Раҳбари собиқи Ихвонулмуслимин дар зиндон даргузашт

Муҳаммад Маҳдӣ Окиф, раҳбари собиқи Ихвонулмуслимин, ҷумъашаб (22.09.2017) дар бемористоне дар ғарби шаҳри Қоҳира даргузашт.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алҷазира, Муҳаммад Маҳдӣ Окиф баъд аз вахомати вазъияти ҷисмӣ дар зиндон, ба бемористоне дар ғарби Қоҳира мунтақил шуд ва ҷумъашаб дар синни 89-солагӣ дар бемористон даргузашт.

Бар пояи ин гузориш, Улё духтари Окиф, хабари даргузашти падарашро дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук эълом кард.

Абдулмунъим Абдулмақсуд, раиси гурӯҳи дифоъ аз муттаҳамони Ихвонулмуслимини Миср низ дар суханони матбуотӣ эълом кард, ки пайкари Окиф ҷумъашаб дар мақбараи хонаводагии вай дар Қоҳира ба хок супурда хоҳад шуд.

Хонаводаи Окиф чанд рӯз пеш кампинеро барои дархост ҷиҳати озодии вай ба роҳ андохтанд ва таъкид карданд, ки вахомати вазъияти ҷисмии Окиф ба ҳадде аст, ки зиндагиашро таҳдид мекунад.

Вай 20 сол аз умри худро дар давраи риёсати ҷумҳурии Ҷамол Абдунносир дар зиндон гузаронд ва дар давраи риёсати ҷумҳурии Анвар Содот дар соли 1974, аз зиндон озод шуд. Ӯ сипас дар давраи Ҳусни Муборак раисиҷумҳури асбақи Миср низ муҳокима ва байни солҳои 1996 то 1999 зиндонӣ шуд. Окиф дар давраи риёсати ҷумҳурии Абдулфаттоҳ Асисӣ низ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

* * *

Муҳаммад Маҳдӣ Окиф кист?

Муҳаммад Маҳдӣ Усмон Окиф дар соли таваллуди Ихвонулмуслимин, яъне соли 1928, мутаваллид шуд ва дар 12-солагӣ бо Ихвон ошно шуд ва аз ҳамон туфулият аз муридони Имом Ҳасан ул-Банно буд ва таҳти назари раҳбарони Ихвон тарбият ёфт. Дар соли 1951 ба донишгоҳи ҳуқуқ рафт ва дар ҷанг зидди Ангилис раҳбари гурдонҳои донишҷӯӣ буд ва ба ҳамин хотир баъд аз инқилоб масъули умури донишҷуёни Ихвон буд.

Ва дар соли 1954 ба иттиҳоми “ҳамкорӣ бо сарлашкар Абдулмӯъмин Абдуррауф, аз умарои артиш, ки раҳбарии кудето алайҳи Малик Форуқ — охирин подшоҳи Мисрро ба ӯҳда дошт, дастгир ва дар ибтидо ба эъдом маҳкум шуд, вале дар додгоҳи таҷдиди назар ҳукмаш ба абад тахфиф ёфт ва то 1974 дар зиндон буд.

Окиф аз соли 1987 ба узвияти мактаби иршод (болотарин ҳайъати раҳбарии Ихвон) даромад. Дар соли 1987 ба порлумони Миср роҳ ёфт ва дар соли 1996 дар қазияи “Салсабил” ба иттиҳоми “масъулияти ташкилоти ҷаҳонии Ихвон” ба се сол ҳабс маҳкум шуд.

Вай дар соли 2004 ба раҳбарии Ихвонулмуслимин расид.

Ба далели ҳузури низомии Омрико дар минтақа ва боло гирифтани ҷанги мазҳабӣ, дар ин давра мавозеъи зиддиомрикоӣ ва ваҳдатгарои Ихвон бурузи бештаре дошт. Окиф дар ҷараёни ҷанги 33-рӯзаи Лубнон бо “Исроил” (соли 2006) эълом кард, ки ҳозир аст даҳҳо ҳазор нерӯи низомӣ барои ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ эъзом кунад.

Окиф зимни интиқод аз мавзеъи ҳокимони араб дар қиболи ҷанги “Исроил” бо Ҳизбуллоҳ, хитоб ба размандагони муқовимат гуфт: “Шумо ҳамаи миллатҳои араб ва мусалмонро сарбаланд кардед…” Окиф дар ин қазия он қадр алайҳи сарони араб ҳарф зад, ки саранҷом мавозеъи сареҳи вай, ҳассосияти кишварҳои арабӣ ва ҳукумати Мисрро барангехт. Ин масъала гоҳе мӯҷиби ихтилофоти дохилӣ дар Ихвонулмуслимин ҳам мешуд; чаро ки режими Миср ба ин баҳона, фишорҳоро бар Ихвонулмуслимин бештар мекард. Дар ниҳоят дар соли 2010 барои коҳиши фишорҳо бар Ихвон, Окиф аз раҳбарӣ канор рафт ва яке аз наздикони вай ба номи Муҳаммад Бадеъ ба ҷойи ӯ интихоб шуд.

Худованд ғариқи раҳмат ва мағфират намояд!

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: