Тазоҳуроти мухолифон дар дар Боку

Тазоҳуроти нерӯҳои мухолифи давлати Боку рӯзи шанбе дар майдони “Маҳсул”-и пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Дар ин тазоҳурот ҳаводорони эътилофи сиёсии нерӯҳои мухолифи давлат мавсум ба “Шӯрои миллӣ” бо меҳварияти ҳизби “Ҷабҳаи халқ”, ҳузур доштанд.

Дар ин тазоҳурот фаъолиятҳои иқтисодии давлат ва низ вуҷуди фасоди иқтисодӣ дар кишвар, мавриди интиқоди тазоҳуркунандагон қарор гирифта ва давлат ба адами иҷрои иқдомоти лозим барои беҳбуди вазъи иқтисодии мардум муттаҳам шуд.

Озодии зиндониёни сиёсӣ низ аз ҷумлаи хостаҳои мӯътаризон буд. Ин дар ҳолест, ки давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон иттиҳомот мабнӣ бар вуҷуди зиндониёни сиёсӣ дар ин кишварашро рад мекунад.

Расонаҳои вобаста ба давлат нерӯҳои мухолифро ба талош барои ба ҳам задани субот дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз тариқи баргузории ин тазоҳурот дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар муттаҳам карданд. Интихоботи риёсати ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Пулиси шаҳри Боку билофосила пас аз поёни ин тазоҳуроти эътирозомез тайи гузорише эълом кард, ки: “ин тазоҳурот дар як шароити ором ва бидуни ҳеч гуна харобкорӣ ва ҳифзи назми умумӣ баргузор шуд.”

Дар ин тазоҳуроти эътирозомез тасмим гирифта шуд, тазоҳуроти баъдии нерӯҳои мухолифи давлат 7-уми октябр баргузор шавад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: