Ислом ва Эронзамин (74)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (37)

Фалсафа ва ҳикмат (16)

(Аз Сабзаворӣ то Ҷилва)

Табақаи сиюм

1) Ҳоҷӣ Муллоҳодӣ Сабзаворӣ. Баъд аз Муллосадро машҳуртарини ҳукамои илоҳии се чаҳор қарни ахир аст. Ҳоҷӣ Сабзаворӣ дар соли 1212 дар Сабзавор мутаваллид шуд. Ҳафтсола буд, ки падараш мурд. Дар даҳсолагӣ барои таҳсил ба Машҳади муқаддас рафт ва даҳ сол иқомат кард. Шӯҳрати ҳукамои Исфаҳон ӯро ба Исфаҳон кашонид. Дар ҳудуди ҳафт сол аз маҳзари Мулло Исмоили Исфаҳонӣ истифода кард. Ва зимнан, дар ҳамон вақт ду се соли охирҳои давраи Ҳаким Нуриро дарк кард. Сипас ба Машҳад муроҷиат кард ва чанд соле дар Машҳад ба тадрис пардохт. Он гоҳ озими Байтуллоҳ шуд. Дар муроҷиат иҷборан ду се соле дар Кирмон иқомат кард. Дар муддати иқомати Кирмон, барои ин ки нафси худро тарбият кунад ва риёзат диҳад, саъй кард ношинохта бимонад ва дар ҳамаи муддат ба кӯмаки ходими мадраса ба хидмати туллоб қиём мекард. Баъд духтари ҳамон ходимро ба занӣ гирифт ва раҳсипори Сабзавор шуд. Қариб 40 сол бидуни он ки ҳатто як навбат аз он шаҳр хориҷ шавад, дар он шаҳр таваққуф кард ва ба кори мутолеа ва таҳқиқ ва тадрис ва таълиф ва ибодат ва риёзати нафс ва тарбияти шогирдон пардохт, то умраш ба поён расид.

Аз назари ташкили ҳавзаи гарми фалсафӣ ва ҷазби шогирд аз атрофу акноф ва тарбияти онҳо ва парокандани онҳо дар билоди мухталиф, баъд аз Ҳаким Нурӣ касе ба пояи Ҳаким Сабзаворӣ намерасад. Овозаи шӯҳраташ дар ҳамаи Эрон ва қисматҳои хориҷи Эрон печид. Толибони ҳикмат аз ҳар сӯ ба маҳзараш мешитофтанд. Шаҳри матруки Сабзавор аз партави вуҷуди ин ҳакими олиқадр қиблаи ҷӯяндагони ҳикмати илоҳӣ гашт ва маркази як ҳавзаи илмӣ шуд.

Губину (Arthur de Gobineau), файласуфи маъруфи фаронсавӣ, ки назари хоссаш дар фалсафаи торих маъруф аст, муқорини авҷи шӯҳрати Ҳаким Сабзаворӣ се сол вазири мухтори Фаронса дар Эрон буда ва китобе ҳам ба номи “Се сол дар Эрон” мунташир кардааст. Ӯ менависад:

Шӯҳрат ва овозаи ӯ (Ҳаким Сабзаворӣ) ба қадре оламгир шуда, ки туллоби зиёде аз мамолики Ҳиндустон, Туркия ва Арабистон барои истифода аз маҳзари ӯ ба Сабзавор рӯ оварда ва дар мадрасаи ӯ машғули таҳсил ҳастанд.”

Ҳаким Сабзаворӣ фавқулъода хушбаён ва хуштақрир буд; бо шӯру ҷазаба тадрис мекард. Ӯ гузашта аз мақомоти илмӣ ва ҳикамӣ, аз завқи ирфонии саршоре бархӯрдор буд. Ба илова, марде боинзибот, аҳли муроқиба, мутаъаббид, муташарреъ ва билохира солики илаллоҳ буд. Маҷмӯи инҳо сабаб шуда буд, ки шогирдони ӯ ба ӯ то сарҳадди ишқ иродат биварзанд. Аз назари ҷозибаи устоду шогирдӣ, Ҳаким Сабзаворӣ бемонанд аст. Баъзе аз шогирдони ӯ баъд аз ӯ бо ин ки 40 сол аз ӯ фосила гирифта буданд, боз ҳам ҳангоми ёдоварии ӯ, ба ҳаяҷон меомаданд ва ашк мерехтанд.

Ҳаким Сабзаворӣ ба форсӣ ва ба арабӣ шеър месуруда ва дар ашъораш ба “Асрор” тахаллус мекардааст. Дар ҳар ду қисмат бархе ашъор дорад, ки дар авҷи зебоӣ ва камол ва шӯр ва ҳол аст.

Ҳаким Сабзаворӣ дар соли 1289 дар як ҳолати ҷазабамонанде даргузашт. Яке аз шогирдонаш дар торихи вафоташ чунин сурудааст:

Асрор чу аз ҷаҳон бадар шуд,

Аз фарш ба Арш нола баршуд.

Торихи вафоташ ар биҷӯӣ,

Гӯем: “ки намурд, зиндатар шуд”.

Шогирдони Ҳоҷӣ то он ҷо, ки мо феълан иттилоъ дорем, иборатанд аз:

Мулло Абдулкарими Хабӯшонӣ (Қучонӣ), ки бар “Манзумаи мантиқ” ҳошия дорад.

Мирзо Ҳусайни Сабзаворӣ муқими Теҳрон устоди Мулло Муҳаммади Ҳидаҷӣ ва Мирзо Алиакбари Яздӣ муқими Қум.

Ҳоҷ Мирзо Ҳусайни Алавии Сабзаворӣ муқими Сабзавор, ки дар ҷомеъият ва таҳқиқ дар асри худ беназир шинохта мешуд.

Ҳаким Аббоси Доробӣ устоди маъруфи фалсафа дар устони Форс.

Шайх Иброҳими Сабзаворӣ устоди Шайхурраис Қоҷор.

Шайх Муҳаммадиброҳими Теҳронӣ, ки бо Ҳаким Сабзаворӣ муросилот дошта ва Алломаи Теҳронӣ онҳоро назди Шайх Муҳаммадҷаводи Ҷазоирӣ дидааст.

Сайид Абулқосими Мусавии Занҷонӣ.

Сайид Абдурраҳими Сабзаворӣ.

Мулло Муҳаммади Саббоғ.

Шайх Муҳаммадризо Баруғанӣ устоди Шайх Ҳодии Бирҷандӣ.

Мирзо Абдулғафури Доробӣ.

Мулло Ғуломҳусайни Шайхулисломи Машҳадӣ устоди Ҳоҷ Фозили Хуросонӣ ва Оқобузурги Шаҳидии Машҳадӣ.

Мирзо Муҳаммади Сарвқадӣ устоди Ҳоҷ Фозили Хуросонӣ ва Оқобузурги Шаҳидии Машҳадӣ.

Шайх Алӣ Фозили Таббатӣ.

Мирзо Оқо Ҳакими Доробӣ.

Мирзо Муҳаммади Яздӣ.

Ҳоҷ Мирзо Абӯтолиби Занҷонӣ.

Ҳоҷ Мулло Исмоили Орифи Буҷнурдӣ.

Шайх Абдулҳусайни Шайхулироқин.

Мирзо Муҳаммади Ҳакими Илоҳӣ.

Бузургтарин ҳасанаи Ҳаким Сабзаворӣ, марҳум ҳакими раббонӣ, орифи комили илоҳӣ, фақеҳи номдор, Охунд Муллоҳусайнқулии Ҳамадонӣ (Қуддиса сирруҳ!) аст. Ин марди бузург ва бузургвор, ки фарзанди як чӯпони поксиришт буд, барои идомаи таҳсил аз Ҳамадон ба Теҳрон омад. Овозаи шӯҳрат ва ҷозибаи маънавияти Ҳаким Сабзаворӣ ӯро ба Сабзавор кашонид. Муддате — ки торих ва миқдорашро феълан намедонам — дар ҳавзаи он ҳаким ширкат кард. Пас аз он ба атабот шитофт ва барои такмили улуми манқул, ҷузъи шогирдони устодулмутааххирин Ҳоҷ Шайх Муртазо Ансорӣ қарор гирифт.

Дар ҳамон айём тавфиқи ташарруфи ҳузури Оқо Сайидалии Шуштариро ёфт ва дар назди он орифи комил мароҳили сайру сулукро тай кард ва худ ба мақоме аз камолу маърифат расид, ки камтар назире барояш метавон ҷуст.

Агар ҳамаи шогирдони ҳавзаи Ҳаким Сабзаворӣ ба ҳузур дар ҳавзаи ӯ ифтихор мекунанд, ҳавзаи Ҳаким ба ҳузури чунин марде муфтахар аст.

Ҳавзаи таълиму тарбияти марҳум Охунд Муллоҳусайнқулӣ бештар ҳавзаи тарбият буд, то таълим, ҳавзаи инсонсозӣ буд. Аз ин ҳавза мардони бузурге бархостаанд. Аз мутолеаи мавозеи мутафарриқаи китоби “Нуқабоул-башар” метавон ба вусъати доираи он пай бурд.

Тибқи он чӣ аз мадорик ва асноди мунташира дар бораи Сайидҷамолуддини Асадободӣ маъруф ба Афғонӣ ба даст меояд, Сайид дар муддати иқоматаш дар Наҷаф, аз маҳзари ду нафар баҳраманд шудааст: яке Шайхи Ансорӣ ва дигар Охунд Муллоҳусайнқулӣ. Назар ба ин ки тасреҳ шуда, ки Сайид дар Наҷаф ба таҳсили улуми ақлӣ иштиғол дошта — ба илова, аз осораш каму беш пайдост — ва ҳам тасреҳ шуда, ки Сайид аз маҳзари ин ду нафар истифода кардааст, зоҳир ин аст, ки Сайид улуми ақлиро назди Охунд омӯхтааст. Бинобар ин Сайидҷамол бо як восита шогирди Ҳаким Сабзаворӣ аст.

Сайидҷамол тибқи мадорики мавҷуд, дар муддати иқомат дар Наҷаф, бо марҳум Сайидаҳмади Карбалоии Теҳронӣ ва марҳум Сайидсаъиди Ҳубубӣ аз шогирдони Охунд Ҳамадонӣ, ки ба ворастагӣ ва тайи мароҳили сайру сулук маъруфанд, рафоқат ва самимият доштааст. Ва ин яке дигар аз шигифтиҳои зиндагии ин марди хориқулода аст ва буъди тозае ба шахсияти ӯ медиҳад. То кунун надидаем касе мутаваҷҷеҳи ин нукта аз зиндагии ӯ шуда бошад.

2) Оқоалии Занузӣ, маъруф ба Оқоалии Ҳаким ва Оқоалии Мударрис. Фарзанди Мулло Абдуллоҳи Занузии собиқуззикр ва аз асотиди камназири ду қарни ахир аст. Дар соли 1234 дар Исфаҳон (се сол қабл аз ҳаракати падараш аз Исфаҳон ба Теҳрон) мутаваллид шуд. Аз падар маъқулан ва манқулан истифода кардааст. Барои такмили улуми манқул ба атабот рафт ва пас аз муроҷиат ба Теҳрон, ба Исфаҳон рафт ва аз маҳзари дарси Мирзо Ҳасани Нурӣ фарзанди Мулло Алии Нурӣ баҳраманд шуд. Аз онҷо ба Қазвин рафт ва аз дарси Мулло Оқои Қазвинӣ истифода кард. Бори дигар ба Исфаҳон рафт ва муҷаддадан дар хидмати Мирзо Ҳасани Нурӣ ба такмили таҳсилот пардохт. Он гоҳ ба Теҳрон муроҷиат кард ва солҳо дар мадрасаи “Сипаҳсолор”-и қадим мударриси расмӣ буд ва дар соли 1307 дар Теҳрон даргузашт.

3) Оқо Муҳаммадризо Ҳакими Қумшаӣ. Ӯ низ аз бузургони ҳукамо ва асотини ирфони қуруни ахир аст. Оқо Муҳаммадризо — ки шогирдон ва дӯстонаш номи ӯро ба сурати мухаффафи “Омирзо” талаффуз мекарданд — аҳли Қумша (Шаҳризо)-и Исфаҳон аст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Исфаҳон муҳоҷират кард ва аз маҳзари Мирзо Ҳасани Нурӣ ва Мулло Муҳаммадҷаъфари Лангарудӣ баҳраманд шуд. Солҳо дар Исфаҳон ӯҳдадори тадриси фунуни ҳикмат буд. Ҳудуди даҳ соли поёни умри худро дар Теҳрон ба сар бурд ва дар ҳуҷраи мадрасаи Садр маскан гузид ва фузало аз маҳзари пурфайзаш истифода карданд. Пуршӯртарин давраи зиндагонии Ҳаким Қумшаӣ даҳ соли охир аст.

Вай марде ба тамоми маънӣ ворастаа ва орифмашраб буд; бо хилват ва танҳоӣ маънус буд ва аз ҷамъ то ҳудуде гурезон. Дар ҷавонӣ сарватманд буд. Дар хушксолии 1288 тамоми моямлаки манқул ва ғайриманқули худро сарфи ниёзмандон кард ва то поёни умр дарвешона зист.

Ҳаким Қумшаӣ дар авҷи шӯҳрати Оқоалии Ҳакими Мударриси Занузӣ ва Мирзо Абулҳасани Ҷилва ба Теҳрон омад ва бо он ки машраби аслиаш садроӣ буд, китобҳои Бӯалиро тадрис кард ва бозори Мирзои Ҷилваро, ки тахассусаш дар фалсафаи Бӯалӣ буд шикаст, ба тавре, ки маъруф шуд: “Ҷилва аз ҷилва афтод”.

Ҳаким Қумшаӣ ҳаргиз ҷомаи рустоиро аз тан дур накард ва дар зийу ҷомаи уламо дарнаёмад. Марҳум Ҷаҳонгирхони Қашқоӣ, ки солҳо шогирди ӯ будааст нақл карда, ки ба шавқи истифода аз маҳзари Ҳаким Қумшаӣ ба Теҳрон рафтам. Ҳамон шаби аввал, худро ба маҳзари ӯ расондам. Вазъи либосҳои ӯ уламоӣ набуд, ба карбосфурӯшҳо монанд аст. Ҳоҷати худро бад-ӯ гуфтам. Гуфт: миъоди ману ту фардо дар харобот. Харобот маҳалле буд дар хориҷи Хандақ (-и қадими) Теҳрон ва дар онҷо қаҳвахонае буд, ки дарвеше онро идора мекард. Рӯзи баъд “Асфор”-и Муллосадроро бо худ бурдам. Ӯро дар хилватгоҳе дидам, ки бар ҳасире нишаста буд. “Асфор”-ро гушудам. Ӯ онро аз бар мехонд. Сипас ба таҳқиқи матлаб пардохт. Маро ончунон ба ваҷд овард, ки аз худ бе худ шудам, мехостам девона шавам…

Ҳаким Қумшаӣ аз завқи шеърии олие бархӯрдор буд ва ба “Саҳбо” тахаллус мекардааст. Ӯ дар соли 1306 дар кунҷи ҳуҷраи мадраса, дар танҳоӣ ва хилват ва сукуте орифона, аз дунё рафт. Қазоро он рӯз мусодиф буд бо фавти муфтии бузурги шаҳр марҳум Ҳоҷ Муллоалии Канӣ ва дар шаҳр ғавғое барпо буд. Дӯстон ва иродатмандонаш соатҳо пас аз фавти ӯ аз даргузашташ огоҳ шуданд. Он гурӯҳи маъдуд, ӯро дар сари қабри оқо ба хок супурданд. Ҳаким Қумшаӣ ончунон мурд, ки зист, ва ончунон зист, ки худ дар байте аз як ғазал суруда ва орзу карда буд:

Кохи заррин ба шаҳон хуш, ки мани девона,

Гӯшае хоҳаму вайрона ба олам кам нест.

Ҳаким Қумшаӣ шогирдони бисёре тарбият кард. Оқо Мирзо Ҳошими Ишкеварӣ, Оқо Мирзо Ҳасани Кирмоншоҳӣ, Оқо Мирзо Шаҳоби Найрезӣ, Ҷаҳонгирхони Қашқоӣ, Охунд Мулло Муҳаммади Кошии Исфаҳонӣ, Мирзо Алиакбари Яздӣ муқими Қум, Шайх Алии Нурӣ мударриси мадрасаи Марвӣ маъруф ба Шайх Алии Шавориқ, Мирзо Муҳаммадбоқири Ҳаким ва Муҷтаҳиди Истаҳбонотӣ муқими Наҷаф ва мақтул дар машрутият ва мадфун дар Истаҳбонот, Ҳаким Сафоии Исфаҳонӣ шоири орифи маъруф, Шайх Абдуллоҳи Раштии Риёзӣ, Шайх Ҳайдархони Наҳовандии Қоҷор, Мирзо Абулфазли Калонтари Теҳронӣ, Мирзо Сайидҳусайни Разавии Қумӣ, Шайх Маҳмуди Буруҷердӣ, Мирзо Маҳмуди Қумӣ аз он ҷумлаанд.

4) Мирзо Абулҳасани Ҷилва, аз машоҳири асотид ва мударрисини ин табақа аст. Солҳои мутамодӣ тадрис карда ва шогирдони бисёре тарбият кардааст. Марҳуми Ҷилва дар соли 1238 мутаваллид шуда ва дар соли 1314 даргузаштааст. Марҳуми Ҷилва бештар тарафдори Бӯалӣ буда ва ба фалсафаи Муллосадро эътиқоди чандоне надоштааст. Вай аҳли Исфаҳон аст ва ба Теҳрон муҳоҷират кардааст. Ҷилва шогирди Мирзо Ҳасани Нурӣ ва Мирзо Ҳасани Чинӣ аз шогирдони Мулло Алии Нурӣ аст. Гӯянд, Ҷилва ибтидо, ки ба Теҳрон омад, ба қасди рафтан ба Сабзавор ва истифода аз маҳзари Ҳоҷӣ Сабзаворӣ (ки ним табақа бар ӯ муқаддам аст) буд, вале мунсариф шуд ва дар Теҳрон раҳли иқомат афканд. Ҷилва ва Ҳаким Қумшаӣ ва Оқоалии Мударрис се мударриси номдоре буданд, ки ҳавзаи Теҳрон дар охирҳои қарни сездаҳум ва аввалҳои қарни чаҳордаҳум бар меҳвари вуҷуди онҳо мегардид, вале ду рақиби Ҷилва бар ӯ аз назари илмӣ тақаддум доштаанд. Ғолибан шогирдони онҳо монанди афроде, ки дар зайли номи Ҳаким Қумшаӣ ёд кардем, муштараканд ва шогирдони ҳар се нафар будаанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: