Дидори Ассисӣ ва Натонёҳу дар Ню-йорк

Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср ва Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар Ню-йорк, бо якдигар дидор карданд.

Хабаргузории Фаронса гузориш дод, ки ин аввалин дидори Ассисӣ пас аз риёсати ҷумҳурияш бо нахуствазири “Исроил” маҳсуб мешавад. Бар пояи ин гузориш, ин дидори кӯтоҳ гоме маънодор дар беҳбуди равобити “Исроил” ва Миср аст.

Дафтари риёсати ҷумҳурии Миср дар баёнияе эълом кард, ки ду тарафи мисрӣ ва исроилӣ, дар аввалин гуфт‎угӯи алании худ, дар бораи роҳ‎‏ҳои “эҳёи амалиёти сулҳ” дар Ховари Миёна баҳсу табодули назар карданд.

Дар идомаи баёния омадааст, ки Ассисӣ дар ин дидор бар “аҳаммияти талоши Миср барои аз саргирии музокирот байни фаластиниён ва исроилиҳо таъкид кард, то ба як роҳи ҳалли одилона ва ҷомеъ дар бораи масъалаи Фаластин бирасанд.”

Ду тараф ҳамчунин дар бораи роҳҳои аз саргирии музокироти созиш байни Фаластин ва “Исроил” ва барпоии давлати Фаластин ва “эҷоди замонатҳои лозим” барои муваффақияти амалиёти созиш таъкид карданд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: