Шарҳи Маснавӣ (213)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (39)

* * *

Мазаррати таъзими халқ ва ангуштнамой шудан (4)

* * *

То тавонӣ банда шав, султон мабош,

Захмкаш чун гӯй шав, чавгон мабош.

То метавонӣ, банда бош, на подшоҳ, ва монанди гӯйи чавгон зарбаҳоро таҳаммул кун ва чавгон мабош, ки ба гӯй зарба бизанӣ.

Захмкаш: таҳаммулкунандаи зарба.

В-арна чун лутфат намонад в-ин ҷамол

Аз ту ояд он ҳарифонро малол.

Ва агар ин суханро напазирӣ ва бо ашхоси чоплус ҳамнишин шавӣ, он гоҳ ки тару тозагиат аз миён равад ва ҷамолу зебоиро аз даст диҳӣ, ҳамнишинони маддоҳи худро малул мекунӣ ва онҳо аз давру атрофат пароканда мешаванд.

Он ҷамоат, к-ит ҳамедоданд рев,

Чун бибинандат, бигӯяндат, ки дев!

Он гурӯҳе, ки қаблан фиребат медоданд, пас аз рафтани зебоӣ ва ҳишматат, вақте туро бибинанд, мегӯянд: ин дев аст!

Рев: найранг ва фиреб.

Ҷумла гӯяндат, чу бинандат ба дар:

Мурдае аз гӯри худ баркард сар.

Агар туро дами дар мушоҳида кунанд, ҳамаи он маддоҳон ва ситоишгаронат мегӯянд: шигифто, ки мурдае аз қабраш сар берун оварда! Яъне хулоса суханони таҳқиромез ба ту мегӯянд.

Нукта: Ҳамон тавр ки мурда хавфнок ва нафратангез аст, ту низ пас аз заволи ҷамолу ҳишмату ҷалол, барои чолусон он гуна хоҳӣ шуд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.582)

Ҳамчу амрад, ки Худо номаш кунанд,

То бад-ин солус дар домаш кунанд.

Ба унвони мисол, ҳолати ин шахс ба он навҷавони хубрӯйе монад, ки палидон ӯро аз фарти таърифу тамҷид худои худ меноманд, то бад-ин найранг ӯро бадном кунанд ва обрӯяшро бибаранд.

Чунки дар бадномӣ омад риши ӯ,

Девро нанг ояд аз тафтиши ӯ.

Ҳамин ки ришу мӯйи ӯ даромад ва бадному беобрӯ шуд, дигар шайтон ҳам суроғи ӯро намегирад ва аз ҷустани ӯ ор дорад.

Дев сӯйи одамӣ шуд баҳри шар,

Сӯйи ту н-ояд, ки аз девӣ батар.

Шайтон дунболи одаме меравад, ки дар тариқи салоҳ гом бармедорад, то ӯро гумроҳ кунад, ва шайтон бо ту, эй палиди гумроҳ, коре надорад, зеро ки ту дар гумроҳӣ аз ӯ ҳам бадтарӣ.

То ту будӣ одамӣ, дев аз паят

Медавиду мечашонид ӯ маят.

То вақте ки ту одами солеҳе ҳастӣ, шайтон ба дунболат меояд, то фиребат диҳад ва аз бодаи худ туро масту ғофил гардонад.

Чун шудӣ дар хӯйи девӣ устувор,

Мегурезад аз ту деви нобакор.

Вале ҳамин ки хӯйи шайтонӣ ёфтӣ ва дар он росиху собит гаштӣ, шайтони нобакор низ аз ту безорӣ меҷӯяд ва мегурезад.

Нукта: Ишора аст ба ояти 16 сураи Ҳашр:

كَمَثَلِ الشَّيْطَانِ إِذْ قَالَ لِلْإِنسَانِ اكْفُرْ فَلَمَّا كَفَرَ قَالَ إِنِّي بَرِيءٌ مِّنكَ

Монанди шайтон, ки ба инсон гуфт: куфр ор! Ва чун куфр овард, гуфт: ман аз ту, эй одамӣ, безорам...”

Он гаҳ андар доманат овехтанд,

Чун чунин гаштӣ, зи ту бигрехтанд.

Ин чоплусон дар вақти ҷоҳу ҷалоли ту гирди ҷамъ мешуданд, вале ҳамин ки ба ҳоли зор афтодӣ, ҳамагон аз атрофи ту гурехтанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: