Чӣ касоне дар лаккадор шудани чеҳраи “Пешвоҳо” нақши асосӣ доштанд?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар номи Ҳитлер (Adolf Hitler) ва Истолин (Иосиф Сталин) дар торихи башарият ба унвони ду пешвои хашин, диктотур ва бераҳм сабт шудаанд, дар ин бадномӣ, беш аз он ки худи он ду “Пешво” нақш дошта бошанд, дастгоҳҳои амниятии онҳо нақш доранд ва балки нақши асосӣ дар бадном шудани номи он ду, бар ӯҳдаи ин дастгоҳҳо будааст.

Дархости ҳудуди 23 созмонҳои байналмилалӣ аз вазирони хориҷа ва молияи Иёлоти Муттаҳида мабнӣ бар ворид кардани номи Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон, дар феҳристи “Санади Магнитский” ва таҳрими ӯ, беш аз он ки ном ва эътибори шахси ҷаноби Ятимовро лаккадор намояд, ҷойгоҳ ва эътибори давлати Тоҷикистон ва ҳамчунин раисиҷумҳур ва ба истилоҳ “Пешвои” кишвар, Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва назди афкори умумӣ лаккадор ва бадном мекунад.

Дастгоҳҳои амниятӣ дар кишварҳои озод, барои ҳифзи ҷомеа ва мардум фаъолият мекунанд ва дар анҷоми вазоифи худ пойбанди қонунанд, дар ҳоле, ки дар ҳукуматҳои худкома ва диктотур, бозуи ҳоким ва ҳукумат барои саркӯби мухолифон ва мунтақидони сиёсӣ ва сокит кардани ҳар навъ садои эътирозӣ мебошанд. Дар ин гуна режимҳо, дастгоҳҳои амниятӣ ҳамму ғаммашон ағлаб ҳифзи ҳоким ва дастгоҳи ҳокима аст, то ҳифз ва таъмини амнияти ҷомеа ва шаҳрвандон.

Ҳол, дар ин навиштор, аз торих, ду намуна аз руасои дастгоҳҳои интизомӣ ва амниятиро, ки дар бадном шудани “Пешвоҳо” нақши калидӣ доштанд, зикр мекунем.

* * *

Ҳонриш Ҳимлер (Heinrich Himmler)

Бо рӯи кор омадани нозиҳо дар Олмон, нерӯи шибҳинизомии ҳизби нозӣ (маъруф ба Sturmabteilung (SA)), рафторҳои хушунатбореро нисбат ба аҳзоби мухолифи нозӣ ва шаҳрвандони олмонӣ эъмол кард. Иллати ин рафторҳо он буд, ки Ҳитлер пулисро маҳдуд карда ва дар муқобил, аз бозуи низомии худ, яъне SA, истифода мекард. Вале баъд аз мушоҳидаи рафторҳои хашин ва ифротии онҳо нисбат ба шаҳрвандон, ӯ тасмим гирифт ин нерӯро аз хиёбонҳо ҷамъ кунад ва пулиси оддиро ба хиёбонҳо бозгардонад. Ин амр заминасози шаклгирии “Пулиси сиёсӣ” (нерӯи махфии Gestapo) шуд.

26 апрели 1933 Gestapo эъломи ҳузур кард. Ин нерӯ ибтидо зери назари Ҳермон Гуринг (Hermann Göring) фаъолият мекард, аммо каме баъд, яъне дар аввалҳои соли 1934, Ҳонриш Ҳимлер (Heinrich Himmler) ҷойгузини ӯ шуд ва то охирин рӯзҳои нобудии Олмони нозӣ дар ин мақом боқӣ буд.

Рӯзи 10-уми феврали соли 1936 қонуне ба тасвиб расид, ки ба воситаи он, тамоми иқдомоти пулис фавқи қонун қарор гирифт. Давлат муқаррар дошт, ки: “Тасмимҳо ва амалиёти Gestapo қатъӣ ва лозимулиҷро аст. Қувваи қазоия аз расидагии истинофӣ ба орои Gestapo мамнӯъ аст.” Ба иборати дигар, ҳамин ки шахсе дар ихтиёри Gestapo қарор мегирифт, аз муроҷеа ва шикоят ба маҳкамаҳо маҳрум буд ва бидуни анҷоми риволи қонунӣ, мавриди боздошт ва бозҷӯӣ қарор мегирифт.

Решаҳои Gestapo ба тадриҷ ва ба мурури замон, аз дастгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ убур карда, ба иҷтимоъоти хусусӣ ва ҳатто хонаводаҳо нуфуз мекард.

Алорағми ин ки Ҳимлер аз лиҳози вазъияти равонӣ фарди мутаъодиле набуд, аммо ба унвони як мудири муваффақ, дар таъсис ва созмондиҳии “пулиси махфӣ” нақши ғайриқобили инкор дошт. Олберт Шпир (Albert Speer), вазири таслиҳот ва тавлиди низомии Олмони нозӣ, мегӯяд: “Ҳимлер тасмимгири хубе буд ва дар баргузидани чизҳои бисёр шоиста омода буд ва дар гунҷондани пулиси махфӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии рӯзмарра муваффақ шуд.” (Sereny, Gitta (1996). Albert Speer: His Battle With Truth)

Питер Лунгерич (Peter Longerich), торихнигор, мегӯяд: “Тавоноиҳои Ҳимлер ӯро ба яке аз қавитарин мардони Ройши севвум бадал карда буд.” (Longerich, Peter (2011). Heinrich Himmler)

Вулфгонг Соур (Wolfgang Sauer) навиштааст: “Алорағми кӯтоҳфикрӣ, Ҳимлер аз назари қудрати воқеӣ дуруст баъд аз Ҳитлер қарор мегирифт. Тавони ӯ дар таркибе аз зарангӣ, ҷоҳталабӣ ва итоати бардавор аз Ҳитлер буд.” (Ҳамон манбаъ)

Ҷон Тулонд (John Toland) достонеро аз Ҳидрич нақл мекунад. Ҳидрич тасвире аз Ҳимлерро ба ӯ нишон дода ва гуфт: “Болотана як муаллим ва поинтана як содист аст.” (Ҳамон манбаъ)

* * *

Лаврентий Берия

Берия барои Истолин, ҳамон нақшеро ифо мекард, ки Ҳимлер барои Ҳитлер. Хашин, равонӣ, беотифа ва дасти рости ӯ. Берия бештар барои таҳдид ва иръоби мардуми Шӯравӣ дар солҳои пеш ва пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум маъруф аст, аммо масъули бархе аз ҷиноятҳо дар ҷанги ҷаҳонии дуввум низ будааст.

Ӯ ба унвони моршоли Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ки дар НКВД машғул ба кор буд, масъулияти амалиёти мубориза бо портизонҳоро дар ҷабҳаҳои шарқӣ бар ӯҳда дошт. Нерӯҳои таҳти хидмати ӯ, бо дастури Истолин, дар соли 1940 ҳудуди 22000 тан аз афсарҳо, пулисҳо, пизишкон ва мардуми оддии Лаҳистон (Полша)-ро дар куштори Котин (Катынский расстрел) ба қатл расонданд. Ӯ милюнҳо тан аз асиронро, ки дар Гулаг нигаҳдорӣ мешуданд, маҷбур ба кор барои Шӯравии дар ҳоли ҷанг кард.

Яке аз пружаҳои Берия дар тӯли ҷанги ҷаҳонии дуввум, “Марг бар ҷосусон!” ном дошт, ки тайи он, бисёре аз сарбозони душман, ки дар ҳоли ақибнишинӣ буданд, кушта шуданд.

Аз иқдомоти дигари Берия, ихроҷи тоторҳои Криме, олмониҳои Волга ва бисёре дигар аз гурӯҳҳои қавмии дигар буд. Баъд аз ҷанг, ӯ гурӯҳи бисёреро муттаҳам ба ҳамкорӣ бо олмониҳо кард ва ба ҳамин иттиҳом эъдомашон намуд, аз ҷумлаи ин афроди шӯрбахт, мардуми бегуноҳ ва асирони озодшудаи русӣ буданд.

Берия аз лиҳози ахлоқӣ фарде бисёр мунҳариф ва ҳавасрон буд, ба тавре, ки гуфта мешавад, ба теъдоди зиёде аз навҷавонони рабудашуда таҷовуз кардааст. Навҷавононе, ки дар баробари хостаҳои палиди ӯ муқовимат мекарданд, кушта мешуданд ва дар боғи ҳамсараш дафн мегардиданд.

Дар соли 1953, Берия дар давлати навпойи Хрушев ба иттиҳоми хиёнат, терурист будан ва фаъолиятҳои зиддиинқилобӣ дар тӯли ҷангҳои дохилии Русия гуноҳкор шинохта шуд.

Бар тибқи он чи дар мадорики расмии вақти Шӯравӣ сабт гардидааст, пеш аз эъдомаш як порчаи кӯҳна дар даҳонаш гузоштанд, то пеш аз иҷрои маросим, натавонад хостаашро баён кунад.



Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: