Фалсафа ва равиши реализм (118)

Зарурат ва имкон (20)

Матни мақола:

Агар чунончи инсон худро фитратан мухтор намедонист, ҳеч гоҳ бо фикру тараввӣ феълеро анҷом намедод ва ё тарк намекард ва ҳаргиз иҷтимоеро, ки дорои шуъуни мухталифаи амру наҳй ва подошу тарбияту соири тавобеъ аст барпо намекард, зеро ҳар чӣ шуданист шуданист, ва ҳар чӣ нашуданист нашуданист ва дигар чизе, ки феълан нест ва мешавад бишавад нест ва феъле, ки акнун анҷом наёфта ва метавонем анҷом диҳем надорем.

Хулоса ин ки: набояд васфи “зарурат”-ро, ки ашё нисбат ба иллати томмаи худ доранд тавсиъа дода миёни ҳар чиз ва ҳар чиз сироят дод, чунонки ағлаби донишмандони моддӣ ба ин иштибоҳ дучор шуда ва бо исботи ҷабр (зарурат) дар куллияи ҳаводис ва афъоли ихтиёрӣ ва ғайриихтиёрӣ, мавзӯи ихтиёр (нисбат “имкон”)-ро аз асос ва реша нафй карда ва дар натиҷа дар чолаи таноқузҳои аҷибе афтодаанд. Ва аҷибтар аз ҳама ин ки қавл ба субути ихтиёрро мусталзими инкори иллият ва маълулият ва қавл ба иттифоқ дониста ва эътиқод ба ҷабрро мусталзими инкори сонеъи воҷиб ва инкори эъҷоз ва ҷуз инҳо муаррифӣ кардаанд.

Ҳамаи ин пиндорҳои хом зоидаи ин аст, ки ин донишмандон ба “ҷабр” (нисбат миёни маълул ва иллати томма) часпида ва “ихтиёр” (нисбат миён маълул ва иллати ғайритомма)-ро фаромӯш намудаанд. Мегӯянд: он чӣ мо ҳис кардаем ва таҷрибаҳои илмӣ ва ғайриилмӣ ба субут расонида ин аст, ки дар ҷаҳони ҳастӣ ҳар падида ва мавҷуде зоидаи иллатест, ки бо пайдоиши вай пайдо шуда ва бо аз миён рафтани вай маълул низ аз миён меравад, пас, вуҷуди ҳар мавҷуде дар ҷойи худаш ҷабрӣ ва ғайриқобили иҷтиноб мебошад ва аз ин рӯй ҳамаи падидаҳо ва ҳаводиси ҷаҳон — аъамм аз ҳаводиси берун аз инсон ва ҳаводиси марбут ба инсон монанди ҳаводиси иҷтимоӣ ва ҳаводис ва афъоли фардӣ — пайрави қонуни куллии табиии иллату маълулро намуда ва маҳкуми ҷабр ҳастанд.

Агар бино шавад, ки инсон дар афъоли фардӣ ё иҷтимоии худаш мухтор буда бошад, бояд қонуни иллият ва маълулият аз миён биравад ва дар ин сурат инсонро истисноан аз куллияти қонун берун кашида ва дар олами худаш худованде қарор диҳем, ва ҳаргиз инсон бо ин фарз наметавонад чизеро пешбинӣ намуда ва аз пайи чизе рафта ва ба коре иқдом карда ва мақсадеро таъқиб намояд. Пас ихтиёре, ки инсон барои худ исбот мекунад, ҳувияте берун аз зеҳн надошта ва мафҳумест бемисдоқ. Он чӣ дар хориҷ мусаллам аст ин аст, ки ҳар чизе иллате дорад, ки ба воситаи вай ҷабран ба вуҷуд меояд, ва аммо ин ки мо дар роҳи мақосиди худ фидокорӣ менамоем ё ба тарбият ва амру наҳй даст мезанем, на аз роҳи ин аст, ки дар аъмоли худ мухторем, балки афъоли мо дар вуҷуди мақосиди мо зидахл ҳастанд. Мо агар кор накунем, ба натиҷаи кор наметавонем бирасем, бар хилофи ҳаводиси ҷаҳонии дигар монанди кусуфу хусуф ва ҳаракати замин ва ҷуз онҳо, ки афъоли мо таъсире дар вуҷуди онҳо надошта ва фақат вобаста ба иллатҳо ва асбоби худ мебошанд.

* * *

Посух

Чунонки аз намуди ин гуфтугӯ ва истидлол пайдо ва равшан аст, инон “ҷабр”-ро ба маънии зарурат ва вуҷуби вуҷуд гирифтаанд ва он гоҳ “ихтиёр”-ро ба маънии муқобил ва нақизи вай, яъне рафъи зарурати вуҷуд истеъмол кардаанд. Ва албатта пурравшан аст, ки дар ин ҳол агар фарз кунем барои инсон ихтиёр (иртифоъи зарурати иллият ва маълулият) собит аст, бояд бигӯем, вуҷуб ва зарурате нест; бояд бигӯем, инсон ҳеч гоҳ ҳодисаи мутараққаберо ва ҳаргиз ояндаеро наметавонад пешбинӣ намояд.

Ва чун зери бори ин муҳолот наметавон рафт, бояд гуфт, инсон маҷбур аст ва ин ки афъоли худро “ихтиёрӣ” (безарурат ва беиллат) ё худро дар иродаи худ “озод” фикр мекунад, андеша ва пиндорест, ки бо хориҷ вифқ намедиҳад.

Ин аст хулосаи назари ин донишмандон. Ва агар ин баён бо руҷӯъ ба асли ин баҳс дар фалсафа бо тарозуи дуруст ва мантиқи саҳеҳ санҷида шавад, равшан хоҳад шуд, ки муғолатаест мураккаб аз муғолатаҳои чанде аз чанд баҳси мухталиф ва ҷудогона, ки на танҳо-танҳо ва на маҷмӯан ин натиҷаи афсуномезро намедиҳанд. Фалосифа низ чунин тӯҳматеро, ки ин донишмандон ба эшон нисбат додаанд намепазиранд.

Асосан, сухан ва кунҷковии фалосифа дар ду ҷо ва дар ду масъала аст:

1) Ин ки оё ашёе, ки дар олам мавҷуд мешавад, бо вуҷуби вуҷуд (зарурат ба истилоҳи фалсафа), ки аз ноҳияи иллат касб карда бошанд, мавҷуд мешаванд ё на? Посухи фалосифа дар ин масъала мусбат аст ба шаҳодати ақвол ва осоре, ки аз се ҳазор сол пеш то кунун аз онон дар даст аст ва ҳаргиз ҳалли масъаларо мавкул ба пайдоиши ин афкори илтиқотии моддигароён накардаанд ва посухи донишмандони қоил ба “иттифоқ” манфист ва инон иддае аз моддигароён ҳастанд, ки барои маҷмӯи олам, иллат қоил нестанд.

2) Оё дар мавриди афъоли инсон, “ҷабр” бояд қоил шуд ё “тафвиз” ё “амри байни амрайн”? Ва ба иборати дигар, оё афъоли инсон сад дар сад таҳти таъсири иллате хориҷ аз инсон буда ва иродаи инсон ҳеч гуна таъсире дар феъл надорад ва инсон маҷбур аст (ин аст маънии “ҷабр” дар инҷо, на зарурати вуҷуд, ки иллат дода бошад, вагарна ду қавли дигар рӯйи асоси нафйи ин зарурат мабнӣ нест) ва ё афъоли инсон сад дар сад дар таҳти таъсири ирода буда ва ҳеч гуна истиноде ба фоъили дигар ва иллате дигар надорад ва инсон дар афъоли худ аз қайди иллати хориҷ аз худ озод мебошад (ин аст маънии “тафвиз”, на ин ки ихтиёр ба маънии нафйи зарурат буда бошад) ва ё ин ки афъоли инсон, ҳам истинод ба иродаи вай ва ҳам истинод ба иллате дигар фавқи инсон дорад, вале дар тӯли ҳамдигар, на дар арзи ҳамдигар, яъне иллате фавқи инсон феъли инсонро аз роҳи иродаи инсон ирода мекунад, ва инсон феълро ба воситаи ирода ихтиёр ва интихоб карда ва бо мувофиқати бақияи аҷзои иллатҳои моддӣ ва сурӣ ва шароити замонӣ ва маконӣ эҷод менамояд, ва иллати фавқи инсон барои эҷоди феъли инсонӣ, иродаи интихобкунандаи феълро дар инсон эҷод мекунад, пас инсон феълро бо ирода интихоб мекунад, вале дар ирода, таҳти таъсири иллате хориҷ аз худаш аст (ва ин аст маънии “амри байни амрайн”, ки миёни ду қавли “ҷабр” ва “тафвиз” воқеъ аст, на ин ки баъзе афъол иллат доранд ва баъзе дигар надоранд, чунонки бархе аз донишмандони моддӣ маънӣ карда ва нисбат додаанд)?

Бо баррасии ин баён равшан мешавад, ки ин донишмандон ду масъалаи номбурдаро яке пиндошта ва пас аз он, номи “ҷабру тафвиз”-ро бо табдили луғати “тафвиз” ба “ихтиёр”, аз масъалаи дуввумӣ бардошта ва ба ҷойи ду хоссаи масъалаи аввалӣ — яъне “зарурат ва лозарурат” — гузоштаанд ва сипас ҳукми лозаруратро дар масъалаи аввалӣ, ки “ихтиёр” номида буданд ва манфист, барои ихтиёр, ки дар масъалаи дуввумист ва ҳукми мусбат дорад, ҳукм қарор додаанд. Пас аз ин ҳама нақлу табдил аввалан ҳукми лозарурат яъне нисбати маълул ба иллати ноқисаашро инкор кардаанд. Ва сониян ихтиёр ва ҳамаи осори ихтиёрро дар инсон мавҳум пиндоштаанд. Ва солисан дар тафсири “амри байни амрайн” иштибоҳ кардаанд. Ва робеъан ба хиёли ин ки “ихтиёр” ҳамон “иттифоқ” аст, қавл ба иттифоқро аз ҳамкешони худ гирифта ва ба фалосифа нисбат додаанд. Ва хомисан гоҳе, ки ба онон хӯрда гирифта шуда, ки вуҷуди осори ихтиёр монанди амру наҳй ва тарбияту таблиғу даъват ва иқдом ва фидокорӣ дар инсон бо нафйи комили ихтиёр намесозад, посух додаанд, ки иродаи инсон ҷузъи иллати феъл аст, дар ҳоле, ки ишколкунанда бо таслими ҳамин муқаддима ишколи худро мутаваҷҷеҳи онҳо месозад. Ва чунонки равшан аст, ишколкунанда намегӯяд, ки инсон яке аз аҷзои иллати феъл нест, балки мегӯяд, бо ин ки инсон яке аз аҷзои иллати феъл аст ва бо ин ки феъл дар хориҷ ба воситаи иҷтимои ин ҷузъ ва бақияи аҷзоъ бо сифати вуҷуб мавҷуд мешавад, вале то феъл нисбат ба инсон мусовиюттарафайн набуда бошад, яъне то нисбати феъли инсон ба инсон “имкон” набуда бошад ба тавре, ки мумкин бошад аз фоъил содир бишавад ва мумкин бошад содир нашавад, амру наҳй ва подошу кайфар ва таълиму тарбияту даъват ва фидокорӣ дар роҳи феъл маънӣ надорад. Дар ин сурат оё посух додан ба ин ишколкунанда ба ин ки инсон аз аҷзои иллати феъли худаш аст ва феъли инсон бидуни инсон вуҷуди хориҷӣ пайдо намекунад хандаовар нест?!

* * *

Масоиле, ки дар ин мақола ба субут расида:

1) Дар миёни воқеиятҳои хориҷӣ нисбате ба номи нисбати “зарурат” дорем, ки дар муқобили нисбати дигаре ба номи “имкон” воқеъ аст;

2) Ҳар падидаи хориҷӣ то зарурат пайдо накунад, мавҷуд нахоҳад шуд;

3) Ҳар мавҷуди хориҷӣ дар ҳоли вуҷуд, муттасиф ба зарурат мебошад;

4) Зарурати вуҷуди ҳар маълул аз зарурати вуҷуди иллаташ тарашшӯҳ мекунад;

5) Ҳар зарурати билғайр (яъне ба воситаи иллат) мунтаҳӣ ба зарурати биззот мебошад. Яъне зарурат бар ду қисм аст: биззот ва билғайр;

6) Ҳар силсила аз заруратҳои мураттаба билохира мутаноҳӣ аст;

7) Зарурати дигаре ба номи “зарурати билқиёс” дорем, ки аз нисбат додани маълул ба иллат пайдо мешавад ва дар имкон низ имконе ба номи “имкони билқиёс” дорем;

8) Ҷабру тафвиз ва амри байни амрайн.

Поёни мақолаи ҳаштум

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: