Шаҳиди сулҳ

Ба баҳонаи солрӯзи вилодат ва шаҳодати Устод Бурҳонуддин Раббонӣ

Устод Бурҳонуддин Раббонӣ 29 шаҳривари 1390 (20 сентябри 2011) дар манзили шахсияш воқеъ дар Вазиракбархони Кобул тавассути як такфирӣ ба шаҳодат расид ва пас аз он дар торихи Афғонистон аз вай ба унвони “шаҳиди сулҳ” ёд мешавад.

Имрӯз (20.09.2017) дар шашумин солгарди шаҳодати Устод Бурҳонуддин Раббонӣ, раҳбари Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон, раисиҷумҳури собиқ ва раиси Шӯрои Олии Сулҳи ин кишвар ва музокиракунандаи аршади давлати Кобул бо гурӯҳи Толибон қарор дорем.

Дар идома бахше аз зиндагиномаи вайро мутолеа мекунед:

Устод Бурҳонуддин Раббонӣ дар 29 шаҳривари 1319 (20 сентябри 1940) дар шаҳри Файзобод маркази вилояти Бадахшони Афғонистон мутаваллид шуд.

Ӯ дар соли 1342 шамсӣ (1963) аз Донишкадаи илоҳиёти Кобул фориғуттаҳсил шуд ва дар соли 1347 (1968) барои идомаи таҳсил ба Миср рафт ва дар Донишгоҳи Алазҳар ба таҳсил пардохт.

Вай пас аз пирӯзии муҷоҳидин ва шикасти давлати Наҷибуллоҳ Аҳмадзай дар 1 тири 1371 (28 июни 1992), тибқи тавофуқномаи гурӯҳҳои муҷоҳиди Афғонистон дар конфронси Исломобод, ба унвони дуввумин раисиҷумҳури муваққати Афғонистон баъд аз давраи 2 моҳаи Сибғатуллоҳ Муҷаддидӣ, баргузида шуд.

Устод Раббонӣ аз соли 1389 ҳиҷрии шамсӣ (2010) то поёни умри худ, риёсати Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистонро, ки бо дастури Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури вақти ин кишвар ташкилшуда буд бар ӯҳда дошт.

Устод Бурҳонуддин Раббонӣ дар 29 шаҳриваи 1390 (20 сентябри 2011) дуруст дар солрӯзи таваллуди худ дар остонаи 71-солагӣ, бар асари инфиҷори як омили интиҳорӣ ва такфирӣ дар манзили шахсияш ба шаҳодат расид.



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: