Фалсафа ва равиши реализм (119)

Мақолаи нуҳӯм

Иллат ва маълул (1)

Матни мақола:

Дар мақолаҳои гузашта баён намудем, ки дар нахустин рӯз, ки мо баҳра аз ҳастӣ ёфта ва чашм ба рӯи ин ҷаҳони пурҳодисаву инқилоб боз мекунем, дар сароғоз ҳамоно худ ва корҳои дохилии худ (илм, ирода ва…)-ро меёбем. Ва ҳамин ки нисбат миёни худ ва корҳои худро санҷидем, аз рӯи ҳамин назар, аз барои корҳои дигар, ки ба корҳои мо мемонанд ва дар ихтиёри мо нестанд (маълумоти ҳиссӣ, ки аз роҳи ҳисс пеши мо меоянд), як ҷавҳари дигар, ки мавзӯи ҳамон хоссиятҳо ва осор буда бошад исбот менамоем.

Ин сиёҳӣ ва сафедиро, ки мебинем, ва ин гармӣ ва сардиро, ки ҳисс мекунем, ин мазза, ки мечашем, ин бӯе, ки мебӯем, ва ин овоз, ки мешунавем, аз они чизе аст, ки ин хоссиятҳоро дорад. Зеро ин сифот монанди сифати илму иродаи ман ҳастанд, ки бидуни ман намешаванд. Пас, дорандаи ин хоссиятҳо чизи дигарест ҷуз ман ва канор аз ман. Зеро ҳеч кадом аз онҳо дар ихтиёри ман нестанд ва аз ҳамин ҷо ба вуҷуди воқеияте берун аз худамон мӯътақид мешавем. (Мақолаи 2 ва 5).

Аз ҳамин ҷо шолудаи қонуни куллии иллату маълул (1) рехта шуда ва инсон ҳатм мекунад ки ҳаргиз кор бе кунанда намешавад ва ҳар маълуле иллате мехоҳад. Пас аз ин, пайваста ба воситаи мушоҳидаҳои гуногун, ки аз ҳаводис ва пешомадҳо менамояд, ин назарияро таъйид ва дар озмоиши худ устувортар мешавад. Ва аз ин рӯй, ҳар овозе, ки мешунавад ва ҳар воқеаи бузургу кучакеро, ки ҳисс мекунад, ба сӯи он мунъатиф шуда аз иллаташ ҷӯё мешавад. Ва агар дар мавриди ҳодисае натавонад иллати ҳодисаро дастгир намояд, иллате маҷҳул барои он мӯътақид мешавад.

Ин назарро дар ҳар мавҷуди зишуъури метавон суроғ гирифт ва ҳатто девонагон ва ононе, ки офати шуъурӣ доранд ҳамин роҳро мепаймоянд. Онон барои тафҳиму тафаҳҳум сухан мегӯянд ва барои анҷоми мақосидашон ҳаракоте мекунанд ва ҳамчунин… Балки камтарин диққат ба субут мерасонад, ки пояи зиндагии инсон ва ҳар мавҷуди ҷондор бо он андоза ҳушу шуъуре, ки дорад, рӯи ҳамин қонуни иллату маълул устувор аст. Агар чунончи инсон ва ҳар зишуъури дигар иллият ва маълулиятро дар миёни худ ва кори худ, ва дар миёни кори худ ва анҷом ёфтани ормон ва мақсади худ бовар надошт, ҳаргиз камтарин ҳаракат ва фаъолият аз худ буруз намедод ва ҳаргиз чизеро пешбинӣ намекард ва дар интизораш наменишаст. Аз ин баён натиҷа гирифта мешавад: “Ҳар чизе, ки вақте набуд ва пас аз он мавҷуд шуд, бояд иллате дошта бошад”.

* * *

Таълиқот:

1) Яке аз масоили дараҷаи аввали фалсафа, масъалаи иллату маълул аст, ки чандин масъала аз вай муншаъиб мешавад. Дар мақолаҳои гузашта ва ба хусус мақолаи 8, аз қонуни иллату маълул зиёд ном бурда шуд ва аҳёнан баъзе аз масоили марбут ба ин қонун тарҳ ва исбот шуд ва дар мақолаҳои оянда низ хоҳ нохоҳ мӯҷиботе пеш хоҳад омад, ки бархе дигар аз масоили марбут ба ин қонунро тарҳ кунем. Ва албатта он чӣ дар мақолаҳои гузашта ба субут расида дар ин ҷо такрор нахоҳад шуд, ҳамон тавре, ки қисматҳое, ки таваққуфе ба матолиби мақолаҳои оянда дорад, дар маҳалли муносиби дигаре хоҳад омад.

Дар миёни масоили фалсафӣ, қонуни иллату маълул аз лиҳози сибқат ва қидмат аввалин масъалае аст, ки фикри башарро ба худ мутаваҷҷеҳ сохта ва ӯро ба тафаккур ва андеша барои кашфи муаммои ҳастӣ водор кардааст. Барои инсон, ки дорои истеъдоди “фикр кардан” аст, муҳимтарин омиле, ки ӯро дар маҷрои тафаккур меандозад, ҳамоно идроки қонуни куллии иллату маълулият аст, ки ба ин таъбир баён мешавад: “Ҳар ҳодиса иллате дорад”, ва дар асари ҳамин идрок аст, ки мафҳуми “чаро?” барои зеҳни инсон пайдо мешавад.

Мафҳуми “чаро?” ҳамон суол ва истифҳомест, ки зеҳн аз иллати ашё мекунад. Ва агар зеҳн идроки куллӣ аз иллату маълул намедошт, яъне ин қонунро напазируфта буд, ки “Ҳар ҳодиса иллате дорад”, мафҳуми “чаро?” барои зеҳн мавриде надошт, балки асосан чунин мафҳуме дар зеҳн вуҷуд пайдо намекард.

Кӯдак ва ҳайвон низ тавре ҳаракоти хешро танзим мекунанд, ки менамоёнад робитаи иллӣ ва маълулиро дарк мекунанд. Вале шакке нест, ки бар фарзи ин ки кӯдак ва ҳайвон идроке аз робитаи иллӣ ва маълулӣ дошта бошанд, ин идрок ба таври куллӣ ва таҷридӣ, ки бо ин таъбир баён мешавад: “Ҳар ҳодиса иллате дорад” нест, балки идроки онҳо маҳдуд аст ба мавориде, ки дар зиндагӣ мавриди таҷрибаи мукаррари онҳо воқеъ шуда, ва ҳамчунон ки дар поварақиҳои мақолаи 5 гузашт, метавон идроки ҳайвон ва кӯдакро дар ин замина як навъ “одати зеҳнӣ” ва “тадоъии маъонӣ” донист, ки дар асари эътиёд ва такрор пайдо мешавад. Яъне ҳайвон ё кӯдак бидуни он ки тасаввуре аз мафҳуми “вуҷуддиҳандагӣ”, ки ҳамон иллият аст дошта бошад, ба ҳукми одати зеҳнӣ, аз ҳодисае ба ҳодисаи дигар мунтақил мешавад ва дар дунболи ҳодисае ҳодисаи дигарро интизор мекашад. Қадри мутаяққан ин аст, ки кӯдак ва ҳайвон қонуни иллият ва маълулиятро ба сурати як қонуни куллӣ ва қатъӣ, ки дар боло ишора шуд, идрок намекунад, ва ин тарзи идрок махсус ба инсон аст. Ва ин тарзи идрок аст, ки омили афтодани инсон дар маҷрои тафаккури мантиқӣ мебошад. Ва агар фаразан баъзе аз ҳайвоноти олӣ ҳамин тарзи идрокро аз иллият ва маълулият дошта бошанд, ночор дорои қудрати тафаккури мантиқӣ хоҳанд буд.

Афтодани инсон ба маҷрои тафаккур, як омили дигар низ дорад, ва он қудрати инъитофи зеҳн аст ба олами дарун ва замир. Рӯи ин хоссият, инсон метавонад илм ба илм ё илм ба ҷаҳли худ пайдо кунад. Ҳукамо муддаӣ ҳастанд, ки як имтиёзи инсон аз ҳайвон ба ин аст, ки инсон метавонад аз илми худ ва аз ҷаҳли худ огоҳ шавад ва таваҷҷӯҳ пайдо кунад, ки фалон чизро медонад ва фалон чизро намедонад ва ҳайвон ин тавоноиро надорад. Ва ба иборати дигар, ҳайвон ҳамвора ё дар “ҷаҳли мураккаб” аст ва ё дар “илми басит”, вале инсон метавонад дорои “ҷаҳли басит” ва “илми мураккаб” бишавад.

Инсон ба ҳаводисе бармехӯрад, ки иллати онҳоро намедонад ва рӯи хоссияти инъитоф, ин нодониро дар худ эҳсос мекунад. Ва аз тарафи дигар, тибқи идроки куллӣ, ки аз иллият ва маълулият дорад, медонад, ки ин ҳодиса дар воқеъ иллате дорад, он гоҳ ба соиқи ҳақиқатҷӯӣ ё ба соиқи эҳтиёҷоти зиндагӣ, ба ҷустуҷӯи иллатҳои ҳаводис мепардозад. Дар ин ҷустуҷӯ агар иллати воқеӣ ва ҳақиқиро пайдо кард, ки ба мақсади худ расидааст, ва агар пайдо накард, иллате маҷҳул барои ӯ мӯътақид мешавад ва басо мешавад, ки барои ирзои ҳисси ковиши худ, иллате мавҳум барои ҳодисаи мавриди назари худ фарз мекунад. Мегӯянд, башари аввалия, ки иттилооташ барои тавҷеҳи ҳаводиси табиат кофӣ набуд, бо арбоби анвоъ ва арвоҳи хабиса ва тайиба ҳаводиси ҷаҳонро тавҷеҳ мекард. Албатта, худи ин матлаб гувоҳ бар ин аст, ки идроки куллии қонуни иллият дар зеҳни башар буда ва наметавонистааст ҳаводисро билосабаб фарз кунад ва бо судфа ва иттифоқ тавҷеҳ кунад, мунтаҳои амр чун ҳақиқатро намедида ва намеёфта, раҳи афсона мезадааст.

Мутобиқи он чӣ таърихи фалсафа нишон медиҳад, дар давраҳои бисёр қадим, ки фалсафа даврони кӯдакии худро тай мекарда ва бо соири риштаҳои илмӣ омехта буда, онро ба номи “илми иллатҳо” мехондаанд, ва дар давраҳои нисбатан наздик ба мо низ, ки фалсафа расман аз соири риштаҳо ҷудо шуд ва донишмандон дар мақоми фарқ ва тамйизи фалсафа аз соири риштаҳо баромаданд, аҳёнан мебинем, ки фалсафаро ба унвони “илми иллатҳои аввалия” таъриф кардаанд. Мо ҳарчанд ин таърифро аз лиҳози фаннӣ саҳеҳ надонем, вале тардиде надорем, ки бузургтарин интизоре, ки башар аз фалсафа дорад ин аст, ки ӯро ба иллатҳои аввалияи дастгоҳи ҳастӣ ошно намояд ва рамзи аввалии ҷаҳонро бар вай макшуф созад.

Тибқи маслаку машраби мо, ки хонандаи мӯҳтарам ба он ошноӣ дорад, таҳқиқ дар атрофи қонуни иллату маълул ба ин наҳв бояд анҷом ёбад, ки ин қонунро мавриди таҷзия ва таҳлили ақлонӣ қарор диҳем ва бо усули куллии бадеҳӣ, ки пояҳои аввалии фикри башар аст — ва сиҳҳати онҳоро ақл биловосита замонат кардааст ва ҳеч таҷрибае дар онҳо дахолат надорад, балки он усул зомини сиҳҳати таҷриба низ ҳаст — пешравӣ кунем. Яъне, мо қонуни иллату маълулро аз ҷанбаи таъаққулӣ баррасӣ мекунем, на аз ҷанбаи таҷрибӣ. Ва аз назари мо, қонуни иллату маълул як масъалаи фалсафии холис аст, на як масъалаи фалсафии муттакӣ ба назариёти физикӣ ва ғайрифизикӣ. Ва аз назари мо, дахолати таҷрибаҳои физикӣ барои исбот ё нафйи қонуни куллии иллату маълул чизе шабеҳ ба лағв ё аз қабили теша ба решаи худ задан аст, ва ин матлаб дар мабоҳиси оянда равшан хоҳад шуд.

* * *

Тасаввуре, ки инсон аз иллату маълул дорад ин аст, ки аз ду амри муайян якеро вуҷуддиҳанда ва воқеиятдиҳандаи дигаре, ва дигареро вуҷудёфта ва воқеиятёфта аз ноҳияи ӯ медонад. Пурсишҳое, ки дар дараҷаи аввал барои зеҳн дар заминаи иллият ва маълулият пайдо мешавад, яке ин аст, ки тасаввури иллият ва маълулият аз куҷо барои зеҳн пайдо мешавад? Ва оё инсон иллият ва маълулиятро монанди сафедиву сиёҳӣ ва оҳанги мавзуну номавзун ва бӯи хушу нохуш ва ҳарорату бурудат ва сабукиву сангинӣ ва туршиву ширинӣ ва ғайра, бо яке аз ҳавосси худ идрок мекунад, ё ба василаи дигаре онро идрок мекунад? Он василаи дигар чист? Посухи ин суолро дар мақолаи 5, ки аз “Пайдоиши касрат дар идрокот” баҳс мекардем, додем.

Пурсиши дигар ин аст, ки оё қонуни иллату маълул қонунест ҳақиқӣ ва воқеӣ ё на? Яъне, оё воқеан байни мавҷудот робитаи иллӣ ва маълулӣ барқарор аст, ё ин ки ин қонун беҳақиқат ва илқои мавҳум ва фиребдиҳандае аст, ки дар азҳон пайдо мешавад? То қабл аз зуҳури физики нав, дар миёни фалосифа ё уламои улуми табиӣ касе пайдо намешуд, ки дар сиҳҳат ва эътибори қонуни иллату маълул тардид раво дорад, танҳо дар миёни мутакаллимини исломӣ касоне пайдо мешуданд, ки баъзе аз лавозими лоянфакки ин қонун — мисли зарурати иллӣ ва маълулиро, ки мусталзими инкори худи ин қонун буд — мавриди инкор қарор медоданд, ё ин ки шумули ин қонунро дар мавриди фоъилҳои шуъуркунанда ва дарккунанда инкор мекарданд. Ба ақидаи бархе аз мутакаллимин, фоъилҳои шуъуркунанда ва дарккунанда ва мухтор монанди зоти Борӣ ё нафси инсонро набояд “иллат”-и осор ва афъолашон шумурд, ва набояд аҳкоми иллият ва маълулиятро дар мавриди ин фоъилҳо таъмим дод. Ва агар тарафдори чунин ақидае дорои ақидаи “ҷабр” низ буд, қаҳран дар назари ӯ барои қонуни иллату маълул ҳеч мисдоқе набуд, зеро — ҳамон тавре, ки дар поварақиҳои мақолаи 8 дар мабҳаси “ҷабру ихтиёр” гуфтем — маънои “ҷабр” аз назари мутакаллимин ин аст, ки тамоми ҳаводиси ҷаҳон мустақиман ва биловосита аз иродаи зоти Борӣ ношӣ мешавад ва ҳеч гуна сабабият ва мусаббибияте байни умури ҷаҳон дар кор нест, ва ин низоме, ки машҳуд аст, ки пушти сари як идда умур, ки мо номи онҳоро “асбоб” гузоштаем, як силсила умури дигар, ки мо номи онҳоро “мусаббабот” гузоштаем пайдо мешаванд, “одати зоти Борӣ” аст, ки ҷорӣ шуда бар ин ки ин идда умурро дар пушти сари он идда умури дигар халқ кунад, ва дар воқеъ ҳеч робитаи сабабӣ ва мусаббабӣ байни худи умури ҷаҳон дар кор нест. Пас, аз назари тарафдори ақидаи ҷабр, ҳамаи ҳаводис биловосита мустанад ба фоъили шуъуркунандаи мухтор аст. Ва агар назарияи “адами шумули қоидаи иллият бар фоъилҳои шуъуркунандаи мухтор” ба ин назария тавъам шавад, натиҷа медиҳад, ки “қонуни иллият абадан мисдоқ надорад”.

Назарияи мутакаллимин, ки мубтанӣ бар инкори қонуни иллият буд, қарнҳо мавриди таҳқир ва истеҳзои фалосифа буд, вале аз ним қарн пеш то кунун дар партави хиракунандаи пешрафти улум, таҳаввулоте дар физик пайдо шуда, ки ақидаи бархе аз донишмандонро ба қонуни иллият мутазалзил сохтааст ва назарияи маҳҷур ва матруки мутакаллиминро то андозае эҳё мекунад.

Мутакаллимини исломӣ аз оғози вуруди фалсафа дар ислом қарнҳо бо фалосифа набард карданд ва хадшаҳое бар қоидаҳои фалсафӣ ворид карданд ва ҳатто дар усули мусаллам ва мабодии аввалияи фалсафа низ шакку тардид раво доштанд ва фалосифа низ сахт дар баробари онҳо муқовимат карданд ва аз худ дифоъ карданд. Ҳарчанд мактаби мутакаллимин тоби муқовимат дар баробари мактаби фалосифаро надошт, вале бидуни шак тибқи гувоҳии таърихи таҳаввули фалсафа дар ислом, пайдоиши бисёре аз назарияҳои дақиқи фалсафа дар хилоли ҳамин набардҳои калом ва фалсафа сурат гирифта ва мо дар мақолаи 7 гуфтем, ки қисмати умдаи “масоили вуҷуд”, ки аз назари фалосифаи асолати вуҷудӣ мифтоҳи ҳалли муъзалоти фалсафист, то андозаи зиёде марҳуни муноқишоти мутакаллимин дар ин заминаҳост ва шояд дар маҳаллҳои муносибе муваффақ шавем баъзе аз фаслҳои олии фалсафаро, ки аксуламали ҳамалоти мутакаллимин аст, бо далел ва мадрак нишон диҳем. Ва ин нуктае аст, ки то кунун надидаем мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ шуда бошад, ва агар парда аз рӯи ин матолиб бардошта шавад, асрори таърихии муҳимме ҳувайдо хоҳад шуд.

Қонуни иллият яке аз мавориде аст, ки мутакаллимин мавриди хадша қарор додаанд ва ба он нохун задаанд ва мо имрӯз дар изҳороти бархе донишмандони бузурги улуми физик ва риёзӣ чизҳое мебинем, ки ба назар мерасад то андозае назари мутакаллиминро таъйид мекунад. Қисматҳои нисбатан зиёди дигаре низ аз масоили хилофии калом ва фалсафа ҳаст, ки илм ва фалсафаи ҷадид назарияи мутакаллиминро таъйид кардааст.

Қонуни иллият аз пояҳоест, ки агар мутазалзил шавад, фалсафа зеру рӯ мешавад, ва ба ақидаи фалосифа, қонуни иллият яке аз аркони умумист, ки агар онро мутазалзил фарз кунем, дигар илм ба таври куллӣ бемаъност. Дар поварақиҳои оянда машрӯҳан дар атрофи ин матолиб баҳс хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: