Шарҳи Маснавӣ (214)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (40)

* * *

Тафсири “Мошоаллоҳу кона” (1)

* * *

Онқуравӣ гӯяд: “Тафсири ин ҳадиси шариф аст, ки ҳазрати Набӣ (с) фармуд: “Он чизе, ки Худо хост, шуд, ва он чиро, ки Худо нахост, нашуд.” (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.583)

Ин ҳама гуфтем, лек андар басич

Бе иноёти Худо ҳичем, ҳич.

Ин ҳама насиҳату ҳақиқатро гуфтем, вале барои он ки омодаи сафари роҳи Ҳақ шавем. Агар инояти Ҳақ Таъоло набошад, ҳечи маҳзем.

Бе иноёти Ҳақу хосони Ҳақ,

Гар малак бошад, сиёҳасташ варақ.

Бе инояти ҳазрати Ҳақ Таъоло ва бандагони хосси ӯ, агар фаришта ҳам, ки бошад, номаи аъмолаш сиёҳ аст.

Эй Худо! Эй фазли ту ҳоҷатраво,

Бо ту ёди ҳеч кас набвад раво.

Эй Худо, эй, ки фазли ту ҳоҷатҳоро раво мекунад ва соҳиби муродро ба мақсудаш мерасонад! Ҳаргиз раво нест, ки касе ҳамроҳ бо ту ёд шавад.

Нукта: Одамӣ дар ҳар мартибае, ки бошад, набояд ба камоли худ биболад, ки ҳамин болидан нишони суқути ӯст ба даракоти худбинӣ. Раҳоӣ аз худбинӣ фақат ба мадади Ҳақ ва таваҷҷӯҳи хоссони ӯ таҳаққуқ меёбад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.584)

Ин қадар иршод ту бахшидаӣ,

То бад-ин бас айби мо пӯшидаӣ.

Худовандо! Ин ҳама иршоду ҳидоятро ту додаӣ ва то ба ҳол хеле аз маъойибу нақсҳои моро пӯшондаӣ.

Қатрае дониш, ки бихшидӣ зи пеш,

Муттасил гардон ба дарёҳои хеш.

Қатраи донише, ки аз оғоз ба мо бахшидаӣ, он як қатраи донишро ба дарёҳои донишу маърифати худ муттасил кун! Яъне, илми ҷузъӣ ва маҳдуди моро ба илми бениҳоят муттасил фармо!

Қатрае илм аст андар ҷони ман,

Вораҳонаш аз ҳаво в-аз хоки тан,

Пеш аз он к-ин хокҳо хасфаш кунанд,

Пеш аз он к-ин бодҳо насфаш кунанд.

Пеш аз он ки хокҳо аз миён бибаранд ва пеш аз он ки бодҳо маҳваш намоянд, ин қатраи донише, ки дар руҳи ман аст, аз ҳаво ва хоки тан халосаш кун! Яъне илми моро ба нафсониёт олуда мафармо!

Хасф: ба замин фурӯ бурдан. Насф: биноро аз появу бунён кандан ва вайрон сохтан.

Гарчи чун насфаш кунад, ту қодирӣ,

К-иш аз эшон воситонӣ вохарӣ.

Гарчи вақте бодҳо он қатраи донишро маҳв кунанд, ту метавонӣ онро аз хокҳову бодҳо пасбигирӣ ва дубора харидораш бошӣ.

Нукта: Ин байт ва ду байъти баъдӣ дар баёни шумули қудрати илоҳист.

Қатрае, к-ӯ дар ҳаво шуд ё бирехт,

Аз хазинай қудрати ту кай гурехт?

Қатрае, ки ба ҳаво рафт ва ва маҳв шуд, ва ё худи он қатра ба хок рехт, аз ганҷхонаи қудрати ту кай мегурезад?

Гар дарояд дар адам ё сад адам,

Чун бихониш, ӯ кунад аз сар қадам.

Агар он қатра ба адам (нестӣ) дарояд ва ё сад бор маъдум шавад, ба маҳзи ин ки онро ба сӯи вуҷуд бихонӣ, он қатраи дониш, аз сар, қадам месозад. Яъне бо шавқ ба сӯи вуҷуд меояд ва ҳар сон, ки машиати ту хоҳад, он мешавад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.585)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: