Марги табиӣ ё қатли амд?

Ба ақидаи Ихвонулмуслимини Миср, вафоти Маҳдӣ Окиф як қатли барномарезишуда ва ҷиноят аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Арабӣ 21”, ҳамсари Муҳаммад Мурсӣ гуфт: “Вафоти Окиф қатли амд ба дасти масъулони кудето аст ва Окиф ба далели кӯтоҳии амдии пизишкони ҳукуматӣ аз дунё рафт, ки ин ҷиноят аст. Фавти ӯ дар зиндони низомӣ бузургтарин далели суқути ахлоқӣ, қонунӣ ва сиёсии низоми ҳокими Миср ва ҷомеаи байналмилал ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аст.”

Ҳудо Абдулмунъим, коршиноси ҳуқуқӣ ва узви собиқи Шӯрои миллии ҳуқуқи башари Миср, дар ин бора гуфт: “Ҳудуди соати дуи бомдод Маҳдӣ Окиф ташйеъ ва дар гӯристони Ихвонулмуслимин дар шаҳри Наср аз тавобеъи Қоҳира ба хок супурда шуд. Теъдоди бисёр каме дар маросими хокспории ӯ ширкат доштанд. Нерӯҳои амниятӣ аз мушорикати касоне, ки моил ба ҳузур дар ин маросим буданд, ҷилавгирӣ карданд ва фақат чаҳор нафар бар ҷанозаи ӯ дар дохили бемористон дар Қоҳира намоз хонданд ва ба ҳеч расонае аз ҷумла расонаҳои давлатӣ, иҷозаи пӯшиши хабарии ин маросим дода нашуд.”

Бино ба ин гузориш, масъулони мисрӣ дар тӯли солҳои зиндон, ӯро аз дармон маҳрум карданд. Масъулони мисрӣ ҳатто пас аз фавт низ аз Окиф тарс доштанд, дар натиҷа тасмим гирифтанд ӯро бидуни маросими ташйеъ ба хок бисупоранд.

Окиф аз назари синну сол ва муддати ҳабс, бузургтарин зиндонии сиёсии дунё буд, зеро беш аз ниме аз умри худро дар зиндон сипарӣ кард.

Пештар хабарҳои зидду нақизе дар мавриди вазъияти ҷисмии ӯ мунташир мешуд, вале дар расонаҳо ва гузоришҳои ҳуқуқи башар чандон аз ӯ ёд намешуд.

Метавон ӯро “зиндонии тамоми даврон”-и ҳукуматӣ дар Миср ном бурд; зиндонӣ дар замони подшоҳии Миср ва дар замони Абдунносир ва сипас судури ҳукми эъдоми ӯ ва дар ниҳоят коҳиши ҳукмаш ба ҳабси абад.

Бо вуҷуди беморӣ ва куҳулати синн, масъулони мисрӣ бар зиндонӣ кардани ӯ пофишорӣ карданд ва додгоҳи ҷиноии Қоҳира бо озодии ӯ мухолифат кард.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: