Ислом ва Эронзамин (75)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (38)

Фалсафа ва ҳикмат (17)

(Аз Ҳаким Ишкеварӣ то Ҳаким Ҳидаҷии Занҷонӣ)

Табақаи сию якум

1) Мирзо Ҳошими Ишкеварии Раштӣ. Аз асотиди мусаллами фалсафа ва ирфони замони худ буда ва шогирдони бисёре аз ҳавзаи пурбаракаташ бархостаанд. Ӯ яке аз арконест, ки воситаи интиқоли фалсафа ва ирфон ба табақоти баъдӣ аст. Шӯҳраташ ва имтиёзаш аз ҳамтабақаҳояш ба тахассус дар ирфони назарӣ аст. “Мисбоҳул-унс”-и Фанориро, ки шарҳи “Мифтоҳул-ғайб”-и Қунавӣ аст ҳошия карда ва чоп шудааст. Ҳаким Ишкеварӣ аз шогирдони Ҳаким Қумшаӣ ва Оқоалии Мударрис ва Мирзои Ҷилва будааст. Вай дар соли 1332 даргузаштааст.

2) Мирзо Ҳасани Кирмоншоҳӣ. Муосири Ишкеварӣ ва шогирди се устоди мусаллами фавқуззикр аст. Ӯ низ шогирдони бисёр тарбият кардааст ва аз аркони интиқоли фалсафа ба табақоти мутааххиртар аст. Вай дар соли 1336 даргузаштааст.

3) Мирзо Шаҳобуддини Найрезии Шерозӣ. Шогирди Ҳаким Қумшаӣ ва Мирзои Ҷилва буда ва дар фиқҳу усул низ маҳорат доштааст. Ӯ низ дар ирфони назарии муҳйиддинӣ яди тӯло доштааст. Ҳаким Найрезӣ мадрасаи Садри Теҳронро — ки қаблан иқоматгоҳи устодаш Ҳаким Қумшаӣ буд — маҳалли иқомат қарор дод ва ба кори таҳқиқу тадрис ва тарбияти шогирд пардохт. Рисолае дар “Ҳақиқати вуҷуд” нигоштааст. Марҳум Оқобузурги Теҳронӣ, ки шарҳи ҳоли вайро нигошта, мегӯяд: “Нусхае аз ин рисола назди ман аст.”

4) Мирзо Аббоси Шерозии Доробӣ, маъруф ба Ҳаким Аббос. Аз асотиди мусаллами фалсафа дар устони Форс аст. Шогирди Ҳаким Сабзаворӣ буда ва қаблан аз ӯ дар зайли номи Ҳаким Сабзаворӣ ёд кардем. Алломаи Теҳронӣ менависад: “Дар маъқулу манқул бореъ буд. “Асфор”-ро ба хатти худ навишта ва аз худ бар он ҳавошӣ задааст. Дуои Кумайл ва қасидаи маъруфи Мирфиндирискиро шарҳ кардааст. Шайх Аҳмади Шерозии Наҷафӣ маъруф ба Шонасоз ва Мирзо Иброҳими Найрезӣ (ки ҳар ду аз мударрисони ҳикмат дар Шероз будаанд) аз шогирдони ӯ будаанд. Алломаи Теҳронӣ мегӯяд: “Торихи вафоташро намедонам, вале Фурсатуддавлаи Шерозӣ дар “Осорул-аҷам” вафоти ӯро дар соли 1300 навиштааст. Қабраш дар Ҳофизияи Шероз аст.

5) Ҷаҳонгирхони Қашқоӣ. Дар бузургӣ ишқи таҳсил ба сараш афтод ва дунболи илмро гирифт то он ҷо, ки устоди мусаллами фалсафа дар Исфаҳон гардид. Марҳуми Хон илова бар мақоми илмӣ ва фалсафӣ, дар матонат ва виқор ва инзиботи ахлоқӣ ва тақво намуна будааст. То охири умр дар ҳамон либоси оддии аввалии худ боқӣ буда ва фавқулъода мавриди иродати шогирдон ва ошноён будааст. Марҳуми Хон шогирди Оқо Муҳаммадризо Қумшаӣ буда ва эҳтимолан дар ибтидои таҳсили ҳавза, дарси Мирзо Абдулҷаводи Ҳакими Хуросонӣ муқими Исфаҳон ва Мулло Исмоили Исфаҳониро дарк кардааст. Ҷаҳонгирхон дар соли 1243 дар Деҳоқони Исфаҳон мутаваллид шуда ва дар соли 1328 дар Исфаҳон даргузаштааст ва қабраш дар Тахти фӯлоди Исфаҳон маъруф аст.

6) Охунд Мулло Муҳаммади Кошӣ. Муқими Исфаҳон, муосири Ҷаҳонгирхон ва шогирди Оқо Муҳаммадризо Қумшаӣ будааст. Дар мадрасаи Садри Исфаҳон мезиста ва то поёни умр монанди Ҷаҳонгирхон бо таҷарруд ба сар бурд. Марде муртоз буда ва ҳолоти аҷиба аз ӯ зоҳир мешудааст. Бисёре аз акобир ва аз он ҷумла марҷаъи бузург марҳум Оқои Ҳоҷ Ҳусайни Буруҷердӣ ва марҳум Оқои Ҳоҷ Раҳими Арбоб ва гурӯҳе дигар аз шогирдони ӯянд. Охунд Кошӣ дар соли 1332 дар Исфаҳон даргузашт ва дар Тахти фӯлод наздики қабри Ҷаҳонгирхон дафн шуд.

7) Оқо Мирзо Муҳаммадбоқири Истаҳбонотӣ. Вай низ аз шогирдони Оқоалии Ҳаким ва Ҳаким Қумшаӣ ва Мирзои Ҷилва аст. Барои идомаи таҳсилот дар улуми манқул ба атабот рафт. Гурӯҳе дар онҷо аз он ҷумла муҳаққиқи бузурги муосир марҳум Ҳоҷ Шайх Муҳаммадҳусайни Исфаҳонии Ғаравӣ ва марҳум Ҳоҷ Шайх Ғуломризои Яздӣ аз маҳзари ӯ улуми ақлиро истифода карданд. Мушорун илайҳ дар ҷараёни машрутият дар соли 1326 дар Истаҳбонот ба қатл расид.

8) Мирзо Алиакбари Ҳукмии Яздии Қумӣ. Аз шогирдони се устоди фавқуззикр ва Оқо Мирзо Ҳусайни Сабзаворӣ муқими Теҳрон аст ва шояд дар назди шахси ахир риёзиёт омӯхтааст. Охирҳои умр дар Қум муқим будааст. Пас аз вуруди муҷтаҳиди бузург марҳум Ҳоҷ Шайх Абдулкарими Ҳоирӣ ба Қум ва ташкили ҳавза ва иҷтимои фузало, гурӯҳе ва аз он ҷумла марҳум Ҳоҷ Сайид Муҳаммадтақии Хонсорӣ аз мароҷеъи тақлиди асри мо ва оқои Ҳоҷ Сайидаҳмади Хонсорӣ яке аз мароҷеъи тақлиди муосир ва устоди бузурги ин банда Оятуллоҳ Хумайнӣ, аз маҳзари муаззамун лаҳ истифода кардаанд. Зоҳиран дар ҳудуди соли 1345 даргузаштааст.

9) Ҳоҷ Шайх Абдуннабии Нурӣ. Ҷомеъи маъқулу манқул будааст. Дар манқул шогирди марҳум Мирзои Шерозии бузург ва дар маъқул шогирди Оқоалии Мударрис ва эҳтимолан шогирди Қумшаӣ ва Ҷилва будааст. Вай дар соли 1344 даргузашта ва дар ҷивори ҳазрати Абдулазим дар мақбараи Носируддиншоҳ дафн шудааст. Марҳум Ҳоҷ Шайх Абдуннабӣ дар ҷомеъият ва ҳузури зеҳн дар масоили улуми мухталиф ва ҳам дар тақво, дар замони хеш машҳур будааст. Марҳум Шайх Муҳаммадтақии Омулӣ, фақеҳ ва ҳакими муосир, вафотёфта дар соли 1391, чаҳордаҳ сол аз маҳзари ин марди бузург баҳра гирифтааст.

10) Ҳоҷ Мирзо Ҳусайни Алавии Сабзаворӣ. Шогирди Ҳоҷӣ Сабзаворӣ дар маъқул ва шогирди Мирзои Шерозӣ дар манқул будааст. Ба ҳушу зако ва ҳифз маъруф аст. Гӯянд, таҷлиле, ки Мирзои Шерозӣ аз ӯ дар тасдиқи иҷтиҳодаш кардааст, аз аҳаде накардааст. Мутаассифона умраш дар Сабзавор гузашт ва истифодаи қобили таваҷҷӯҳе аз ӯ нашуд. Муаззамун лаҳ дар соли 1268 мутаваллид ва дар соли 1352 даргузаштааст.

11) Шайх Ғуломҳусайни Шайхулисломи Хуросонӣ. Вай аз шогирдони Ҳоҷӣ Сабзаворӣ аст. Муддати шаш сол дарси Ҳоҷиро дар Сабзавор дарк карда ва худ солҳо дар Машҳади муқаддас машъалдори улуми ақлӣ будааст. Номаш ҳамроҳи номи марҳум Ҳоҷ Мирзо Ҳабиб дар достони “Асҳоби Сароча” (ки достони маъруфест дар Машҳад) бурда мешавад. Марҳум Ҳоҷ Шайх Аббосалии Хуросонӣ маъруф ба Ҳоҷ Фозил аз шогирдони ӯ будааст. Вай дар соли 1246 мутаваллид ва дар соли 1319 даргузаштааст.

12) Мирзо Муҳаммади Сарвқадии Машҳадӣ. Вай низ аз шогирдони баноми Ҳоҷӣ Сабзаворӣ ва мударрисони улуми ақлӣ дар Машҳад буда ва Ҳоҷ Фозили Хуросонӣ аз маҳзари ӯ истифода кардааст.

13) Мулло Муҳаммади Ҳидаҷии Занҷонӣ. Баъд аз таҳсили муқаддамот дар Занҷон ва Қазвин, ба Теҳрон омад. Риёзиётро аз маҳзари Оқо Мирзо Ҳусайни Сабзаворӣ муқими Теҳрон, ва ҳикмату фалсафаро аз маҳзари Мирзои Ҷилва истифода кард. Сафаре ба атабот барои такмили маълумот рафт. Дар онҷо низ зимни таҳсили улуми нақлӣ, ба такмили улуми ақлӣ пардохт. Пас аз муроҷиат ба Теҳрон, худ ҳавзаи дарс дошт. Толибони ҳикмат аз маҳзараш истифода мекарданд. Марҳум Ҳидаҷӣ ҳошияе дорад бар “Шарҳи Манзума”-и Ҳаким Сабзаворӣ, ки мавриди истифода аст ва мукаррар чоп шудааст.

Ҳаким Ҳидаҷӣ монанди бархе аз аслофи худаш, аз таҳзиб ва сафои нафс баҳраи кофӣ дошт ва ҳам монанди бархе аз он аслоф то поёни умр дар ҳоли таҷарруд боқӣ монд ва дар соли 1339 даргузашт. Ба порсӣ ва туркӣ шеъри некӯ мегуфтааст. Вай васиятномае диданӣ ва пандомӯз дорад, ки дар охири девонаш чоп шудааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Разговор с салафитами, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: