Арабистони Саудӣ гирифтори захмҳои низоъ бо Эрон

Мақолае дар пойгоҳи Al-monitor

Ифшо шудани бархе аз суханони Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, дар бораи масоили минтақаӣ бо бархе мақомоти собиқи Омрико, нишон дод, гумоназаниҳое, ки дар Вошингтун тайи солҳои ахир дар бораи шикасти бисёре аз сиёсатҳои минтақаии Риёз дар ҷараён буда, ҳақиқат дорад. Мақомоти омрикоӣ мӯътақиданд, ки сиёсатҳои Арабистони Саудӣ аз оғози таҷовузи низомӣ ба Яман гирифта то муқобила бо Эрон, ҳамагӣ шикаст хӯрдаанд ва ифшо шудани изҳороти Муҳаммад бен Салмон низ мӯҳри таъйиде бар ин моҷаро буд.

Ҳатто сиёсатҳои Арабистон дар ҳавзаи энержӣ — ки ба вежа бар рӯйи танбеҳи Эрон ва водор кардани ин кишвар ба ақибнишинӣ аз афзоиши нуфуз дар Ховари Миёна мутамаркиз буд — паёмадҳои харобоваре барои саудиҳо ба дунбол дошт, то ҷое, ки Риёзро ба самти болотарин рекорди касрии будҷа савқ дод.

Дар ҳамин замон Эрон ба пешравиҳои худ дар Сурия ва Ироқ идома дод. Ҳоло, дигар бояд барои Подшоҳии Саудӣ равшан шуда бошад, ки “диди тунелӣ”-и онҳо (1) дар қиболи Эрон, фақат мӯҷиби ақибафтодагии сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Арабистон шудааст. Ҷанги Яман барои Арабистон дастикам милёрдҳо дулор хасорат ва барои яманиҳо 10 ҳазор кушта ва 3 милюн овора бар ҷой гузошт. Дар канори интишори вабо дар Яман, бештари қисматҳои ин кишвар низ бо қаҳтӣ рӯ ба рӯст.

* * *

Эътилофи низомии Арабистон дар Яман, фоҷеае буд, ки ҳанӯз ҳам бартараф нашудааст. Иддаои Арабистон мабнӣ бар ин ки нерӯҳои Ансоруллоҳи таҳти нуфузи Эрон ба дунболи ҳукумат бар Санъо ҳастанд, ҳамвора номафҳум ва исботнашуда боқӣ монд.

Бо вуҷуди эътилофи ҳавоӣ, ки Арабистонро дар бомбборони Яман ҳимоят мекунад ва Ангилис ва Омрико низ ба ҷонибдорӣ аз он мепардозанд, Арабистон ба ҳеч кадом аз аҳдофи худ дар Яман ҳатто наздик ҳам нашудааст. Ансоруллоҳ ҳамчунон қудратро дар Санъо дар даст дорад ва ба таври мураттаб ҳамалоти Арабистонро посух медиҳад.

Вазъияти амниятии рӯ ба вахомати Яман нишон медиҳад, ки бистар барои ҳимоят аз Алқоъида ва ё ДОЪИШ дар Яман фароҳам шуда ва ин гурӯҳҳои теруристӣ метавонанд аз заъфи амниятии ба вуҷудомада, барои ҷазби нерӯ истифода кунанд. Алқоъида ҳамакнун як чаҳоруми кишварро таҳти контрол дорад. Бинобар ин, ҷои таъаҷҷуб надорад, ки шоҳзода Муҳаммад бен Салмон ба гурӯҳе аз диплумотҳои бознишастаи омрикоӣ гуфтааст, ки ба дунболи роҳе барои хуруҷ аз ботлоқи Яман аст. Албатта, суоли муҳим ин аст, ки асосан Арабистони Саудӣ барои чӣ манзуре ин ҷангро оғоз кард? Ин моҷароҷӯии иштибоҳ мӯҷиб шуд Ансоруллоҳ ба Эрон наздиктар шавад, дар ҳоле ки пеш аз ин, равобите заъиф ва сатҳӣ бо якдигар доштанд.

* * *

Ҳамин мавзӯъ дар мавриди сиёсатҳои Арабистон дар Ироқ ва Сурия низ сидқ мекунад, ки иқдомоти Риёз ба ҷои тазъифи мавозеъи Эрон мӯҷиб шуд дар ҳар ду кишвар мавозеъе қавитар низ ба даст оварад. Аз замони оғози ҷанги Сурия дар соли 2011, Риёз милёрдҳо дулор пул сарф кард, то гурӯҳҳои мухолифи Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурияро тақвият кунад. Ин мавзӯъ фақат Асадро ба оғӯши Эрон ва Русия савқ дод, ки ҳоло қудратро дар Сурия дар даст доранд.

Бо вуҷуди иддаоҳои Арабистон, ки Асад бояд аз қудрат канор биравад ва наметавон ба ҳеч роҳи ҳалле дар Сурия расид магар он ки давлати Асад сарнагун шавад, аммо Асад ҳамчунон дар раъси қудрат боқӣ аст. Аз сӯи дигар, Туркия, Эрон ва Русия Арабистонро канор зада ва дар сарнагунии хилофати худхондаи ДОЪИШ муваффақ буданд. Одил ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистон, дар дидори ахире, ки бо муъоризони сурӣ дар Риёз дошт, ба онҳо гуфт, Оли Сауд дигар манофеъе дар Сурия намебинад ва мо бояд худро барои Сурияе, ки Асад дар раъси он аст, омода кунем.

* * *

Хеле аҷиб набуд, ки Риёз солҳо аз барқарории иртибот бо давлати ҷадиди Ироқ, ки соли 2003 ба қудрат расид, худдорӣ кунад. Ҳамин канор кашидани Арабистони Саудӣ, дӯстии Эронро бо Бағдод тақвият кард; то ин ки Арабистон ба тозагӣ мутаваҷҷеҳи ин иштибоҳ шуд ва инак дар масири барқарории равобите наздик бо Бағдод баромад ва дар ҳамин росто мизбони Муқтадо Садр, раҳбари ҷараёни Садр Ироқ, дар Риёз буд. Суоли муҳимме, ки матраҳ мешавад ин аст, ки чаро барои Арабистон 15 сол тӯл кашид то ба ин марҳила бирасад?

* * *

Эрон ва Арабистон ҳамвора ба унвони ду рақиби минтақаӣ шинохта мешуданд ва Риёз талош кард дар ҳавзаи энержӣ, Теҳронро канор бизанад. Солҳо тавлидоти нафтии саршори Арабистон мӯҷиб шуд ин кишвар ба бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон табдил шавад.

Замоне ки Омрико ва Иттиҳодияи Урупо дар соли 2010 таҳримҳои иқтисодии шадидеро ба баҳонаи фаъолиятҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон эъмол карданд, Арабистон бо афзоиши тавлидоти худ талош кард фишори бештаре бар иқтисоди Эрон ворид кунад. Ҳатто ба муштариёни суннатии Эрон дар Осиё фурӯши нафти арзонтар дар ҳаҷми васеътарро пешниҳод кард. Ин талошҳо, иқтисоди Эронро бо мушкилоти мутаъаддиде мувоҷеҳ кард. Аммо аз замоне ки тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва гурӯҳ 5+1 имзо ва аз январи 2016 таҳримҳо алайҳи ин кишвар лағв шуд, Теҳрон ба сатҳи тавлидоти нафтии пеш аз таҳримҳо бозгашт ва муштариёни қадимии худро бозёфт.

Ба лутфи афзоиши содироти нафти Эрон, иқтисоди ин кишвар дар соли гузашта 6 дарсад рушд дошт. Дар ҳамин даврон, Арабистони Саудӣ бо касрии будҷаи шадиде мувоҷеҳ шуд ва дар миёни бозорҳои ҷаҳонӣ ба дунболи дарёфти авроқи қарза баромад. Захоири хориҷии Арабистон ба поинтарин сатҳ аз соли 2011 суқут кард. Пешбиниҳо нишон медиҳад, барои муддате рушди иқтисодии Арабистон ҳамчунон заъиф боқӣ бимонад.

Дар ҳоле ки бозорҳои ҷаҳонӣ ба нафти арзонқимат одат кардааст ва Омрико ва Русия тавлидоти нафтии худро афзоиш додаанд, иқтисоди Арабистон ҳамчунон мутазалзил хоҳад буд.

Сиёсатҳои Арабистони Саудӣ дар солҳои гузашта метавонист мусибатбор набошад агар то ин андоза бар рӯи Эрон мутамаркиз намешуд. Рақобат бо Эрон ба баҳои аз даст рафтани худокифоӣ ва эътимод бар манофеъи дохилии Арабистон тамом шуд.

Арабистон ба далели мизбонӣ аз муқаддастарин макони мусалмонон, дорои як барги баранда аст, аммо дар ҳар саҳнае, ки Риёз муқобили Теҳрон қарор гирифт, корро ба бадтарин шакл ба поён расонд.

Бо нигоҳе ба пеши рӯ, Арабистон ночор хоҳад буд, бо натоиҷи сиёсатҳои кунунии худ, то солҳои сол зиндагӣ кунад, ба вежа дар мавриди Яман. Аммо ҳама чиз аз даст нарафтааст. Риёз ҳанӯз замон дорад, то наҳваи таъомул бо Эронро тағйир диҳад. Теҳрон низ сигнолҳое аз тамоюл барои дӯстӣ бо Риёзро аз худ нишон додааст. Подшоҳии Саудӣ низ пас аз ду соли ғайбати зоирони эронӣ, аз худ инъитоф нишон дод ва мавонеъро бар сари роҳи ҳузури зоирони ин кишвар дар маросими ҳаҷчи имсол бардошт. На Арабистон, на Эрон ва на минтақа, дигар моил ба қабули истимрори мухотирот нестанд.

Al-monitor

* * *

1) Манзур аз “диди тунелӣ”, аз даст додани диди муҳитӣ бо ҳифзи диди марказӣ аст, ки дар натиҷа он шахс фақат вусъати дид дар маҳдудаи як доира дар ихтиёр дорад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: