Рӯдакӣ

Ба баҳонаи Рӯзи Рӯдакӣ

Рӯдакӣ шоири қарни севвум ва чаҳоруми ҳиҷрист. Ному насабашро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ навиштаанд. Вай дар миёнаҳои қарни севвуми ҳиҷрӣ (соли 858 милодӣ) дар рустои Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (ки инак рустое аз ноҳияи Панҷакент аст) ба дунё омада.

Аз кӯдакии Рӯдакӣ ва чигунагии таҳсили ӯ огоҳии чандоне ба даст нест. Дар 8-солагӣ Қуръон омӯхт ва онро аз бар кард ва аз ҳамон ҳангом ба шоирӣ пардохт. Бархе мегӯянд, дар мадрасаҳои Самарқанд дарс хондааст. Он чӣ ошкор аст, вай шоире донишомӯхта буд ва тасаллути ӯ бар вожагони порсӣ чандон аст, ки ҳар фарҳангномае аз шеъри ӯ гувоҳ меоварад.

Рӯдакӣ аз рӯзгори ҷавонӣ овозе хуш дошт, дар мусиқӣ ва навозандагӣ чирадаст ва пуровоза буд. Вай назди Абулъанаки Бахтиёрӣ мусиқӣ омӯхт ва ҳамвора мавриди ситоиши ӯ буд, он чунон ки устод дар рӯзгори куҳансолӣ чанги худро ба Рӯдакӣ бахшид. Рӯдакӣ дар ҳамон давра шеър низ месуруд. Шеър ва мусиқӣ дар садаҳои чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрӣ, ҳамчун рӯзгори пеш аз ислом, ба ҳам пайваста буданд ва шеър ба ҳамроҳи мусиқӣ хонда мешуд. Шоирони бузург ононе буданд, ки мусиқӣ низ медонистанд. Аз ҳамасрони Рӯдакӣ Мунҷики Тирмизӣ (нимаи дуввуми садаи чаҳорум) ва пас аз ӯ Фаррухӣ (429 ҳ.қ) устоди мусиқии замонаи хеш буданд. Шоирон маъмулан қасидаҳояшонро бо соз ва дар яке аз пардаҳои мусиқӣ мехонданд. Ҳар кас ки садое хуш надошт ё мусиқӣ намедонист, аз ровӣ мехост, то шеърашро дар ҳузури мамдуҳ бихонад. Рӯдакӣ шеърашро бо соз мехонд.

Рафта-рафта овозаи Рӯдакӣ ба дарбори Сомониён расид ва Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ӯро ба дарбор фаро хонд. Бархе бар ин гумонанд, ки ӯ пеш аз Наср ибни Аҳмад ба дарбори Сомониён рафта буд, вай дар онҷо бузургтарин шоири дарбори сомонӣ шуд. Албатта, Рӯдакӣ ҳаргиз шоире дарборӣ ба маъное, ки имрӯзҳо роиҷ аст набуд, балки ҳузури вай дар дарбори Сомониён далеле дорад, ки дар зайл оварда хоҳад шуд.

Муҳити илмӣ-иқтисодии асри Рӯдакӣ

Дар он рӯзгор, дар муҳити адабӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ он чунон таҳаввуле шигарф рӯй дода буд, ки донишпажӯҳон он давраро даврони навзоӣ (ренусонс)-и эронӣ меноманд.

Бар бистари чунин заминаи муносиби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бар пояи донишдӯстии бархе аз подшоҳони сомонӣ, ҳамчунин бо талош ва хирадмандии вазироне донишманд ва кордон чун Абулфазли Балъамӣ ва Абӯалӣ Муҳаммади Ҷайҳонӣ, Бухоро ба сурати маркази бузурги илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ даромад.

Дарбори Сомониён муҳите гардид, ки шоирон ва фарҳангмадорон аз роҳҳои дуру наздик ба онҷо рӯй меоварданд. Беҳтарин осори илмӣ, адабӣ ва торихӣ монанди “Шоҳнома”-и Мансурӣ, “Шоҳнома”-и Абулмуайиди Балхӣ (садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ), “Аҷоибул-булдон”, “Ҳудудул-олам минал-машриқ илал-мағриб” дар ҷуғрофиё, тарҷумаи тафсири Табарӣ, ки чанд тан аз донишмандон фароҳам кардаанд, тарҷумаи “Торих”-и Табарӣ аз Абӯалии Балъамӣ, осори Абӯрайҳони Берунӣ ва Абӯалӣ Сино дар рӯзгори Сомониён падид омаданд. Донишмандони барҷастае монанди: Муҳаммади Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва бисёре аз шоирони бузург монанди Фирдавсӣ дар ин рӯзгор ё мутаассир аз он баромадаанд. Бузургтарин китобхона дар он даврон дар Бухоро буд, ки Абӯалӣ ибни Сино онро дид ва гуфт, ки назири онро ҳаргиз надидааст. Таъсири ин таҳаввул на танҳо дар он давра, ки дар даврони пас аз он низ пайдост.

Рӯдакӣ фарзанди чунин рӯзгорест. Вай дар дарбори сомонӣ нуфузе фаровон ёфт. Нуфузи шеър ва мусиқии ӯ дар дарбори Наср ибни Аҳмад чандон буд, ки достони бозгашти подшоҳ аз Ҳирот ба Бухоро, ба хубӣ баёнгари он аст.

Бӯйи ҷуйи Мӯлиён

Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар “Чаҳор мақола” менависад: Наср ибн Аҳмади Сомонӣ замистонҳоро дар Бухоро мегузаронид ва тобистон ба Самарқанд ва шаҳрҳои Хуросон мерафт. Як сол ба Ҳирот рафт, тобистонро дар онҷо сипарӣ кард, хушаш омад ва поиз ва замистонро ҳам дар онҷо монд ва иқомати ӯ чаҳор сол тӯл кашид. Амирон, ки аз ин иқомати тӯлонӣ дилтанг шуда буданд, чора дар он диданд, ки ба Рӯдакӣ мутавассил шаванд, то ӯ коре кунад, ки Амир ба Бухоро бозгардад. Рӯдакӣ абёти зерро суруд ва дар маҷлиси султон онро ба ёрии чанг ва бо садое ҳазин хонд. Гӯянд, Амир Наср чунон ба ҳаяҷон омад, ки бидуни он ки чакма бипӯшад, бар асб нишаст ва рӯй ба Бухоро ниҳод:

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дуруштий роҳи ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нашоти рӯйи дӯст,

Ханги моро то миён ояд ҳаме…

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Дарбориён ва шоирон ҳама ӯро гиромӣ медоштанд ва бузургоне чун Абулфазли Балъамӣ ва Абӯтайиби Мисъабӣ, шоир ва файласуф, шаҳид Балхӣ (325 ҳ.қ) ва Абулҳасани Муродии шоир бо ӯ дӯстӣ ва наздикӣ доштанд.

Нобиноии Рӯдакӣ

Аз ишораҳо ва кинояҳое, ки шоирони наздик ба рӯзгори ӯ мисли Дақиқӣ, Абӯзуроъаи Ҷурҷонӣ ва Носири Хисрав дар боби ин устоди шоирон овардаанд, пайдост, ки ӯро шоире нобино мешинохтаанд. Аммо аз сухани ӯ, он чӣ ҳаст, барнамеояд, ки ҳамаи умри шоир дар он торикиҳои дунёи кӯрон гузашта бошад. На фақат иддаъои дидан дар ашъори ӯ ҳаст, балки ташбеҳоти ҳиссӣ низ дар суханони ӯ кам нест. Хоссаи дунёи ранг, ки бар кӯрони модарзод фурӯ бастааст, дар шеъри ӯ ҷилвае тамом дорад. Ба илова, он ошиқиҳо ва дилфиребиҳои рӯзгори ҷавонӣ, ки ёди он айём пирии шоирро гарм мекунад, албатта аз як марди нобино ба сахтӣ бармеояд; ҳарчанд бо баррасии профессор Герасимов бар ҷумҷума ва устухонҳои вай, ошкор гардид, ки дар даврони пирӣ бо оҳане гудохта чашми Рӯдакиро кӯр кардаанд, бархе устухонҳояш шикаста буд ва умри вай беш аз 80 сол будааст.

Рӯдакӣ гузашта аз Наср ибн Аҳмади Сомонӣ, касони дигаре монанди Амир Ҷаъфари Бонуя, аз амирони Систон, Абӯтайиби Мисъабӣ, хонадони Балъамӣ, Аднонӣ, Муродӣ, Абулҳасани Касоӣ (ё Кисоӣ), Аммораи Марвазӣ ва Мокони Кокиро низ мадҳ кардааст. Аз осори ӯ бармеояд, ки ба мазҳаби исмоилӣ гаройиш доштааст.

Он чӣ мусаллам аст, зиндагии Одамушшуъаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ дар ҳолае аз рамзу роз пӯшида шудааст ва бо ин ки беш аз ҳазору сад сол аз марги ӯ мегузарад, ҳанӯз муаммоҳои зиндагии ӯ ҳал нашуда ва пардаи ибҳом бар рӯйи зиндагии падари шеъри порсӣ соя густурдааст. Рӯдакӣ дар пирӣ бо беэътиноии дарбор рӯ ба рӯ шуд ва ба зодгоҳаш бозгашт. Шеърҳои даврони пирии ӯ саршори шиква аз рӯзгор, ҳасрат аз гузашта ва баёни надорӣ ва фақр аст.

Рӯдакӣ аз шоирони бузурги сабки хуросонӣ аст. Шеърҳои андаке аз ӯ ба ёдгор монда, ки бештар ба сурати байтҳои пароканда аз қитъаҳои гуногун аст.

Вижагии сухан

Комилтарин маҷмӯаи арӯзи порсӣ, нахустин бор дар шеърҳои Рӯдакӣ пайдо шуд ва дар ҳамин шеърҳои боқимонда, 35 вазни гуногун дида мешавад. Ин шеърҳо дорои гушодагии забон ва тавоноии баён аст. Забони ӯ гоҳ аз соддагӣ ва равонӣ, ба забони гуфтор мемонад. Ҷумлаҳои кӯтоҳ, феълҳои содда, такрори феълҳо ва бархе аз аҷзои ҷумла монанди забони муҳовира дар шеъри ӯ пайдост. Ваҷҳи ғолиби суратҳои хиёл дар шеъри ӯ ташбеҳ аст. Тахайюли ӯ нерӯманд аст. Печидагӣ дар шеъри ӯ роҳ надорад ва шодигароӣ ва руҳафзоӣ, хирадгароӣ, донишдӯстӣ, беэътибор донистани ҷаҳон, лаззатҷӯӣ ва ба хушбахтӣ андешидан, дар шеърҳои ӯ мавҷ мезанад.

Рӯдакӣ намояндаи комили шеъри давраи сомонӣ ва услуби шоирии садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ аст. Тасвирҳояш зинда, ва табиат дар шеъри ӯ ҷондор аст. Пайдоиш ва матраҳ кардани рубоиро ба ӯ нисбат медиҳанд. Рубоӣ дар бунёд ҳамон таронаҳое буд, ки хунёгарон мехондаанд ва ба паҳлавиёт машҳур будааст. Рӯдакӣ ба иқтизои овозхонӣ, ба ин навъи шеър бештар гаройиш дошта. Шояд нахустин шоире бошад, ки беш аз соири гӯяндагони рӯзгораш, дар сохтани оҳангҳо аз он суд бурда бошад. Аз байтҳо, қитъаҳо, қасидаҳо ва ғазалҳои андаке, ки аз Рӯдакӣ ба ёдгор монда, метавон ба некӣ дарёфт, ки ӯ дар ҳамаи фунуни шеър устод будааст.

Муаррифии осор

Теъдоди шеърҳои Рӯдакиро аз сад ҳазор то як милюн байт донистаанд, аммо он чӣ акнун монда, беш аз 1000 байт нест, ки маҷмӯае аз қасида, маснавӣ, қитъа ва рубоиро дарбар мегирад. Аз дигар осораш манзумаи “Калила ва Димна” аст, ки Муҳаммади Балъамӣ онро аз арабӣ ба порсӣ баргардонда ва Рӯдакӣ ба хостаи Амир Наср ва Абулфазли Балъамӣ онро ба назми порсӣ даровардааст. (Ба бовари Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”, Рӯдакӣ ба ҳангоми назми “Калила ва Димна” кӯр будааст.) Ин манзума маҷмӯае аз афсонаҳо ва ҳикоятҳои ҳиндӣ аз забони ҳайвонот аст, ки танҳо 129 байт аз он боқӣ мондааст. Маснавиҳои дигареро ҳам ба Рӯдакӣ нисбат медиҳанд, ки байтҳои пароканда аз онҳо ба ёдгор мондааст.

Авфӣ дар бораи ӯ мегӯяд: “ки чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръонро тамомат ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гирифт ва маънои дақиқ мегуфт, чунон ки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат шуд ва ӯро Офаридгори Таъоло овозе хуш ва савте дилкаш дода буд. Аз Абулъабаки Бахтиёр барбат биёмӯхт ва дар он моҳир шуд ва овозаи ӯ ба атрофу акнофи олам бирасид ва Амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, ки амири Хуросон буд, ӯро ба қурбати ҳазрати худ махсус гардонид ва кораш боло гирифт ва сарват ва неъмати ӯ ба ҳадде камол расид. Вафоти вай ба соли 320 ҳиҷрӣ (941 милодӣ) дар зодгоҳаш қаряи Бунҷ (ё Банҷ) иттифоқ афтод ва ҳамонҷо низ ба хок супурда шуд.”

Табаҳҳури Рӯдакӣ ва барангехтани таҳсини ҳамагон

Рӯдакӣ дар сурудани анвоъи шеър, махсусан қасида, маснавӣ, ғазал ва қитъа маҳорат доштааст ва аз назари хушбаёнӣ дар торихи адабиёти Эрон пеш аз ӯ шоире вуҷуд надорад, ки битавонад бо вай баробарӣ кунад. Ба воситаи тақарруб ба Амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, Рӯдакӣ ба дарёфти ҷавоиз ва силаи фаровоне аз подшоҳи сомонӣ ва вазирон ва риҷоли дарбораш ноил гардид ва сарвате зиёд ба даст овардааст, чунон ки ба гуфтаи Низомии Арӯзӣ, ҳангоме ки ба ҳамроҳии Наср ибни Аҳмад аз Ҳирот ба Бухоро мерафта, чаҳорсад шутур бунаи (бору асбоби) ӯ будааст. Илова бар доро будани мақоми зоҳирӣ, рифъат ва пояи суханварӣ ва шоирии Рӯдакӣ ба андозае аст, ки аз муосирони ӯ шуъарои маъруфе чун Шаҳид Балхӣ ва Маъруфии Балхи ӯро сутудаанд ва аз гӯяндагони баъд аз ӯ касоне чун Дақиқӣ, Низомии Арӯзӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва Носири Хисрав аз ӯ ба бузургӣ ёд кардаанд.

Рӯдакӣ ва суханоне ботароват ва шодибахш

Суханони Рӯдакӣ дар қуввати ташбеҳ ва наздикии маъонӣ ба табиат ва васф, камназир аст ва латофат ва матонат ва инсиҷоми хоссе дар адабиёти вай мушоҳида мешавад, ки мояи таъсири каломи ӯ дар хонанда ва шунаванда аст. Аз ғолиби ашъори ӯ руҳи тараб ва шодӣ ва адами таваҷҷӯҳ ба он чӣ мояи андӯҳ ва сустӣ бошад машҳуд аст. Ва ин ҳолат, гузашта аз асари муҳити зиндагӣ ва асри ҳаёти шоир, натиҷаи фарохии айш ва фароғати боли ӯ низ мебошад.

Бо вуҷуди он ки то як милюну сесад ҳазор шеър бино ба гуфтаи Рашидии Самарқандӣ ба Рӯдакӣ нисбат додаанд, теъдоди ашъоре, ки аз ӯ имрӯза дар даст аст, ба ҳазор байт намерасад. Аз назари санойеъи адабӣ гаронбаҳотарин қисмати осори Рӯдакӣ мадоеҳи ӯ нест, балки муғозалоти ӯст. Рӯдакӣ шоире шодиписанд ва шоири ғазалҳои нишотангез, бисёр зарифтабъ ва пур аз эҳсосот аст. Гузашта аз мадоеҳ ва мазмунҳои шодиписанд ва нишотангез дар осори Рӯдакӣ, андешаҳо ва пандҳои омехта ба бадбинӣ низ дар шеъри ӯ дида мешавад. Шояд ин андешаҳо дар наздикии пирӣ ва ҳангоме ки тавонгарии ӯ бадал ба тангдастӣ шуда нумув карда бошад. Метавон фарз кард, ки ин ҳаводис дар зиндагии Рӯдакӣ баста ба саргузашти дуввуми вай будааст. Яъне пас аз он ки амири қарматиро халъ карданд ва мақоми ифтихорӣ, ки Рӯдакӣ дар дарбор ба он шод буд, ба поён расид. Бо фаро расидани рӯзҳои фақр ва талхи пирӣ, дигар чизе барои Рӯдакӣ намонда буд, ҷуз он ки ба ёди рӯзҳои хуши гузашта ва ҷавонии сипаришуда бинолад.

* * *

Манобеъ:

Забеҳуллоҳи Сафо, Торихи адабиёти Эрон

Бошгоҳи Андеша

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Машоҳир

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: