Темуриён: “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар васати роҳ раҳо шуд”

Равшани Темуриён, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Шӯрои созмони ғайридавлатии “Eurasian Dialoque”, дар суханоне дар ҷаласаи кории “Таъмини ҳуқуқи баробар ва ширкати баробар дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ” дар нишасти давраии САҲА дар Варшав, бо баёни ин ки “кишварҳои ба ном кафили Сулҳи Тоҷикистон танҳо тамошобини таҳавуллоте буданд, ки як тарафи Созишномаи Сулҳ мавқеъи худро ҳамеша таҳким мебахшид” гуфт: “Ягона амалиёти сулҳсозӣ дар торихи Созмини Милали Муттаҳид дар ин ду даҳсолаи ахир бо миллате, ки дорои ҳаддиаққал 6 ҳазору 280 сол торих аст, ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шуда ва дар васати роҳ раҳо шуд.”

Машрӯҳи суханони Равшани Темуриён ба шарҳи зерин аст:

Рӯзатон ба хайр!

Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хеле печида аст. Ман мехостам таъкид кунам, ки ин масъала на фақат аз нуқтаи назари ҳуқуқи инсон, балки берун аз таҳлилҳои қонунӣ ва мавзӯъоти мухталифи ҳуқуқи башар қарор дошта, мавзӯъҳои васеътареро дарбар мегиранд.

Вақте ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун бахше аз Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозисиюни Тоҷикистон нақши бузург ва мусбатро дар сулҳи Тоҷикистон ифо кард, табиист қонунӣ кардани мамнӯияти ин ҳизб суолбарангез аст.

Ҳангоме, ки мо дар бораи мамнӯияти фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳарф мезанем, бояд ҳатман аз “Созишномаи Умумии Истиқрори Сулҳ ва Мусолиҳаи Миллӣ дар Тоҷикистон”, ки дар торихи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро поён бахшид ёдовар шавем ва бояд бо таассуф иқрор кунем, ки ин созишнома нақз шудааст.

Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозисиюни Тоҷикистон дигар вуҷуд надорад, ва тайи 20 сол аст, ки кӯшиши ИНОТ ва аз ҷумла ҲНИТ дар саҳим шудан дар системаи сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигари сулҳ тахриб шуд. Кишварҳои ба ном кафили Сулҳи Тоҷикистон, минҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Конфронси Исломӣ ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо мунфаъилона (пассивона) танҳо тамошобини таҳавуллоте буданд, ки як тарафи Созишномаи Сулҳ мавқеъи худро ҳамеша таҳким мебахшид. Мавқеъи бозигарони бузург мисли Федеросиюни Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, ки кишварҳои кафили Созишномаи Сулҳи Тоҷикистон ёдовар мешаванд, дар баробари раванди дуру дарози тахриби Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозисиюни Тоҷикистон аз ҷониби тарафи дигар ва берун кардани он аз системаи сиёсии кишвар, танбалона буд.

Ягона амалиёти сулҳсозӣ дар торихи Созмини Милали Муттаҳид дар ин ду даҳсолаи ахир бо миллате, ки дорои ҳаддиаққал 6 ҳазору 280 сол торих аст, ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шуда ва дар васати роҳ раҳо шуд.

Мо мӯътақид ҳастем, ки Ҷомеъаи байналмилалӣ ва хосса, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Конфронси Исломӣ ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, кишварҳои кафили Созишномаи Сулҳи Тоҷикистон бояд мутобиқи “Созишномаи Умумии Истиқрори Сулҳ ва Мусолиҳаи Миллӣ дар Тоҷикистон” раванди сулҳ дар Тоҷикистонро миёни ҳукумати Тоҷикистон ва меросбари собиқ Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозисиюни Тоҷикистон – Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон эҳё ва барқарор кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо танг кардани арса бар аҳзоби опозисиюн ва сиёсатҳои нодуруст дар баробари ниҳодҳо ва шахсиятҳои мазҳабӣ, ҷабҳаи ифротиёни мазҳабиро афзоиш дода, давлат ва мардуми Тоҷикистонро ба як хатари биқувва мувоҷеҳ месозад.

Тавре маълум аст, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун бахши асосии Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозисиюни Тоҷикистон ҳизби мӯътадил ва қоил ба дунявият аст ва ин ҳизб метавонад монеъи бузург сари роҳи нерӯҳои ифротгарои мазҳабӣ бошад ва насли ҷавонро аз раванди босуръати ифротишавӣ дар ҷомеаи тоҷик боздорад. Дар акси ҳол, ояндаи Тоҷикистон тира боқӣ мемонад. Ҳукумати Тоҷикистон ба танҳоӣ қодир ба маҳорсозӣ ва муқобила бо ҷангҷӯёни ифротӣ аз қабили ДОЪИШ, ки нерӯҳои он дар хоки Ироқу Сурия алъон ҳудуди 2 ҳазор тоҷик ва дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон ҳудуди 400 ҷангҷӯи тоҷик ҳастанд, намебошад. Кӣ гуфта метавонад, боз чанд ҳазори дигар аз тарафдорони ин ифротиён дар дохили Тоҷикистон ва минтақа вақти “Х”-и худро мунтазир нишастаанд?!

Ва нуктаи дигар ин аст, вақте ки ҳукумати Тоҷикистон як ҳизби узви порлумони кишвари худ – Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ба терроризм мутаҳҳам мекунад, ин иттиҳом барои собит шудан, ниёз ба далелу асноди мӯътамаде дорад, то Ҷомеъаи байналмилалӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ мутақоъид шаванд.

Созмони ғайридавлатии “Eurasian Dialoque”, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, гурӯҳи вакилони мудофеъ, муҳофизони ҳуқуқи башар ва коршиносони сиёсӣ дар нишасти умумии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар умури меъёрҳои инсонӣ дар Варшава ба мӯҳтарам маҷлиси олии мазкур пешниҳодҳои зайлро ироа мекунанд:

1) Замони он расидааст, ки Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, Созмони Конфронси Исломӣ ва кишварҳои кафили Созишномаи Сулҳи Тоҷикистон, ба ҳукумати Тоҷикистон ва нерӯҳои оппозисиюни мӯҳтадили сиёсӣ дар пайдо кардани роҳҳои ҳамзистии мусолиматомез кӯмак намоянд;

2) Ҳукумати Тоҷикистон ба нозирони байналмилалӣ ва вакилони мудофеъ иҷозат бидиҳад, то эшон ба ашхоси боздоштшуда ва маҳкуми Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва вакилони мудофеъи онҳо кӯмаки қонунӣ расонанд;

3) Мо аз дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон даъват мекунем, таваҷҷӯҳи хешро ба муҳоҷирини тоҷик – тарафдорони собиқ Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозисиюни Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва дигар аҳзобу ҳаракатҳо мутамаркиз созад.

Аз таваҷҷӯҳатон беҳадд сипосгузорам.

* * *

Равшани Темуриён,

Узви Шӯрои созмони ғайридавлатии “Eurasian Dialoque”

13 сентябри соли 2017

Варшава



Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: