Муҳаммадсаъид Ризоӣ: “Дар Тоҷикистон ҳама бояд озод бошанд, чӣ диндорон ва чӣ бединҳо ва атеистҳо”

Муҳаммадсаъид Ризоӣ, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар суханоне дар нишасти “Озодиҳои асосӣ; озодии фикр, виҷдон, мазҳаб ва бовар”, бо ишора ба ин ки “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби дорои характери динӣ буда ва худро пойбанд ба арзишҳои волои исломӣ медонад ва ба он ифтихор мекунад” баён дошт: “Ҳизи мо мӯътақид аст, ки беҳтарин низом дар Тоҷикистон дар шароити кунунӣ, низоми демократӣ ва дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст; ҳамон, ки дар Қонуни Асосӣ ба он таъкид шуда, вале ҳукумати Тоҷикистон дар амал ба он пойбанд нест. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар асосномаи худ, ба сароҳат эълом кардааст, ки ба Қонуни Асосии кишвар пойбанд аст. Ва дар давраи фаъолияти 25-солаи худ баъд аз истиқлоли кишвар, ва ба шаҳодати коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ, ин ҳизб дар амал низ собит намудааст, ки яке аз демократитарин ҳизби фаъол дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба ҳуқуқу арзишҳои ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз гароишҳои ақидавӣ ва динии онҳо, эҳтиром қоил аст.”

Вай афзуд: “Ҳизби наҳзати исломӣ шадидан бо ҳар навъ маҳдудият дар озодии шаҳрвандон мухолиф аст; чӣ маҳдудиятҳои динӣ бошад ва чӣ маҳдудиятҳои ғайридинӣ. Мо мӯътақидем, ки дар Тоҷикистон, ҳама бояд озод бошанд, чӣ диндорон ва чӣ бединҳо ва атеистҳо. Ва қонун бояд аз озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон ҳимоят намояд.”

Машрӯҳи суханони Муҳаммадсаъид Ризоӣ ба шарҳи зерин аст:

Мӯҳтарам Раис!

Хонумон ва оғоён!

Салом.

Ҳамаи инсонҳои дунё, қатъи назар аз андешаву гароиш ва дину мазҳаб, озодиро як арзиш медонанд. Арзише, ки шукуфоии истеъдодҳои инсонӣ, танҳо бар пояи он имконпазир аст. Ва дар муқобили он, маҳдудият манфуртарин чиз назди башар ба шумор меравад. Ин он маъноро медиҳад, ки инсонҳо дар андеша ва ақида, дар гароиш ва мазҳаб, бояд озод бошанд. Ва касе ҳақ надорад, дар ин масъалаҳо, барои онҳо маҳдудият эҷод кунад.

Таҷрибаи башарӣ дар тӯли таърих нишон додааст, ки бештари хушунатҳо, тундравиҳо ва ифротгароиҳо, аз маҳдуд кардани инсонҳо дар озодиҳояшон реша мегирад. Халифаи дуввуми мусулмонҳо, ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) сухани машҳуре дар ин замина дорад, ки мефармояд:

Чӣ касе ба шумо ин ҳақро додааст, то мардумеро, ки модаронашон онҳоро озод таваллуд кардаанд, аз озодиҳояшон маҳрум намоед?!

Танҳо дар як сурат метавонад озодиҳои мо инсонҳо маҳдуд шавад. Он ин аст, ки мо худамон бояд маҳдудаш намоем. Ва он, ҷое аст, ки озодии ман монеъи озодии дигарон гардад. Танҳо дар ҳамин ҳолат аст, ки ман ба хотири риояти озодиҳои дигарон ва эҳтиром ба онҳо, озодиҳоямро маҳдуд месозам. Ва инро дар дини мо исор мегӯянд, ки дар таърих номҳои исоргарон бо хатҳои заррин навишта шудааст.

Масъалае, ки мехоҳам дар ин чанд дақиқа барои азизони мӯҳтарам бигӯям ин аст, ки: дар шароити имрӯз, дар кишвари мо Тоҷикистон, шаҳрвандон аз бештари озодиҳои худ маҳруманд: аз баёни ақида, узвият ба ин ё он ҳизби сиёсӣ, ҳатто аз озодӣ дар ихтиёри ҳамсар, номгузории фарзанд, хондан ва ҷашну маросим. Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ҳатто навъи либос ва пӯшиши шаҳрвандонро таъйин мекунад, ки чӣ бипӯшанд ва чӣ напӯшанд! Ва яке аз бадтарин шаклҳои эҷоди маҳдудият аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, ин маҳдудият дар озодиҳои динӣ аст.

Имрӯз ҳукумат намегузорад, ҳатто бонувони тоҷик сатр бар сар гузоранд, дар ҳоле ки касе онҳоро бар ин кор маҷбур накардааст. Дар яке ду моҳи ахир, ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки ҳукумат гурӯҳҳои махсусеро ба унвони “гурӯҳҳои тафтиши ақоид” таъсис намудааст, то дар хиёбонҳо, марказҳои илмӣ ва марказҳои ҷамъиятӣ, ба “тафтиши” сару либос ва тарзи пӯшиши шаҳрвандон бипардозанд ва ҳар касеро, ки тибқи меъёрҳои ҳукуматгузошта, сару либос надошта бошанд, онҳоро маҷбур ба тағйири пӯшиш ва либос намояд.

Мо, ба унвони аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар чанд баёния, ин огоҳирро ба ҳукумати Тоҷикистон додем, ки ин корҳои шумо мунҷар ба радикал шудани ҷомеа ва рӯй ба ифрот ва тундравӣ овардани ҷавонони диндор хоҳад шуд. Дар баёнияҳои худ бо такрор ба онҳо мерасонидем, ки ин гуна амалкардҳои шумост, ки аз ҷавонон “доъишӣ” месозад.

Мо мӯътақид ҳастем, ки бояд шаҳрвандонро дар гароишҳои фикриашон озод гузошт ва ҳеч гуна маҳдудият барои онҳо қарор дода нашавад.

Мо пеш аз ин, борҳо ба ин нукта таъкид кардаем, ки ҳукумати мо бояд ба Қонуни Асосии кишвар, ки давлати Тоҷикистонро як давлати дунявӣ медонад, пойбанд бошад. Аммо амалкард ва сиёсатҳои ҳукумат, бар хилофи ин қонун аст. Зеро, аз назари мо, дунявият ин аст, ки як идеологияи хосс дар кишвар ҳоким набошад ва ҳукумат як равиши хоссеро бар шаҳрвандон таҳмил накунад. Ин аст маънои дунявият. Аммо ҳукумати Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки худашро дунявӣ меҳисобад, вале дар амал, дар ҳоли таҳмили равишҳои хосс, ки мавриди писанди мақомот аст, бар шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки ин нақзи сареҳи Қонуни Асосӣ мебошад.

Хонумон ва ҷанобон!

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби дорои характери динӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки худро пойбанд ба арзишҳои волои исломӣ медонад ва ба он ифтихор мекунад, ба арзишҳои инсонӣ эҳтиром мегузорад. Ва мӯътақид аст, ки беҳтарин низом дар Тоҷикистон дар шароити кунунӣ, низоми демократӣ ва дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст; ҳамон, ки дар Қонуни Асосӣ ба он таъкид шуда, вале ҳукумати Тоҷикистон дар амал ба он пойбанд нест. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар асосномаи худ, ба сароҳат эълом кардааст, ки ба Қонуни Асосии кишвар пойбанд аст. Ва дар давраи фаъолияти 25-солаи худ баъд аз истиқлоли кишвар, ва ба шаҳодати коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ, ин ҳизб дар амал низ собит намудааст, ки яке аз демократитарин ҳизби фаъол дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба ҳуқуқу арзишҳои ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз гароишҳои ақидавӣ ва динии онҳо, эҳтиром қоил аст.

Ҳизби наҳзати исломӣ шадидан бо ҳар навъ маҳдудият дар озодии шаҳрвандон мухолиф аст; чӣ маҳдудиятҳои динӣ бошад ва чӣ маҳдудиятҳои ғайридинӣ. Мо мӯътақидем, ки дар Тоҷикистон, ҳама бояд озод бошанд, чӣ диндорон ва чӣ бединҳо ва атеистҳо. Ва қонун бояд аз озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон ҳимоят намояд. Вале инро бояд ба сароҳат эълом кунем, ки аз пуштибонии мардумӣ ва пирӯзиҳои пайи ҳами ҲНИТ дар чанд интихобот, махсусан дар интихоботи парлумонии соли 2010, мутаассифона ҳукумат сиёсатеро дар баробари ҲНИТ пеш гирифт, ки бар асоси он, бояд ин ҳизб аз сафҳаи сиёсии Тоҷикистон ҳазф шавад. Протоколҳои ифшошуда дар ин бора, далели равшани ин муддаост.

Ҳамин масъала сабаб гардид, то ба баҳонаҳои беасос ва бепоя, дар ибтидо фаъолияти ҳизби моро манъ карданд, сипас тибқи як тарҳи барномарезишуда, раҳбарони баланпояи ҲНИТ-ро ба зиндон андохтанд ва наҳзатро як ҳизби террористӣ эълон карданд. Дар ҳоле ки ҳанӯз бо гузашти беш аз 2 сол, ҳатто як далели исботкунанда барои ин итиҳоми беасос ҳукумат тақдим надоштааст.

Ҳозирини муҳтарам!

Бо таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои зикршуда, мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башар ва ба хусус Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, тақозо мекунем, то бар ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд, то:

1) Ҳамаи маҳдудиятҳо дар озодиҳои шаҳрвандон, бардошта шавад;

2) Ҳамаи зиндониёни сиёсӣ аз зиндонҳо озод шаванд. Ва ё ҳаддиақал аз нав як додгоҳи одилона бо назорати нозирони байналмилалӣ ва кишварҳои нозири сулҳи тоҷикон баргузор гардад, ки оё иттиҳомҳои воридакардаи ҳукумат асос доранд ё надоранд?

3) Ҳамаи маҳдудиятҳо аз болои ҳизбҳои сиёсӣ ба хусус ҲНИТ бардошта шуда ва бигузоранд ин ҳизб дар чорчӯби Қонуни Асосии Тоҷикистон ба фаъолиятҳои худ дар дохили кишвар идома бидиҳад;

4) Ҳамаи маҳдудиятҳо аз болои матбуот бардошта шавад.

Мо мӯътақид ҳастем, ки танҳо дар сурати додани озодиҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла озодии анҷоми маросими динӣ, субот ва амнияти фарогир дар Тоҷикистон ҳукмфармо хоҳад шуд ва пешрафти Тоҷикистонро дар ҳамаи заминаҳо кафолат мекунад. Дар ғайри ин сурат, хатари радикалӣ шудани ҷомеа ва ба хусус ҷавонони диндор, кишвари моро таҳдид мекунад. Бояд пеш аз вуқӯи ҳодиса, иллати онро аз байн бурд. Ва иллати он, аз назари мо, эҷоди маҳдудият дар ин заминаҳост.

Саломат бошед

Ташаккур аз диққати шумо

Муҳаммадсаид Ғаниев

Узви Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

14/09/2017

Варшава

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: