷоди ҷанге шуд, ки дар таърихи Омрико аз лиҳози тӯлонӣ будан, бесобиқа аст.

Ман дар солгарди воқеаи 11 сентябр ба суроғи ҳашт коршиноси аршади теруризм рафта ва онҳо шаш омил ва улгу, ки ба воситаи онҳо теруризм маҳв мешавад ё аз байн меравадро шарҳ додаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, камтар аз панҷ дарсад аз гурӯҳҳои теруристӣ ба таври комил дар кори худ муваффақ мешаванд. Бар асоси изҳороти Ричорд Клорк (Richard Clarke), ҳамоҳангкунандаи миллӣ дар заминаи мубориза бо теруризм, “замоне, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҳадафҳои маҳдуд ва қобили дастёбӣ доранд, эҳтимоли муваффақияти бештаре доранд. Агар гурӯҳе битавонад сиёсатгузоронро ба остонаи дард бирасонад, дар ниҳоят онҳо кӯтоҳ омада ва ҷунбиш муваффақ хоҳад шуд, монанди он чи дар инқилоби Омрико шоҳиди он будем.”

Ҳудуди 18 дарсад аз ҷунбишҳои теруристӣ низ дар пайи дастёбӣ ба аҳдофи сиёсии худ, дар ниҳоят ба пойи музокира мераванд. Ин гурӯҳҳо, аз тамоми гурӯҳҳо умри тӯлонитаре яъне ҳудуди 20 то 25 сол доранд. Аммо замоне, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз музокирот хориҷ шаванд — ҳамон тавр, ки даҳ дарсад аз мавоқеъ ин иттифоқ меафтад — ағлаб аз байн мераванд.

Улгуи севвум, “тағйири ҷиҳат”-и теруристӣ аст, яъне замоне, ки гурӯҳҳо токтики худро тағйир медиҳанд, гоҳе ҳатто вориди сиёсат мешаванд.

Масири чаҳорум саркӯби давлат аст, ки табиитарин вокуниши давлатҳост. Аммо натиҷа, ағлаб мӯҷиби ба бор омадани хасоратҳои азим, паёмадҳои нохоста ва тағйирот мешавад.

Ҷесико Стерн (Jessica Stern), корманди собиқи амнияти миллӣ дар давлати Клинтун, изъон дошт: “Саркӯби низомӣ маъмулан натиҷаи акс дар пай дорад. Ҳатто замоне, ки ба назар мерасад як гурӯҳ аз байн рафтааст, дар воқеъ дар ҳоли идғом, тақсим ва тағйири ном аст. Замоне, ки як гурӯҳи хосс дар як минтақа аз байн меравад, мумкин аст дар як чеҳраи ҷадид, ва бо як номи ҷадид зоҳир шавад.”

Ҷунбишҳои теруристии дигар, бо маҳв шудани нерӯҳои сиёсии миллӣ ва байналмилалии ҳомии онҳо, аз ҳам фурӯ мепошанд. Далоили фурӯпошии онҳо шомили даргириҳои дохилӣ, ихтилофоти идеулужикӣ, даргириҳо бар сари токтикҳои иттихозшуда ё дигар анвоъи ихтилофоти дохилӣ мешавад.

Дар ниҳоят, улгуи охир, сарнагунии раҳбар аст, ки ё ба василаи дастгирӣ ё марги раҳбар иттифоқ меафтад. Ин роҳ низ метавонад ҷунбишро фалаҷ кунад.

Ба гуфта Кронин, “равиши сарнагунии раҳбари ҷунбиш низ равише бидуни айбу нақс нест. Гоҳе авқот пеш омада, ки ин равиш низ паёмади баръакс доштааст ва аз раҳбари кушташуда буте ба номи “шаҳид” сохта, ки тавонистааст азҳони умумиро таҳти таъсир қарор диҳад”. Мисоли дар хӯри таваҷҷӯҳ, куштани Усома бен Лодан дар соли 2011 аст, ки бо ин ки ба Алқоъида садама ворид кард, аммо панҷ гурӯҳаки он дар шимоли Офриқо, Сурия ва шибҳиҷазираи Арабистон ба фаъолияти теруристии худ идома медиҳанд.

Аммо ин ки кадом як аз ин улгуҳо барои аз байн рафтани Толибон ва ДОЪИШ корсоз аст, ба ақидаи Броён Ҷенкинз (Brian Jenkins), ин улгуҳо барои теруристҳои имрӯз қобили таъмим нест. Чаро ки ба эътиқоди вай, ба ҳамон андоза, ки мо дар бораи теруризм таҳқиқ кардаем, онон низ ба ҳамон андоза аз лиҳози токтикӣ, созмонӣ ва истротежикӣ дар хусуси ҷунбишҳои пешин мутолеа карда ва таҷриба касб кардаанд. Онҳо худро вифқ додаанд ва дар натиҷа, поён додан ба теруризм дар қарни имрӯз, бо он чи дар даҳаи 70 бо он рӯ ба рӯ будем, бисёр печидатар аст.

Модоме, ки решаи масъаларо ҳал накунем, ин ҷунбишҳо бузургтар ва бузургтар мешаванд. Аммо чӣ тавр метавон бо ин гурӯҳҳо музокира кард? Оё танҳо роҳ, куштани онҳост? Бархе фикр мекунанд ҳеч чиз ғайри қобили ҳал шудан нест, аммо ин ки фикр кунем метавон замоне тамоми далоили ба вуҷудоварандаи хушунатро аз байн бурд, навъе кӯтаҳфикрӣ аст.

New Yorker

Реклама


Рубрики:Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: