Шерзамонов: “Шаҳрвандони Тоҷикистон аз оддитарин ҳуқуқ маҳруманд”

Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Шӯрои созмони ғайридавлатии “Eurasian Dialoque”, дар суханоне дар ҷаласаи корӣ марбут ба муҳоҷират дар нишасти давраии САҲА дар Варшав, бо баёни ин ки “шаҳрвандони кишварам аз оддитарин ва заруритарин ҳуқуқ маҳруманд” гуфт: “Як тоҷикистонӣ ҳатто аз ҳаққи номгузории фарзандаш бидуни дар назар гирифтани тавсияи ниҳодҳои масъули давлатӣ дар ин замина, маҳрум аст. Мо ҳатто аз ин ҳақ низ маҳрум ҳастем, ки маросими арӯсӣ ва ҷашнҳои таваллуди худро ба шакли дилхоҳ баргузор кунем. Ва ҷиҳати назорат бар ин маросимҳо ва харҷи “ҳазинаҳои зиёдӣ” тавассути шаҳрвандон, ҳукумати Тоҷикистон ниҳодҳои махсусеро таъсис намуда, ки таъмини будҷаи ин ниҳодҳо дар навбати худ, бар гардани ҳамин шаҳрвандон аст.”

Машрӯҳи суханони Алим Шерзамонов ба шарҳи зерин аст:

Хонумҳо ва оқоён!

Имрӯз мушкили паноҳҷӯён ва оворагон, дар канори теруризми байналмилалӣ, аз мушкилоти умдаи ҷаҳон ба шумор меравад, ва ғолибан ҳар ду дорои решаи воҳиданд. Ва решаи он ду, чизе ҷуз сиёсатҳои истибдодии худкомаҳо на танҳо дар саркӯби дигарандешӣ ва дигарандешон, балки ҳатто дар зери назорат гирифтани тамоми фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва балки зиндагии шахсӣ ва хусусии шаҳрвандон аст.

Яке аз намунаҳои боризи дахолати ҳукумат дар зиндагии хусусии шаҳрвандон, ин қабули қонунҳои аҷибу ғариб дар Тоҷикистон аст. Бо гӯш додан ба гузоришҳо дар бораи ҳуқуқи сиёсӣ ва баробарии шаҳрвандӣ дар ин нишаст, ман ба фикри шаҳрвандони кишвари худам афтодам, ки аз оддитарин ва заруритарини ҳуқуқ маҳруманд. Як тоҷикистонӣ ҳатто аз ҳаққи номгузории фарзандаш бидуни дар назар гирифтани тавсияи ниҳодҳои масъули давлатӣ дар ин замина, маҳрум аст. Мо ҳатто аз ин ҳақ низ маҳрум ҳастем, ки маросими арӯсӣ ва ҷашнҳои таваллуди худро ба шакли дилхоҳ баргузор кунем. Ва ҷиҳати назорат бар ин маросимҳо ва харҷи “ҳазинаҳои зиёдӣ” тавассути шаҳрвандон, ҳукумати Тоҷикистон ниҳодҳои махсусеро таъсис намуда, ки таъмини будҷаи ин ниҳодҳо дар навбати худ, бар гардани ҳамин шаҳрвандон аст, ки бо пардохти молиёт, онҳоро таъмин мекунанд. Ниёз нест, ки одам як нобиға дар риёзиёт бошад, то ҳазинаҳоеро, ки ҳукумат барои ин ниҳодҳо сарф мекунад, бо ҳазинаҳои шаҳрвандон муқоиса кунад ва бибинад, кадом як “ҳазинаи зиёдӣ” ҳастанд! Ин як намунаи кучак аз намунаҳои бешумори дахолатҳои ҳукумат дар зиндагии хусусии шаҳрвандон аст.

Шояд ин суолро бароям матраҳ кунед, ки ин масъала чӣ иртиботе бо мавзӯи мавриди назари ин ҷаласа дорад?

Посухаш хеле содда аст. Агар дар як кишвар, илова бар бӯҳрони иқтисодии 26-сола, амалан нагузоранд шаҳрвандон роҳат нафас бикашанд, ва бихоҳанд мизони таҳаммули мардумро озмоиш бикунанд, дар ин сурат, родиколеза шудани бахши қобили таваҷҷӯҳи ҷомеа аз як тараф, ва фирор ва муҳоҷират аз рӯи ночорӣ аз тарафи дигар, бисёр як амри табиӣ хоҳад буд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ одат кардааст, бо ин гуна бӯҳронҳо ва паёмадҳои вахими он, фақат дар як қисмати сайёраамон мубориза кунад, дар ҳоле ки нисбат ба инчунин бӯҳронҳо дар қисмати дигари он, бетафовут аст ва аз онҳо чашм мепӯшад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар бӯҳрони паноҳҷӯӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Офриқо таваҷҷӯҳи хосса нишон медиҳад, вале нисбат ба айни ин гуна бӯҳронҳо дар Осиёи Марказӣ бетаваҷҷӯҳ аст.

Имрӯз, аз Тоҷикистон ва танҳо дар Русия, беш аз як милюн муҳоҷир бар сар мебарад, ва бовар кунед, ҳамаи онҳо муҳоҷирони ба истилоҳ иқтисодӣ нестанд, яъне чунин нест, ки фақат аз барои ёфтани кор ба онҷо рафта бошанд. Балки ман итминон дорам, ки бештари ин муҳоҷирон ҳиҷраташон инсонӣ ва дар мавориде ҳам, сиёсӣ аст; касоне, ки аз фазои хафақони ҳоким дар кишварашон фирор карда ва аҳёнан ба бардагӣ дар як кишвари дигар меафтанд. Ва аз он тараф, кишваре ҳам, ки мизбони муҳоҷирони тоҷикистонӣ ва шаҳрвандони соири кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, аввалан, манобеи кофӣ барои таъмини оддитарин ҳуқуқи муҳоҷиронро надорад, ва сониян, дар ҷомеаи ин кишвар падидаи ҳарос (фобия) дар сатҳи бисёр болое реша давонидааст, аз ҷумла падидаи муҳоҷирҳаросӣ.

Ва аз як тараф, ҳукумати Тоҷикистон дар ин чанд соли ахир муҷиддона дар ҳоли тасвирсозии чеҳраи терурист барои тоҷикҳост, ки ҳамин масъала худ баҳонае ба дасти ниҳодҳои интизомии Русия додааст.

Агар имрӯз ба ин масъала таваҷҷӯҳи лозим нашавад, мумкин аст панҷ милюн муҳоҷир аз кишварҳои пасошӯравӣ вориди Урупо бишаванд. Аз ин рӯ, худкомаро бояд дар ҷавона мутаваққиф кард.

Хонумҳо ва оқоён!

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи гуфта омадем, пешниҳод мешавад:

1) Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус кишварҳои урупоӣ, бояд ба бӯҳронҳои мавҷуд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи лозим ба харҷ диҳанд ва набояд ин минтақа ба фаромӯшӣ супурда шавад;

2) Бояд роҳҳои аҳруми фишор бар режимҳои ҳоким дар ин кишварҳоро пайдо кард, то пеши роҳи раванди муҳоҷират гирифта шавад;

3) Бояд ба ҳукумати Тоҷикистон акидан тавсия шавад, ки ба қонунмадорӣ баргардад ва қарору қонунҳои мухолиф бо Қонуни Асосиро лағв намояд;

4) Лозим аст як ниҳоди урупоӣ шабеҳи коммиссирати СММ дар бораи муҳоҷират таъсис гардад;

5) Бояд созмонҳои ғайридавлатӣ дар қаламрави Русияро, ки дар амри муҳоҷират фаъолият мекунанд, кӯмак ва дастгирӣ намуд.

Бо ташаккур.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: