Умед Ҷайҳонӣ: “Забони Рӯдакиро бояд дар ниҳодҳои давлатӣ ба кор гирифт”

Мусоҳибаи хабаргузории Sputnik бо Умед Ҷайҳонӣ

Понздаҳ сол боз дар Тоҷикистон 22 сентябрро чун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн мегиранд. Маъмулан дар ин рӯз барномаҳои рӯдакихонӣ баргузор мешаванд ва мақолаҳое дар бораи Рӯдакиву аҳволу осораш мунташир мешаванд. Аммо камтар касе аз корбурди забони Рӯдакӣ дар ниҳодҳои кишвардории Тоҷикистон сухан мегӯяд. Sputnik тоҷикӣ дар ин бора бо Умед Ҷайҳонӣ гуфтугӯи кӯтоҳе дошт.

— Оё дар Тоҷикистон ёди Рӯдакӣ чунон ки бояд пос дошта мешавад?

Ман бар ин боварам, ки номи шоир замоне ҷовидон мемонад, ки ашъору осораш дар ёдҳо бимонад. Вале Рӯдакӣ барои мо фаротар аз шоир аст, зеро ӯ яке аз бунёдгузорони фарҳангу адаби мост. Ҳамин ки дар 1100 сол ёду осораш зиндаву боз мондааст, худ гувоҳ бар ин аст, ки мардум ӯро ҳамеша арҷ мегузоштааст. Ин ки дар Тоҷикистон рӯзеро барои ёдбуду бузургдошти Рӯдакӣ вижа гардондаанд, бисёр хуб аст, вале боз ҳам кам аст. Рӯдакӣ на танҳо шоир, балки омӯзгори ахлоқ низ ҳаст ва осораш лабрез аз панду андарз аст ва бояд омӯзаҳои ахлоқии ӯро омӯхту омӯзонд. Ин корро набояд дар чордевори мактабу донишгоҳҳо дарбаст кард, балки бояд дар расонаҳо, бавижа телевизюну родю ҳам дарсгуфтору барномаҳоеро дар борааш роҳ андохт.

— Оё гузоштани номи Рӯдакӣ бар ҷоизаҳову бунгоҳҳо, кӯчаву ноҳияҳо дуруст аст?

Номгузории ҷоизаҳо, кӯчаву хиёбонҳову бунгоҳҳои омӯзишиву фарҳангиву адабӣ ба номи Рӯдакӣ дурусту писандида аст. Вале гузоштани номи ӯ ва дигар бузургон бар ноҳия ё шаҳре нодуруст аст. Дар Тоҷикистон ҳар ҷо ки пештар ба номи Ленин буд, акнун ба номи Рӯдакӣ кардаанд. Аммо «Рӯдакӣ» ҷойном намешавад, зеро нисбаест, ки худ аз ҷойном сохта шудааст. Яъне «Рӯдак + ӣ». Ҳоло агар бихоҳем мардуми ноҳияи Рӯдакиро ба як ном бихонем, чи бояд бигӯем: рӯдакигӣ?

— Оё тоҷикон имрӯз ҳам ба «забони Рӯдакӣ» сухан мегӯянд?

— Аз дидгоҳи забоншинохтӣ, забоне, ки тоҷикон имрӯз ба кор мебаранд, ҳамон забонест, ки Рӯдакӣ ба кор мебурда, яъне ҳамон забони форсӣ аст. Вале забони имрӯзӣ ва забони замони Рӯдакӣ яксону инҳамон нестанд. «Забони Рӯдакӣ», яъне забони осори Рӯдакӣ, дар замони худаш монд. Аммо забони форсӣ, яъне забони мардум, аз он замон то кунун бисёр дигаргун шуда ва пеш аз ҳама ганҷури вожагонаш густариш ёфтааст. Ин раванди табии такомули забон аст ва касе наметавонад пеши роҳашро бигирад. Аммо «забони Рӯдакӣ» забони адабист ва мо ҳанӯз ҳам он забонро барои худ забоне воло медонем. Ин забоне, ки мо гуфтугӯ дорем, гунаи зиндаи имрӯзии ҳамон забони Рӯдакист. Он чизе ки дар тули ҳастии як забон бояд мондгор бошад, дастури забон аст. Агар дастури забон хароб шавад, забон ҳам харобу нобуд мешавад. Вале вом гирифтани вожаҳо аз дигар забонҳо ҳеч забонеро хароб намекунад, магар ин ки вомгирӣ бе баркашу бебанду бор набошад. Имрӯз бархе иддиъо мекунанд, ки гӯё вомгирии вожаву истилоҳот аз форсии Эрон, «забони Рӯдакиву Айниро касиф мекунад». Ин андеша хому аҳмақона аст. Форсӣ дар ҳар кишваре, ки ба кор равад, як забон аст. Ончи дар кишварҳои форсизабон ба кор меравад, гунаҳои зиндаи забони гуфторӣ ҳастанд ва аз онҳо бояд дар вожасозӣ ва пешрафти забон баҳра гирифт.

— Оё доштани Рӯдакӣ барои мо чи суде дорад?

— Дар Замину замоне, ки мо зиндагӣ дорем, қадимӣ будан ҳеҷ бартарие барои мардуме намедиҳад. На ҳар мардуме, ки қадимтар аст, муваффақтар аст. «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад». Пас қадимӣ будану Рӯдакӣ доштан ба мо бартарие намедиҳад, магар ин ки мо омӯзаҳои ахлоқии Рӯдакиро ба кор бибарем. Агар панду андарзҳо ӯро ба кор бурдему муваффақ шудем, метавонем лоф занем, ки набераи Рӯдакӣ ҳастем, вагарна доштану надоштанашон барои мо яксон хоҳад буд.

Мо тоҷикон торихзада ҳастем. Мегӯем, ки Рӯдакӣ дорем, Фирдавсӣ дорем, Сино дорем… Аммо дар амал аз осору афкори онҳо камтар баҳрае мебарем. Масалан, имрӯз ва дар Рӯзи забон лоф хоҳем зад, ки забону адаби ҷаҳонгир дорем. Вале аввал бояд бибинем, ки оё забони мо дар дар ниҳодҳои давлатии кишвари худамон чунон ки бояд ба кор меравад ё на? Бархе аз вазоратҳои Тоҷикистон забони миллии моро, ки забони расмии давлат аст, дар коргузорияшон ба кор намегиранд. Масалан, Вазорати молияи Тоҷикистон вебгоҳи тоҷикӣ надорад. Чанд вазорати калидии дигар низ ҳамчунин. Вале Кумитаи забону истилоҳот ин ниҳодҳоро мондаву питзофурӯшиҳоро ҷарима мебандад. Бояд вазорати молияро ҷарима кард, ки забони давлатиро хор медорад. Агар вазоратҳо забони давлатиро ба кор набаранд, касе ҳаққ нахоҳад дошт аз мардум корбурди забони давлатиро талаб кунад. Давлат бояд корбурди забони миллиро дар ниҳодҳову созмонҳояш ҳатмӣ кунад.

Sputnik



Рубрики:Забон ва адабиёт, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: